КАРИМЗОДА ШАВКАТ КАРИМ Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми августи соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои педагогӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мукофотҳои давлатӣ медали “Хизмати шоиста” сафароз гардонида шудааст. Ихтисос ҳуқуқшинос, омӯзгори фанни математика-информатика Соли 2004 Мактаби миёнаи умумии №60-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Соли 2011 Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Россияро хатм кардааст. Соли 2015-2016 курсҳои омӯзишии Академияи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Федератсияи Россияро хатм кардааст. Соли 2017-2021 унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Соли 2021 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (математика-информатика) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи умумии №60-и шаҳри Душанб аз сол 2004 – 2006 оғоз кардааст. Солҳои 2007 – 2008 ба ҳайси омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №86 фаъолият кардааст. Солҳои 2004-2008 ба ҳайси ташкилотчии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 2008-2010 ба ҳайси омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва мутахассиси уассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” кор кардааст. Солҳои 2010-2011 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” кор кардааст. Солҳои 2012-2013 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №67, ба ҳайси омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ кор кардааст. Солҳои 2011-2022 ба ҳайси директои Муассисаи давлатии “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” кор кардааст. Солҳои 2018-2021 ҳамчун мутахассиси таҳияи маводҳои имтиҳонӣ аз фанни ҳуқуқи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2021-2023 ҳамчун директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” кор кардааст. Солҳои 2023-2024 дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Душанбе ба ҳайси директор кор кардааст. Аз 19 июли соли 2024 то ин ҷониб директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон