Saturday, November 23, 2024
Без рубрики

«ОМӮЗГОРИ МУОСИР» ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН

Устодону омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!
Бо қаноатмандӣ ва хушнудӣ шуморо дар саҳифаҳои шумораи аввали нашрияи “Омӯзгори муосир” истиқобол менамоям.
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд. Дарвоқеъ, пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буду ҳаст ва мемонад. Вобаста ба ҳамин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:

»Пешаи омўзгорї муќаддастарин касби рўи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоќ ва ташаккули аќлонии инсон мањсули ранљу машаќќати омўзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрўзандаи машъали илму донишу тавоної омўзгор, муаллим ва устод аст.

Гузашта аз ин, бузургони илму адабамон низ дар тавсифу ситоиши омӯзгор ҳамчун раҳнамову роҳкушо суханҳои пурқимат гуфтаанд. Аз ҷумла, Камоллидини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид гашт, омӯзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омӯзгоронро дар ҷомеаи мо болотар намуда, талошҳои онҳо дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳо барои ҳамагуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои судманди падару модар ва ҷомеа, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи ташаббусҳоеанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд. Яке аз охирин иқдом дар ин самт аз 1 июли соли равон 40 дарсад зиёд шудани маоши омӯзгорон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамчунин, иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави таҳсил дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, суханрониҳо дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ боиси рӯҳбаландии аҳли маорифи кишвар мегардад.

Омӯзгорони муҳтарам!

Замони муосир дар назди ҳар нафари аҳли маориф талаботи навро мегузорад ва аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамқадами замон гардида, дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони забондону мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологии муосир ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем. Ҳамчунин, дар иҷрои нақшаҳои дарпешистода, аз ҷумла, сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофу таҳкими илмҳои бунёдӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» саҳми босазо гузорем.

Дар ҷаҳони муосир, ки дар зери таъсири пешрафти технологӣ босуръат тағйир меебад, навсозӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ҷанбаи калидии таъмини таҳсилоти босифат мебошад. «Омӯзгори муосир» барои табдил додани платформа барои мубодилаи таҷриба, ғояҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин дар байни муаллимони ҷумҳурии мо ва берун аз он пешбинӣ шудааст.

Мо мекӯшем, ки ҷомеаи мутахассисонеро эҷод кунем, ки омодаанд дониш ва малакаҳои худро омӯзанд, рушд диҳанд ва мубодила кунанд, то якҷоя ҷомеаи одилона ва шукуфон созем. Маҷаллаи «Омӯзгори муосир» масъалаҳои мубрами сиесати таълимӣ, усулҳои инноватсионии таълим, таҳқиқот ва дастовардҳоро дар соҳаи педагогика фаро мегирад ва барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим тавсияҳои амалӣ пешниҳод мекунад.
Ман боварӣ дорам, ки кӯшишҳои мо барои пайваста дастгирӣ ва рушди маҳорати касбии муаллимон ба беҳбудиҳои назаррас дар сифати таълим дар ҳама сатҳҳо оварда мерасонанд. «Омӯзгори муосир» барои яке аз воситаҳои муҳимтарини расидан ба ин ҳадаф пешбинӣ шудааст.

Бо ин ниятҳои нек, устодон ва омӯзгорони гиромӣ, ки бо заковату дониши баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати нашри маҷаллаи “Омӯзгори муосир” самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастовардҳои беназири эҷодӣ таманно дорам.

 

Раҳим Саидзода,
вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *