ВАЗИФАҲОИ МУШОВИРИ ДИРЕКТОР – дар фаъолияти худ бевосита тобеъ ва ҳисоботдиҳанда ба директори Марказ буда, дар самти мураттабсозии ҳуҷҷатҳо, қабули қарор ва фармоишҳо ва корҳои таълимию методӣ ба директори Марказ машварат медиҳад; – дар асоси Нақшаи кори солонаи Марказ нақшаҳои фаъолияти моҳонаи Марказ (масъалаҳое, ки аз ҷониби раёсату шуъбаҳо дар ҷаласаҳои шуроҳои методӣ ва назоратии назди директори Марказ баррасӣ мегарданд) таҳия намуда, барои тасдиқ ба директори Марказ манзур менамояд; – иљрои нақшаҳои кориро назорат намуда, љиҳати амалӣ гардидани Нақша – чорабиниҳои Марказ дар масъалаҳои мухталиф аз сардорони раёсат ва мудирони шуъба ҳисобот талаб менамояд; – дар асоси пешниҳоди ҳисоботи сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳо ҳисоботи се моҳа, шаш моҳа, нӯҳ моҳа ва солонаи Марказро омода намуда, ҷиҳати такмили он аз масъулин маълумоти иловагӣ ва асоснок талаб мекунад; – рӯзномаи ҷаласаҳои назди директор (аз ҷумла назоратӣ) ва Шурои методиро тайёр намуда, дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Марказ иштироки даъватшудагонро таъмин месозад; – иљрои қарорҳои қабулнамудаи љаласаҳои назди директор (аз ҷумла назоратӣ) ва Шурои методиро зери назорат мегирад ва ба директори Марказ мунтазам ахборот манзур менамояд; – протоколи љаласаҳои васеи кормандон, назди директор (аз ҷумла назоратӣ) ва Шурои методиро таҳия намуда, дар протокол ва нусхаҳои дуюми қарорҳои қабулгардида ба сифати котиб имзо мегузорад; – доир ба масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таклифу пешниҳод манзур менамояд; – директори Марказро дар сафарҳои хизматӣ вобаста ба муҳиммияти масъалаҳо ҳамроҳӣ мекунад; – дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ иштирок мекунад; – семинару машварат ва дигар чорабиниҳои марбут ба соҳа дар сатҳҳои гуногун иштирок менамояд; НАВРӮЗОВ ҲАМЗАҚУЛ АҲРОРҚУЛОВИЧ мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми марти соли 1959 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Тоҷик, маълумоташ олӣ. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ихтисос омӯзгори фанни забони франсавӣ. Соли 1976 мактаби миёнаи умумии №13-и деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии вилояти Суғдро хатм кардааст. Соли 1981 шуъбаи забони франсавии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т,Г.Шевченкоро хатм кардааст. Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (математика-информатика) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 1981 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи умумии №21-и шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Солҳои 1984 – 1994 ба ҳайси омӯзгори фанни забони франсавӣ, забони русӣ ва алифбои ниёгон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Аз 01 соли 1994 то 02 соли 1994 дар муассисаи таҳсилоти умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун муовини директор оид ба таълим кор кардааст.Аз 03.1994 то 07 соли 2000 –ум директори муассисаи таҳсилоти умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст. Аз 08 соли 2000 то соли 04.2014 дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз 04 соли 2014 то 01 соли 2019 дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба ҳайси сармутахассис ва баъдан сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2020 то 03 соли 2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 07 соли 2022 то имрӯз дар вазифаи мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.