РАЁСАТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ, МИЁНАИ УМУМӢ ВА ИЛОВАГӢ
Раёсат масъалаҳои такмили шакл ва усулҳои таълим, тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба ҳамаи омӯзгорон, омӯзиш ва расонидан ёрии амалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии ҷумхурӣ дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия, аз худ кардани стандартҳои давлатии таҳсилот, назорати рафти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ибтидоӣ, иловагӣ ва расонидани кўмаки методӣдар ин самт, омўхтан ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии муассисаҳои таълимии шаҳр, ноҳияҳо, кабинетҳои методии муассисаҳои таҳсилотитомактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, сарфи назар аз шакли ташкилиюидорӣ, назорат, санҷиш ва омўзиши ҳолати корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои томактабӣ умумӣ ва иловагӣ, расонидани ёрии методӣ ба онҳо ва дигар самтҳои хадамоти методиро таъмин менамояд.
ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТ
Раёсат бо мақсади пеш бурдани фаъолияти таълимию методӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва таҳлилию тадқиқотӣ дар соҳаи маориф вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-фароҳам овардани низоми ягонаи таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-мониторинг ва такмили сифати кори таълиму тарбия, тайёрии касбии мутахассисон тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ваиловагӣ, назорат, санҷиш ва омӯзиши ҳолати корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ваиловагӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба онҳо;
-такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳа тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, таъмин намудани ёрии методӣ ба кори хадамоти методии Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо;
-расонидани ёрии амалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия, комёбиҳои илму техника, таҷрибаи педагогӣ, такмили сифат ва самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, тайёрии касбӣ, амалӣ намудани таъминоти маҷмуии таълимию методӣ, ташхис намудани стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-сари вақт шинос намудани кормандони соҳаи маориф бо навовариҳои соҳа, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастовардҳои муосири илми педагогика, равоншиносӣ ва донишҳои соҳавӣ;
таҳияи асосҳои илмӣ-методӣ ва ташкилию методии ҷорӣ намудани шаклҳои самараноки таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва масоили дигари марбут ба таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ.
мусоидат намудан ба татбиқи самарабахши ислоҳоти соҳаи маориф дар самти таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ.дастгирии фаъолияти хадамоти методӣ дар назди раёсату -шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои миллӣ;
-омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва ташвиқу тарғиби он дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбия ва маҳорати касбии омӯзгорон;
-ташкил ва мутобиқ намудани фаъолият оид ба такмили мазмуну мундариҷаи таълим, зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, иштирок намудан дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва такмил додани заминаи таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дар ҳамкорӣ бо шуъбаи таҳия, нашр, ташхис ва таъмини корҳои илмӣ-методии Марказ мураттаб ва дастрас намудани тавсияҳои методӣ, саволномаҳои аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, адабиёти педагогӣ ва дигар аёнияту дастурҳои таълимию методӣ дар самти фаъолияти таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
-мутобиқ ва ҳамоҳангсозии корҳои методию таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
-омӯзиш ва таҳлили фаъолияти марказу кабинетҳои методии Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти расонидани кумаки методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия;
-ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои методӣ, аз қабили конференсия, хонишҳои педагогӣ, семинару машварат ва ғайра дар самти таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
таъмини роҳбарии илмию методии фаъoлияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ва ташкили худомӯзии кормандони онҳо;
-таҳия ва ба чоп омода намудани дастурҳои таълимию методӣ, барнома ва воситаҳои айёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
-дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурҳои таълимию методӣ;
-иштирок дар санҷишҳои маҷмуӣ, аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ва дигар намуд санҷишҳо дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он;
-таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ.
-ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиби корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ;
-ташкил намудани бонки иттилоот оид ба хадамоти методӣ;
-роҳбарии ташкилию методӣ дар амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
расонидани кумаки методӣ дар таҳияи нақшаҳои кори марказу кабинетҳои методӣ, иттиҳодия ва шуроҳои методии муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
-ташкилу рушди хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо;
тақвият ва такмил додани таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон;
-иштирок дар раванди аз аттестатсия гузаронидани кормандони кабинетҳои методии Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо;
-ройгон ва пулакӣ расонидани ёрии таълимию методӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ, стандартҳои тахассусӣ ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ);
-ҳамоҳанг намудани корҳои методии муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
-омӯзиш ва расонидани ёрии амалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия, аз худ кардани стандартҳои давлатии таҳсилот;
-ташкил, мутобиқсозӣ ва назорати системаи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии ҷумҳурӣ бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, шароити -иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои миллӣ.
-такмили мазмуну мундариҷаи таълим бо истифода аз методу усулҳои фаъол ва технологияи инноватсионӣ;
-омӯзиш ва таҳлили рафти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ дар таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ, инчунин, расонидани кумаки методӣ дар ин самт;
-омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба кабинетҳои методии Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва тайёр намудани -дастурҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои таълимию методӣ;
-барои нашри пашниҳод намудани китобу дастур, барнома, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-омӯзиши вазъи фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо;
-сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ бо маводи зарурии таълимӣ ва расонидани кумаки методӣ дар самти ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ;
-тартиб додан ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаи кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати омӯзиши фаъолияти хадамоти методӣ ва нақшаи дурнамои рушди корҳои методӣ;
-расонидани ёрии методӣ ба фаъолияти Сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва пешниҳоди маводи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти омӯзиши фаъолияти хадамоти методии Сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба роҳбарияти Марказ;
-омӯзиш ва амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир, методикаи таълими фанҳо, ки ба инноватсия, технологияи педагогӣ ва хадамоти методӣ;
-ба роҳбарияти Марказ пешниҳод намудани маълумоти таҳлилӣ оид ба вазъи корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ҷумҳурӣ.
Самтҳои фаъолияти Раёсат:
-ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, иловагӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф тавассути -истифодаи усулҳои интерактивии таълим, ки ба рушди тафаккури эҷодӣ нигаронида шудаанд;
-таҳияи нақшаҳои намунавии таълимӣ, барномаҳо, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ ва меъёрии соҳаи маориф бо назардошти муттасилӣ ва пайдарпайии барномаҳои таълимӣ;
-сайқал додани малакаву маҳорати касбӣ ва салоҳиятҳои асосии ҳайати роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, иловагӣ ва кормандони соҳаи маориф;
-дар ҳамкорӣ бо шуъбаи технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионии Марказ ташкил ва гузаронидани семинарҳои таълимӣ, тренингҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати мақсаднок дар самти таҳия ва такмили барномаву нақшаҳои таълимӣ, ташаккули салоҳияти истифодаи самараноки технологияҳои пешрафтаи педагогӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, шабакаи ҷаҳонии иттилоотии Интернет;
-баррасии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи маориф, ки аз ҷониби дигар муассисаву ташкилотҳо пешниҳод карда мешаванд ва омода намудани хулосаҳо оид ба онҳо;
-ташкили чорабиниҳои таълимиву маърифатӣ дар асоси дархост ва ниёзҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-таҳия ва ирсоли пешниҳод ва таклифҳо ба директори Марказ вобаста ба рушди соҳаи маориф;
-омӯзиш ва татбиқи навовариҳои аз ҷиҳати илмӣ асосёфта дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи байналмилалӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда;
-тарғиби пайвастаи таҷрибаи педагогии кормандони педагогӣ оид ба самаранок ташкил намудан ва гузаронидани дарсҳои босифат;
-ҷалби кормандони Раёсат оид ба гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар вазифаи хизматии онҳо;
-гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои таҳкими малакаҳои роҳбарон ва ҳайати кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ оид ба ташкил ва -назорати корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва маънавию маърифатӣ ва арзёбии сифати таълиму таҳсилот;
-таҳияи ҳуҷҷатҳои меъерӣ-методӣ ва такмили заминаи таълимӣ-методӣ оид ба ҷорӣ намудани шаклҳои муосир ва самарабахши таълим дар самти ташкили омӯзиши омехта, фосилавӣ, инфиродӣ ва худомӯзии кормандони соҳаи маориф;
-татбиқи технологияҳои пешрафтаи педагогӣ, таҳияи маҷмӯаҳои муосири таълимӣ ва методӣ ва таъмини дидактикии раванди таълим ва тарбия барои муассисаҳои таълимӣ;
-гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ оид ба такмили низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ;
-гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои стратегияи таълим, рушди низоми маориф, истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълим, ташаккули малакаҳои муосири -идоракунӣ, ҳавасмандгардонии кормандонии педагогии муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиш ва аз худ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ;
-хизматрасонии таълимӣ ва таълимию методии пулакӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
-иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-методӣ;
ташкил ва гузаронидани мастер-классҳо бо даъвати мутахассисони пешқадам, ки ба сатҳи баланди касбӣ ноил гардидаанд;
-амалӣ намудани фаъолияти экспертӣ ва баҳодиҳӣ, аз ҷумла хизматрасонӣ оид ба экспертизаи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва дигар лоиҳаҳои таълимӣ, барномаҳо, тавсияҳо, дигар ҳуҷҷатҳо;
-иҷрои корҳои таҳлилӣ, анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои фаъолияти тадқиқотӣ,
-омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадми педагогии омӯзгорон;
-иштирок дар гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ дар соҳаи маориф ва илм, инчунин гузаронидани назарсанҷиҳо
-иштирок дар гузаронидани конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, семинарҳо, машваратҳо ва дигар форумҳои илмӣ-амалӣ.
-таҳия ва нашри маводи таълимӣ, дастурҳо, маҷаллаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва маърифатӣ;
-ба роҳ монадани кӯмаки машваратии равонӣ-педагогӣ ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф;
НОДИРОВ БОЙ ЮСУФОВИЧ
САРДОРИ РАЁСАТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ, МИЁНАИ УМУМӢ ВА ИЛОВАГӢ
20-уми декабри соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ихтисос омӯзгори фанни физика ва математика
Соли 1979 Мактаби миёнаи умумии №5-и деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғдро хатм кардааст. Соли 1979 Институти давлатии омӯзгории ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд)-ро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1984 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи умумии №12-и ноҳияи Илич (ҳоло Хуросон) оғоз кардааст. Солҳои 1984-1986 ба ҳайси омӯзгори фанни физика ва математикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Илич фаъолият кардааст. Солҳои 1986-1988 аввал мушовир ва баъдан ба ҳайси нозири шуъбаи маорифи ноҳияи имрӯза Хуросон фаъолият кардааст. Солҳои 1988-1989 ба ҳайси омӯзгори фанни физика ва метематикаи мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Хуросон ва солҳои 1989-1994 ба ҳайси нозири шуъбаи маорифи ноҳияи имрӯза Хуросон кор кардааст. Солҳои 1994-1996 дар вазифаи ташхисгар-технологи заводи пахтатозакунии Уяли, ноҳияи Хуросон кор кардааст. Солҳои 1996-1999 муаққатан бекор ва солҳои 1999-2012 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ФР буд. Аз соли 2012 то соли 2018 омӯзгор, муовини якуми директори муассисаи таҳсилоти умуми №10-и ноҳияи Хуросон кору фаъолият намудааст. Дар солҳои 2018- 2019 сармутахассис ва дар солҳои 2019-2022 ба ҳайси мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият дошт.Аз 02 январи соли 2025 ба сифати сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ фаъолият дорад.