Thursday, November 21, 2024
Без рубрики

БАЪДИ МОДАР ОМӮЗГОР БУЗУРГ АСТ

Дар 32 соли соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем.

Оре, муваффақияти раванди таълиму тарбия ба кори омӯзгор вобаста аст, яъне бояд омӯзгор аз падидаҳои педагогӣ, амсоли қобилиятҳои дидактикӣ, ташкилӣ, муоширатӣ, идрокӣ, тавсиядиҳӣ, илмӣ-маърифатӣ бар­­­хӯрдор бошад. Дар раванди таълиму тарбия ҳар яке аз инҳо ҷойгоҳи хосаи худро доранд. Аз ин рӯ, мусаллаҳ будани омӯзгор бо ин шакли қобилиятҳо имконият медиҳад, ки ӯ дар ҳамаи самтҳои раванди таълиму тарбия муваффақ бошад. Масалан, равшан ва фаҳмо пешниҳод кардани маводи таълимӣ, ҷалб карда тавонистани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба ин мавод ба қобилияти дидактикии омӯзгор вобаста аст, маҳорати муттаҳид кардани донишҷӯён барои иҷрои корҳои фоиданок, ташаккул додани муносибатҳои самимона, эҳтиром доштан ба ҳамдигар аз қобилияти ташкилии омӯзгор вобаста аст.
Таъмини синфхонаҳо бо компютер ва тахтаҳои электронӣ, мутобиқи талаботи замон ба роҳ мондани кори озмоишгоҳҳо, яъне лабораторияҳои таълимӣ, пайваста зери таваҷҷуҳ қарор доранд. Теъдоди умумии компютерҳо дар Донишгоҳ 1330-торо ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ ҳамагӣ 28 лаборатория дар назди факултетҳои химия, биология ва физика фаъолият дорад, ки аз ин шумора 5-тоашро лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва 23-тоашро лабораторияҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм се лабораторияи нави замонавӣ барои факултетҳои химия, биология ва физика мавриди истифода қарор дода шуд, ки ҷиҳати таъмини шароити хуби фаъолият ба омӯзгорон мусоидат менамояд.
Барои боло бурдани мавқеи омӯзгор дар асоси талаботи «Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта» таносуби қабули имтиҳоноти тестӣ 40 дарсад ва анъанавӣ (шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта) 60 дарсад муқаррар шуд. Таҷриба нишон дод, ки аз рӯйи нишондодҳои баҳои “аъло”, “хубу аъло” ва “хуб”, афзалият ба ҷониби шакли анъанавии қабули имтиҳонот мебошад. Ин тадбир ду ҷанба дорад, аввалан, барои боло рафтани савияи дониш боис мегардад, дуюм, мақоми омӯзгорро чун шахси калидӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шоиста нишон медиҳад.
Агар мактаб ҳамчун боргоҳи илму дониш бошад, омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад. Рушду нумӯ, пешрафт, шаклгирии ҷомеаи нави мутамаддин ва тарбияи мутахассисони ояндабин аз омӯзгор вобаста аст. Имсол дар шаш шурои диссертатсионии амалкунанда, аз ҷумла филология, география, адабиётшиносӣ, методикаи забонҳои хориҷӣ, химияву биология, бостоншиносию назария ва таърихи фарҳанг дар маҷмуъ, 30 нафар рисолаи илмии худро дифоъ намуд.
Дар миллати босавод ғаризаҳои инсонӣ, кашфиёту навоварӣ, ихтироъкорӣ ва дарки бештари олами берунӣ зуҳур менамояд ва, ба ин васила, ҷомеа донишмеҳвар мешавад. Дар чунин ҷомеа сулҳу субот авлавият касб намуда, баҳри ҳамагон шароити зиндагонии шоиста муҳайё мегардад, созандагиву бунёдкорӣ авҷ мегирад, миллат пеш меравад, давлат рушд мекунад, ҷомеа обод мегардад. Дар ин радиф, ба бунёди бино барои таҷрибаомӯзӣ оғоз намудем. Ин бинои дуошёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география дар боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, бо лавозимоти муосири таҷрибаомӯзӣ муҷаҳҳаз гардонда мешавад. Мавриди зикр аст, ки сохтмони бинои замонавии мазкур дар мавзеи бинои пешинаи корношояму сангӣ қомат афрохта, айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ чашмрас набуд, бо мақсади татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавиро ба роҳ монд. Мо бо ин восита давра ба давра мизу курсиҳои куҳнаву фарсудаеро, ки солиёни зиёд дар чанде аз синфхонаҳои таълимӣ истифода мешуданд, иваз намудем. Ин кор ҳам барои беҳтару хубтар гардондани кори таълиму тарбия дар Донишгоҳ нигаронда шудааст.
Илова бар ин, дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Мардумии Чин қабули довталабони чиниро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура аз аввали соли нави таҳсил оғоз намуд.
Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия ва тасвиб шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ монд.
Сарвари давлат ба рисолати муқаддаси омӯзгор, инчунин, захираҳои зеҳнӣ ва инсонӣ воқеъбинона баҳо дода, дар назди онҳо вазифаҳои навро гузоштанд. Воқеан, омӯзгори замони муосир бояд зираку ҳушёр бошад, аз раванди пешрафти илму дониш қафо намонад, дар доираи тахассуси худ маҳдуд нагардида пайваста омӯзад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад, робитаи илм бо истеҳсолотро таъмин намояд, аз таҳаввули пурвусъати ҷаҳони имрӯза воқиф бошад. Дар партави суханони Сарвари давлат чунин мешуморем, ки омӯзгори замони муосир бояд, пеш аз ҳама, дорои дониши мукаммали фарогир буда, бо технологияи инноватсионии таълим мусаллаҳ бошад, дар дили ҷӯяндагони рози дониш, чароғи илму маърифатро барафрӯзад ва махзани маърифатро ба рӯйи онҳо боз намояд, зеро омӯзгор ба тафаккури инсон сарукор дорад, руҳи онро солим нигоҳ медорад, яъне меъмори руҳи инсон аст. Миллате, ки омӯзгори асилу ботадбир ва руҳи солиму созанда дорад барои бунёди ҷомеаи навини донишмеҳвар иқдоми ҷиддӣ меварзад.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *