Салмонов Бурҳон
Мудири шуъбаи табъу нашри Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 майи соли 1954 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос.Филолог. Омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик.
Соли 1970 мактаби миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Ҷайҳунро хатм кардааст. Соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Душанберо (ҳоло ба номи С. Айнӣ) хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 ба ҳайси наттоқи Радиои Тоҷикистон шуруъ намудааст. Солҳои 1979-80 дар мактабҳои №4-2 ноҳияи Ҷайҳун ба ҳайси омӯзгори забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кор кардааст.Соли 1981 хидмати кутоҳмуддати аскариро дар Округи низомии Туркистон (шаҳри Тошканд) ба анҷом расондааст. Ҳамзамон солҳои 1981-1983 дар идораи рӯзномаи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷайҳун ба кори рӯзнома машғул будааст. Солҳои 1983-1985 хидмати башардӯстонаро дар Афғонистон анҷом додааст. Солҳои 1986-90 дар рӯзномаи “Пахтакор” фаъолият анҷом дода, соли 1990 ба маҷаллаи “Хорпутак” ба кори доимӣ гузашта ва то соли 2004 дар ҳамин маҷалла кор кардааст. Соли 2004 ба ҳафтавори “Минбари халқ” ба кор даъват шуда, то соли 2012 дар ҳамин нашрия ба ҳайси муҳаррири масъул кор кардааст. Соли 2012 ба нашриёти “Маориф”ба кор даъват шуда, то соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи адабиёти кӯдак кор кардааст. Аз соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи табъу нашри МҶТМ кор мекунад.