СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз кишвари мо дар марҳалаи нави ислоҳот қарор дошта, мутобиқи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои густурда амалӣ гашта истодаанд, ки тибқи он ҳадафи олии он рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Албатта, ноил гардидан ба ин ҳадафҳо ва дар қатори кишварҳои пешрафтаи муосири ҷаҳон мавқеи арзанда пайдо кардани мамлакати мо, пеш аз ҳама ба рушди илму маориф ва дар ин замина тарбия намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ вобаста мебошад, чунки агар мо ба сифати омода намудани кадрҳои ояндасоз таваҷҷуҳ зоҳир накунем, сатҳи касбии онҳоро баланд набардорем ва онҳоро бо маълумоти мукаммали замонавӣ мусаллаҳ насозем, рушди устувори ояндаи кишварро таъмин карда наметавонем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди нерӯи инсонӣ ва умуман ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода мешавад, зеро омӯзгорон аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар мамлакат барои самаранок гардонидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тамоми тадбирҳои муассир амалӣ гашта истодаанд. Муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқии соҳаи маориф, сохтмон ва таъсисёбии муассисаҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, муҳайё намудани шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор таҳти назорату ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 аз ҷумла омадааст, ки «Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд».
Дар ин замина тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, дар назди соҳа вазифаҳои басо муҳим вобаста ба таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияи муосири таълим, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ гузошта шудаанд, ки аз амалишавии онҳо рушди минбаъдаи давлат сахт алоқаманд аст.
Айни замон, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа ва навсозии низоми маориф консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст. Ин аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат маҷмуи тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд, аз ҷумла бо дарназардошти талаботи муосири рушди илму техонлогия китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ таълиф ва чоп гардиданд, пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет имкон фароҳам овард, ки омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода намоянд. Инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.
Муҳайё сохтани шароити мусоиди таълимиву тарбиявӣ ва гузариш ба низоми таҳсилоти рақамӣ, ки маҳз дар даврони Истиқлол шуруъ гардидааст, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд. Ҳоло дар соҳаи маориф татбиқи стандартҳои нави таълимӣ идома дошта, таълими хонандагон дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим ба роҳ монда шудааст, ки он дар навбати худ зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш, мунтазам гузаштан аз такмили ихтисос ва тақвияти малакаву маҳорати касбии омӯзгорон, таҳияву таълифи насли нави китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимиро тақозо менамояд. Ҳамзамон, ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ муаллифони онҳоро зарур аст, ки қаблан аз назари омӯзгорони пуртаҷриба, мутахассисон ва муҳаррирон гузаронида, баъди санҷидан дар мактабҳои таҷрибавӣ ба нашр тавсия намоянд.
Дар ин раванд баланд бардоштани сифати курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон хеле муҳим буда, шинос намудани онҳо бо усулҳои фаъоли таълим, методҳои нави таълиму тарбия, азхудкунии техника ва технологияҳои замонавӣ ва меъёрҳои салоҳиятнокии касбии ҳар як фанну ихтисос ҳатмӣ мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки он, ки омӯзгорон дар назди хонандагон масъулияти баланд доранд, онҳо бояд ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалӣ намудани ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф айни замон диққати махсусро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ равона сохтааст, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ташаккули ҷаҳонбинии муосири хонандагон шарти зарурии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Боиси тазаккур аст, ки таълими босифати фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи хонандагонро қавӣ гардонида, майлу рағбати онҳоро ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкориву моделсозӣ бештар мегардонад ва барои интихоби огоҳонаи касбу ихтисосҳои равияи техникиву технологӣ, ки ба иқтисодиёти миллӣ заруранд, мусоидат менамояд. Дар самти касбинтихобкунии хонандагон омӯзгор нақши калидӣ дорад, чунки маҳз омӯзгор аст, ки хонандагонро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд ва аз ин хотир дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шуда истодааст. Бо назардошти ин омил Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд, ки “Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад” ва “Ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд”.
Аз ин лиҳоз, омӯзгори муосир бояд дар касби хеш соҳибихтисос бошаду на танҳо таълим диҳад, балки худаш низ омӯзад, яъне пайваста худомӯзӣ намуда, малакаву маҳорати касбиашро боло барад ва мунтазам сатҳи донишашро такмил диҳад. Муҳимтар аз ҳама, омӯзгор бояд барои хонандагони худ намунаи олии ватандӯстиро таҷассум намояд ва шогирдони худро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд, зеро омӯзгороне, ки дар дилашон меҳру муҳаббат ба Ватан, садоқат ба касбу кори худро дар баландтарин мартаба ҷой доданд, шогирдон-ватандӯстони ҳақиқиро ба воя мерасонанд. Давлат низ дар навбати худ имрӯз ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати касби омӯзгорӣ дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ба таври мисол қайд намудан бамаврид аст, ки аз соли 2000-ум то соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф беш аз 100 баробар зиёд карда шудааст ва танҳо дар се соли охир (солҳои 2020-2023) пайдарҳам дар умум ба андозаи 55% зиёд карда шудааст, ки аз дастгириҳои бесобиқаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба омӯзгорон ва аҳли маориф гувоҳӣ медиҳад.
Набояд фаромӯш сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати содиқонаву софдилонаи сокинони сарбаланди кишвар ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ворид шуда, ба хотири татбиқи ҳадафҳои стратегии худ таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, қадамҳои устувору эътимодбахш гузошта истодааст.
Бо мақсади татбиқи босамари ҳадафи чоруми стретгии кишвар дар мамлакат бунёди иншооти зиёди азими саноатӣ, раванди ворид намудани технологияи навин, рушди саноат ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба нақша гирифта шудааст ва бунёди теъдоде аз онҳо имрӯзҳо босуръат идома дорад. Аз лиҳози техникиву технологӣ дуруст истифода бурдани иншоотҳо дар оянда ба кишвари мо мутахассисони болаёқат ва ихтисосманд зарур мешаванд. Аз ин рӯ, дар назди аҳли маорифи кишвар вазифаҳои бениҳоят муҳим ва стратегӣ гузошта шудааанд, ки бояд ба таълими илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳарчи ҷиддитар машғул шуда, наврасону ҷавононро аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, сохтмон, роҳсозӣ, нақбканӣ, энергетика соҳаҳои дигари технологияи пешрафта ва дигар ихтисосҳое, ки кишвари мо ба онҳо бештар ниёз дорад, таълиму тарбия намоянд. Бешубҳа, омӯзгоронро зарур аст, ки ба сифати таълиму тарбияи кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сатҳи касбии мутахассисони ояндаро баланд бардоранд ва онҳоро бо маълумоти мукаммали замонавӣ мусаллаҳ сохта ба ин васила дар рушди устувори ояндаи кишвар саҳмгузор бошанд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки шарти ҳатмии расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ин соҳиби дониши мукаммал ва сатҳи баланди маърифати муосир гардонидани наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир дарк намудани ин воқеият бениҳоят муҳим аст, ки бидуни аз худ намудани дастовардҳои илму техника ва технологияҳои ҳозиразамон мутахассиси хубу баландихтисос шудан ғайриимкон аст. Бо ин мақсад насли ояндасози кишвари моро мебояд, ки барои ҳамқадами замон шудан бояд ҳамеша ба мустақилона баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили он, яъне худомӯзӣ машғул шаванд, зеро асри XXI – асри иттилоот, илму фан ва дастовардҳои беназири технологии муосир мебошад ва дар ин баробар ба хоҳишмандон имконоти зиёдеро фароҳам меорад, ки ба тариқи фосилавӣ ба истифодаи шабакаи Интернет ба худомӯзӣ машғул гарданд, сатҳи дониши худро сайқал дода, навгониҳои илми ҷаҳониро азхуд намоянд. Ин корро танҳо дар сурате анҷом додан мумкин аст, ки хонандагон асосҳои илму дониш, бахусус дастовардҳои фанҳои дақиқро амиқ омӯзанд, аз навовариҳову инноватсия дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ огоҳ бошанд, аз барномаҳои компютерӣ ва имкониятҳои он истифода бурда тавонанд. Дар баробари аз худ кардани техникаву технология насли ҷавон, дар радифи аъло донистани забони модарӣ бояд якчанд забони хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро комилан аз бар намуда, тавонанд, ки бо техникаву технологияҳои муосир озодона кор кунанд.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф вазифаи сиёсӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар доираи аҳли маориф маҳдуд намегардад ва ба дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ниёз дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки механизми рушди устувори низоми маориф мутобиқ ба тақозоҳои асри нав фароҳам оварда шавад, ки он дар навбати худ ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.
Шавкат Каримзода,
директори Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявиии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар
шаҳри Душанбе, номзади илмҳои педагогӣ