ЗАРИФЗОДА НАСИМ НУРУЛЛО
Сардори Раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдидипломӣ)
10-уми майи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос иқтисодчӣ, Унвонҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2021 бо «Сипосномаи»-и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе, соли 2022 бо «Ифтихорнома» №1315 Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 «Сипоснома»-и муовини вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 бо «Ифтихорнома»-и ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» соли 2024 бо «Сипосномаи»-и Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 бо «Ифтихорнома»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2010 Мактаби миёнаи умумии №128-и шаҳри Ҳисорро хатм кардааст. Соли 2010-2014 донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Соли 2015-2017 Магистранти Дошикадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Соли 2017-2018 Сармуахассиси шуъбаи хоҷагидори Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон. Соли 2018 Сармутахассиси филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Соли 2019 мудири шуъбаи таълими филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Аз 03.03.2024 то 05.05.2024 и.в директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе Соли 2022 -2024 Муовини директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Аз 2 январи соли 2025 Сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.