Saturday, May 18, 2024

СОЛҲОИ 2020-2040 – «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ»

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллиро ба амал оварда дар зиндагии мардуми кишвар осоиштаги ва падидаҳои некро ба миён гузошт. Маориф, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва калидӣ дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат эълон шудааст ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ба стандатртҳои байналмилалӣ ҷавобгў гардонида шуд. Сохтмони садҳо
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯдакистон, литсею гимназияҳои наву замонавӣ бо тарҳу намои зебо, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо техникаву техналогияи муосир ва таъмини шароити зарурӣ барои муҳассилин далели ин гуфтҳо мебошад. Чунин шароит ва дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат боис шуд, ки ҳамасола садҳо нафар хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриви ва байналмиллалӣ иштирок намуда соҳиби диплому ифтихорномаҳо гарданд ва обруву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоранд. Ба хотири ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ будани он, зарурати таҳия ва қабули барномаву стратегияҳо пайдо гардид, ки яке аз онҳо Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии қабули Барномаи мазкур ин дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо истифода аз асбобҳои айёнӣ иҷрои амалии корҳои озмоишӣ, ки бо мақсади мустаҳкамкунии дарс ба роҳ монда мешавад, инчунин, ташкил ва гузаронидани тадқиқоти фардӣ ва гурӯҳӣ, пайдо кардани иттилоот оид ба дастовардҳои илмӣ ва техникии замони муосир, маълумоти муосир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.
Донистан ва пешниҳод намудани маълумоти фарогир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ бо истифода аз асбобҳои айёнӣ, маълумоти муосир оид ба сохти олами зинда, системаи офтобӣ бо ёрии асбобҳои айёнӣ, донистан ва пайдо кардани тасаввурот оид ба олами атроф, сохти илмҳои табиатшиносӣ бо роҳи технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, мушкилоти умдаи инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ, алоқамандии инсон ва системаи экологӣ дар миқёси масъалаҳои ҷаҳонишавии инсоният, мавқеи илмҳои табиатшиносӣ дар ҷамъияти инсонӣ, тарбияи эстетикӣ ва маънавии хонандагон аз ҳадафҳои дигари Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Амалӣ гардидани Барнома, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табийи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ташкил менамоянд, ба тараққиёти илму техника то як андоза тавонист, мусоидат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба масъалаҳои саноатикунонии давлат, истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт диққати махсус дода, ба ин васила сатҳи зиндагии аҳолиро зина ба зина баланд мебардорад. Бо назардошти ҳамаи ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузошта шуд, ки фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ рушду тақвият ёбанд. Бо ин мақсад дар мамлакат «Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуда, мавриди татбиқ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод, бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияи замонавӣ дар љаҳони муосир ҳељ љомеа наметавонад, ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро таъмин намояд. Асри 21 асри илм ва технология дониста шуда, дар замони љаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати муносибатҳои иљтимоию иқтисодӣ танҳо мутахассисони љавобгўи бозори меҳнат ва соҳибкасб метавонанд, дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар як давлат саҳми бориз дошта бошанд. Миллати тоҷик фарзонагон, олимону донишмандон, кайҳоншиносон ва ҷаҳоншиносонеро аз қабили Шайхурраис ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, ҳаким Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва садҳои дигар аз машоҳир ва абармардони илму маорифу фарҳангро ба дунё зода ҳадя намудааст, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърихи олами тамаддун бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии роҳбари дурандешу хидарддӯст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маорифу илми мамлакат рушд намуд ва барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва донишандӯзии ҷавонону наврасон макотиби миёнаву олӣ имконияту шароити мусоид фароҳам карда шуд. Бо истифода аз ин имкониятҳо наврасону ҷавононро мебояд, ки барои аз худ намудани донишҳои наву замонавӣ талош намоянд. Насли имрўз бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ омўхта, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшида шавад.
Дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забономӯзии насли наврас низ аз масъалаҳои муҳим мебошанд, зеро сатҳу сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, ин имкон медиҳад, ки соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардад. Бояд гуфт, ки ояндаи ободии Ватан ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Илму дониш дар байни тољикон аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанду мегузоранд. Бо истифода ва пайравӣ аз ин суннатҳои неки гузаштагон аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода намуда, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли наврасу ҷавон бояд таҳким бахшида шавад.
Ҳамин тавр, беҳтаршавии сифати таълим дар макотиби миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама ташкил кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ, касбу ҳунар ва география вобастагӣ дорад. Бе таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагонро сифатнок ташкил кардан ғайри имкон аст.