САЙДАЛИЕВ ХУРШЕД АМИРХОНОВИЧ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори фалсафа (PhD) дар иқтисодиёт, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ихтисос технология ва низоми иттилоотӣ Соли 2010 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро хатм кардааст. Соли 2014 (зинаи бакалавр) Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2016 (зинаи магистратура) Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2019 (зинаи доктори фалсафа (PhD)) Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2020 курсҳои такмили ихтисос дар Донишкадаи рушди маорифи вилояти Иваново аз рӯи барномаи иловагии касбии «Менеҷмент дар соҳаи маориф»-ро гузашта, соҳиби шаҳодатномаи ин донишкада гардидааст. Ҳамчунин, соли 2023 дар курсҳои такмили ихтисоси Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар доираи барномаи иловагии касбии «Ҳукумати рақамӣ» фаъолона иштирок намуда, соҳиби шаҳодатномаи ин академия гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси мутахассиси раёсати таълим оид ба магистратураи Донишгоҳи давлатии молия ва иқисоди Тоҷикистон аз сол 2015 – 2017 оғоз кардааст. Соли 2017 ба ҳайси сардори раёсати таълими Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 2018-2022 ба ҳайси омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтиосос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф фаъолият кардааст. Солҳои 2022-2024 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ – дотсенти Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз оғози соли 2025 то ин ҷониб муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодааст.