УЛФАТОВ МУНИСШОҲ МУРОДОВИЧ
Мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ
10-уми июни соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос равоншинос, психолог.
Соли 2021 Мактаби миёнаи умумии №14-и шаҳри Ҳисорро хатм кардааст. Соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2016-2018 зинаи магистратураро хатм кардааст. Соли 2022-2024 доктор PhD-и Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси равоншинос дар муассисаи миёнаи умумии №14-и шаҳри Ҳисор аз сол 2016 – 2018 оғоз кардааст. Солҳои 2018 – 2021 ба ҳайси сармутахассис-масъули кадри Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2019-2021 ба ҳайси омӯзгори фанни психология дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ фаъолият кардааст. Солҳои 2021-2022 мутахассиси раёсати корҳои таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор кардааст. Солҳои 2022-2024 ҳамчун танзимгари раёсати корҳои таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2025 то ҳол мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.