“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” – САБҚАТЕ, КИ ДАР ОН КАСЕ МАҒЛУБ НАМЕШАВАД!
Барои такмили тафаккур, рушди шахсият ва бедорсозии зеҳн воситае беҳтар аз китобхонӣ нест. Китоб муъҷизаест, ки шабеҳи офтоби зарфишон бо нурҳои зархамаш ба олами дилҳо нуру зиё мебахшад. Соли панҷум аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба китобхониву донишандӯзӣ ва ба ин васила тарғиби васеи илму фан дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.
Чун анъана имсол низ тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур хеле дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гашта истодааст, ки бешубҳа аз самараи меҳнати масъулони он гувоҳӣ медиҳад. Қобили қайд аст, ки ҷиҳати ташкилу баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Вазорати маориф ва или Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули баргузории он тадбирҳои судманд андешида, дар баланд гардидани нуфузи озмун байни аҳолӣ фаъол мебошад. Ҳамзамон, бо мақсади таъмини шаффофияти рафти баргузорӣ ва арзёбиву баҳогузорӣ ба донишу маҳорати ҳар иштирокчӣ кори комиссияи аппелиятсионӣ бениҳоят дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бо истифода аз имконоти техникӣ ҳар муроҷиати иштирокчиёни озмун ба таври воқеъбинона ва шаффоф мавриди баррасиву корбарӣ қарор мегиранд.
Нуктаи ҷолиб ва шарҳталаб аст, ки аз аввал ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба худ ҷалб намуда, соҳаи маориф ва фарҳанги кишвар, ҳамзамон тафаккури мардумро ба самти пеш такон дод. Ҳамин аст, ки акнун аксарият на танҳо ғолибият дар ин озмун, балки иштирок дар онро низ боиси ифтихору сарфарозӣ медонанд. Иқдоми мазкур, албатта, бесобиқа нест ва қаблан ҳам Ҳукумати кишвар барои баргузории чунин озмунҳо иқдом намуда буд, аммо шуҳрату шукуҳи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо сабаби чанд нуктаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғоявӣ мутафовит аст:
1. Шукуҳу шаҳомати Озмун. Ин озмун ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне шуҳрати “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз шуҳрати Пешвои миллат маншаъ гирифта, озмун ва худи он бо ном ва иқдомоти Ҷаноби Олӣ пайвастагӣ дорад. Аз онҷо, ки мактаби донишварӣ, сиёсат ва инсонияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, мардум ба ҳар як амалкарди ин марди наҷиб эътимоди комил дорад.
2. Сатҳи баланди Озмун. Раванди баргузории озмунро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назар доранд. Сарвари давлат борҳо аснои суханрониҳояшон лаҳзаҳои баргузории озмунро ёдовар шуда, фаъолони онро ба осонӣ шинохтанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки баргузории озмуни мазкур аз аввал то охир зери назорати роҳбари давлат қарор дорад.
3. Муаррифии истеъдодҳои нав. Пешвои миллат ҳар як иштирокчии озмунро эътироф мекунанд. Озмуни мазкур иқдомест, ки аз миёни насли наврасу ҷавон беҳтаринҳо ва ашхоси сазовори дастгириҳоро муайян мекунад. Ҳатто, ҳангоми яке аз мулоқотҳояшон бо ҷавонон Ҷаноби Олӣ сухани барандаи шоҳҷоизаи озмун дар соли 2020 – Раъно Насриддиноваро, ки мехост худашро муаррифӣ созад, бурида, таъкид карданд: “Медонем, мешиносем, дӯстат медорем!” Чунин сухан нишони боризи эътироф аст, ки ҳар як нафар хостори шуниданаш аст.
4. Дастрасӣ ва иштироки озод дар Озмун. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмунест, ки барои ҳар як қишри ҷомеа баробар озод ва дастрас мебошанд. Ҳануз аз синни хурдсолӣ имкон дода шудааст, ки кӯдакони соҳибистеъдод ва болаёқат дар Озмун иштирок намуда, қобилияти худро муаррифӣ намоянд. Яке аз ҷиҳатҳои дигари ҷолиби диққати озмун ин аст, ки ҳар хоҳишманд, ҳатто аз дурдасттарин деҳаи кишвар низ имконияти иштирок карданро дорад ва ҳамаи шароитҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои онҳо фароҳам оварда шудаанд. Кушоду равшан ва бо иштироки чеҳраҳои саршинохти кишвар баргузор кардани озмун, инчунин инъикоси пурраи рафти он тариқи васоити ахбори омма шаффофияти онро таъмин намуда, эътимоди мардумро ҷалб кардааст. Ба ибораи дигар, ҳар як иштирокчии озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ мегардад ва маҳорати онро натанҳо аъзои ҳакамон, балки тамоми сокинони кишвар арзёбӣ мекунанд.
5. Афзалиятҳои Озмун. Озмун ба беҳтарсозии вазъи иҷтимоии зиёиён нигаронида шудааст. Ҳадяи молие, ки дар даври ниҳоии озмун ба ғолибон аз ҷониби Ҳукумати кишвар, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба ғолибони даври минтақавӣ супорида мешавад, дар шароити мавҷудаи иқтисодӣ барои ҳалли ҷумлаи каму костиҳои таъминоти моддӣ ё сохтани манбаи иловагии даромад кифоягӣ мекунад. Ин дастгирӣ чораест, ки зиёиён вақти худро сарфи корҳои нисбат ба илму маориф сердаромадтар накарда, неруи бештари худро ба такмили донишҳои худ ва саҳмгузорӣ дар таъмини рушди соҳаи барои кишвар муҳим сарф мекунанд.
6. Имкониятҳои Озмун. Ғолибият дар озмун имкониятҳои бузург дорад. Пӯшида нест, ки ғолибони озмун мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ба онҳо як қатор имкониятҳо, аз ҷумла идома ва беҳсозии кору таҳсил, пешниҳод мегарданд. Сарвари давлат борҳо дар ҳузури ом ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ додаанд, ки ғолибони озмунро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд. Ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза, ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ мебошанд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.
7. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мафкурасоз аст. Яъне, иқдомоти дар зарфи ин солҳо дар доираи баргузории озмун татбиқ гардида, ба он мусоидат мекунанд, ки нуфузи ашхоси китобхон баланд гардида, дар ҷомеа аз эҳтироми боз ҳам бештар бархурдор мегарданд. Табиист, ки насли наврас ба ашхоси бонуфуз пайравӣ мекунанд.
8. Эътимод ва эътирофи Озмун. Амалияи соли панҷуми ташкил ва баргузории Озмун шаҳодат аз он медиҳад, ки шеваи баргузории он эътимодбахш буда, шаффофиати он дар сатҳи баланд таъмин гардидааст. Пурра сабт гардидану тариқи телевизион пахш гардидани рафти баргузории озмун гувоҳӣ аз он медиҳад, ки кулли сокинони мамлакат аз донишу маҳорати ҳар иштирокчӣ ба таври воқеӣ огаҳӣ пайдо менамояд. Иштирокчиёни Озмун ва аҳли ҷомеа бешубҳа шаффофияти раванди баргузории онро эътироф намуданд, ки боз обрӯву нуфузи озмунро байни аҳолӣ меафзояд.
9. Дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” касе мағлуб намешавад. Яъне, ҳатто агар иштирокчӣ дар озмун ғолиб наояд ҳам, медонад, ки иштирок дар он ва мутолиаи китобҳо барояш манфиатбор буд ва донишҳои андухтааш дар зиндагӣ барояш раҳнамо мегарданд.
Ҳамин тариқ, назари коршиносон ва ҷомеа ба баргузории озмун ва натиҷаҳои он комилан мусбӣ буда, онро дар шароити печидаи вазъи таълиму тарбия воситаи муҳимми ҷалби на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми ҷомеа ба омӯзишу худтакмилдиҳӣ дониста мешавад.
Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор дошт, китобдору китобхон буд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корномаҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштааст”.
Дар умум, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сабқатест ба манфиати давлат ва миллат ва вежагии озмуни мазкур ин аст, ки касе дар он мағлуб намешавад, зеро ҷавҳари озмун андӯхтани дониш аст ва ҳар касе дониш андӯхтааст, ғалабаи бузурге ба даст овардааст!
Асҳобиддини ШЕРАЛӢ,
директори Литсей барои хонандагони болаёқат
дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои педагогӣ