Thursday, November 21, 2024
Мақола

НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ЭҶОДКОРИИ КӮДАКОН

Оила асоси ҷомеаро ташкил дода, дар муҳити он меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳувайдо гардида, арзишҳои асосии инсонӣ аз қабили  муоширату ҳамгироӣ бо муҳити атроф ташаккул меёбанд.  Анъанаҳо, урфу одат ва оинҳои хонаводагӣ ба сифати сарчашмаҳои асосии ташаккули шахсияти инсон дар оила баромад намуда, рушду инкишофи минбаъдаи кӯдакон низ аз онҳо вобастагии куллӣ дорад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд» [6].

Гузаштагони мо, ба монанди устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсурулмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.

Унсуралмаолии Кайковус дар асари арзишмади худ “Қобуснома” ба тарбияи насли наврас пеш аз ҳама падару модарон, омӯзгоронро масъул дониста, аз ҷумла яке аз вазифаҳои асосии падарро таълиму омӯзонидани илму дониш, ҳунару пешаҳои зарурӣ ба фарзанд мешуморад ва ӯро ба иҷрои ин вазифа даъват менамояд: «Пас бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзқӣ, то ҳасси падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ… Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…»  [8, 9].

Вобаста ба ин дар ҷомеаҳои анъанавӣ оила маркази ҳаёт дониста шуда, дар он кӯдакон вобаста ба  фарҳанг, дин, анъана ва ахлоқ аз волидон ва дигар аъзоёни солманди хонавода сабақ гирифта, тавассути арзишҳои оилавӣ бо аз бар кардани ҳунару маҳорати хонаводагӣ ба ҷомеа ворид мегардиданд.

Аз ин ҷо бар меояд, ки оила инчунин барои иҷтимоикунонии кӯдакон, яъне ба онҳо таълим додани меъерҳои иҷтимоӣ, қоидаҳои рафтор ва муносибат ба атрофиён низ масъул буда, тавассути тарбияи фарзанд ба  интиқоли мероси фарҳангӣ низ замина мегузошт.

Имрӯзҳо низ оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳим дошта, бо гузашти вақт ва ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳми он дар таълим ва тарбияи фарзанд дар якҷоягӣ бо дигар институтҳои ҷомеаи навин ба монанди мактаб, падидаҳои фарҳанги оммавӣ ва технологияи муосир калидӣ буда, фазои он бо дарназдошти арзишҳои иҷтимоӣ макони асосии рушди кӯдакон боқӣ мондааст. Дар оила инчунин асосҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ,  ҳиссиёти меҳру муҳаббат  ва дарки хубию бадӣ ташаккул меёбанд.

Дар оила тухми некӣ ва муҳаббат нисба ба одамон гузошта шуда, маҳз дар он кӯдак дарсҳои аввалини муҳаббат ба наздикон, арҷгузорӣ ба  қонуну тартиботи давлативу   ҷамъиятӣ ва асосҳои тарбияи шаҳрвандиро мегирад. Бидуни он тарбияи насли солими аз ҷиҳати ҷисмониву равонӣ солим ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи муосир ба нигоҳдорӣ ва таҳкими оила ниёзманд аст [1, 7].

Зеро кӯдак маҳз дар оила малакаҳои асосии таълимиро аз қабили аз худ кардани ҳарфҳо, хониши ҳиҷоӣ, навиштани сатрҳо, аломатҳои арифметикӣ ва дигар донишҳое, ки барои мутобиқ гардонидани ӯ ба шароити муҳити атроф ва ҷомеа заруранд аз бар менамояд. Оила инчунин дар ташаккули шахсияти кӯдак, эътибод ба худ, эҳтироми калонсолон, худбаҳодиҳӣ ва амсоли инҳо таъсиргузор аст.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти гуфтаҳои боло раванди тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдаконро дар оила метавон падидаи асосии иҷтимоӣ – педагогӣ маънидод намуд, ки он дар илми муосири педагогика ҳамчун  тарбияи оилавӣ маъмул аст.

Бояд қайд намуд, ки тарбияи оилавӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби баъзе олимони соҳа ҳамчун бахши педагогика эътироф нагардида, баръакси ин ақида ба андешаи муҳаққиқони маъруфи соҳаи педагогика Дима ва Наташа Зицер бинобар асосҳои зерин он бахши умдаи соҳаи педагогика мебошад:

Якум, мавҷудияти манфиати шахсии ҳамаи иштирокчиен – аъзои оила дар он.

Дуюм, ҳамкории амалан доимии субъектҳо ва таъсири онҳо ба якдигар.

Сеюм, раванди ташаккули шахсии ҳамаи аъзои оила дар он [2, 279].

Бо дарназардошти ин нукта, ки қобили қабул аст, метавон хулоса кард, ки тарбияи оилавӣ ҳамчун соҳаи педагогика раванди ташаккул ва рушди шахсияти кӯдакро бо аз худ кардани меъерҳо, арзишҳо, анъанаҳо, муошират ва ҳамкорӣ бо аъзои оила дар назар дошта,  ба ташаккули хислат, ҷаҳонбинӣ ва рафтори кӯдак ҳамчун омилҳои асосии иҷтимоикунонии он таъсири назаррас мерасонад.

Вобаста ба ин оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву педагогӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ба хусус рушди салоҳиятҳои эҷодкории ӯ нақши муҳим ва аввалиндараҷа дорад.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар оилае, ки муносибати ҳамсарон мусолиҳатомез ва ботаҳаммул аст, фарзандон тарбияи хуб мегиранд.

Бузургон оиларо оинаи кӯдак ном бурдаанд. Ӯ дар ин «оина» ояндаи худро мебинад, барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда тарҳе месозад. Дар тарҳи сохтаи кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори манфию мусбати волидайн инъикоси худро меёбад» [7].

Дар ин асно волидайн метавонанд кӯдаконро ба фаъолияти эҷодӣ ҳавасманд кунанд, дастрасиро ба намудҳои гуногуни санъат, асбобҳои мусиқӣ, китобҳо ва ҳар гуна бозиҳо фароҳам оранд, ки ба рушди қобилиятҳои эҷодии онҳо мусоидат мекунанд.

Ғайр аз ин, муошират дар оила метавонад кӯдаконро ба баёни ақидаҳо, хаёлоти худ ҳавасманд гардонад ва қобилияти онҳоро дар ёфтани роҳҳои ҳалли ғайристандартӣ инкишоф диҳад. Инчунин, волидайн метавонанд барои фаъолияти фардии эҷодии кӯдак шароит фароҳам оранд, шавқу рағбатҳои ӯро ба соҳаҳои гуногуни санъат ва илм дастгирӣ намуда, ба таҷриба ва эҷодиёти мустақил мусоидат намоянд.

Оила метавонад дар кӯдакон ҳисси эътимод ба худро ташаккул диҳад, ки барои эҷодкорӣ муҳим аст. Дастгирии волидайн ва аъзоёни наздики оила метавонад кӯдаконро ба таҷрибаҳои эҷодкорона илҳом бахшад ва ба онҳо дар бартараф кардани монеаҳои эҷодӣ кӯмак расонад.

Оила барои ташкили ҷараёни оқилонаи ҳаёти  кӯдак дар асоси таҷрибаи мусбати рӯзгор ва собиқаи наслҳои калонсоли хонавода масъул буда, вазифадор аст дар ин асно барои ӯ таҷрибаи пурарзиши инфиродии фаъолиятро дар асоси одат ва анъанаҳо таъмин намояд [3].

Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки расму оин ва анъанаҳои оилавӣ метавонанд ба инкишофи қобилияти эҷодии кӯдакон мусоидат намоянд, зеро дар онҳо унсурҳои эҷодкорӣ, ҳунармандӣ, мусиқӣ ва дигар намудҳои санъат вуҷуд доранд. Ҳамаи ин якҷоя ба инкишофи тафаккури эҷодӣ, тасаввурот ва қобилияти баёни фикру афкори кӯдакон мусоидат мекунад.

Муҳити оилавӣ метавонад маконе бошад, ки кӯдакон аз волидон ва бародарону хоҳарони калонсол мушоҳидакорӣ ва ибрат гиранд, ки ба рушди салоҳиятҳои эҷодии онҳо низ таъсир мерасонад. Масалан, шуғлу майлҳои волидайн ва ҷалби онҳо дар лоиҳаҳои эҷодӣ метавонад кӯдаконро ба талошҳои эҷодии худ илҳом бахшад.

Арзишҳои дар оила ташаккулёбанда заминавӣ буда, онҳо дар ҳаёти шахс барои амалӣ кардани устувории минбаъда дастурҳои асосӣ медиҳад. Бисёре аз онҳо метавонанд дар раванди на танҳо мутобиқшавӣ, балки ташаккулёбии шахс дар ҷомеаи тағиребанда таъсиргузор бошанд [5, 39].

Масалан, агар волидайн дар оила ба мусиқӣ дилбастагӣ дошта бошанд, онҳо метавонанд асбобҳои мусиқиро навозанд ё суруд хонанд, фарзандони онҳо метавонанд инро як шуғли муқаррарӣ ва лаззатбахш медонанд. Волидон метавонанд фарзандони худро ба омӯхтани асбобҳои мусиқӣ, сурудхонӣ ва ҳатто эҷод кардани мусиқии худ ташвиқ кунанд. Ҳамин тариқ, кӯдакон метавонанд дар зери таъсири муҳити оилавӣ қобилияти мусиқӣ ва эҷодиёти худро инкишоф диҳанд.

Мисоли дигар ин аст, ки агар дар оила ҳунарҳои дастӣ қадр карда шаванд, волидайн метавонанд вақти худро ба расмкашӣ, дӯзандагӣ, ҳайкалтарошӣ ё дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ сарф кунанд. Кӯдакон инро дида, метавонанд бо роҳнамоии волидон ба ин гуна фаъолиятҳо шавқу рағбат зоҳир намуда, қобилияти эҷодии худро инкишоф диҳанд.

Ё худ  агар дар оила китобдорӣ қадр дошта бошад, волидон метавонанд кӯдаконро ба мутолиаи китоб ташвиқ кунанд, ба онҳо қиссаҳои ҷолиб бигӯянд ва ҳамчунин хониши оилавӣ ташкил кунанд. Он метавонад тавассути эҷодиёти адабӣ ё таҳлили асарҳо шавқу рағбати кӯдаконро ба адабиёт бедор созад, тасаввуроти онҳоро инкишоф диҳад ва ба рушди қобилиятҳои эҷодӣ мусоидат кунад.

Тавассути муҳокимаи китобҳои хондаашон кӯдакон метавонанд тасаввурот, малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури эҷодии худро инкишоф диҳанд. Волидон инчунин метавонанд кӯдаконро барои эҷоди ҳикояҳои худ ташвиқ кунанд, ки ин ба рушди малакаҳои адабӣ ва эҷодиёти онҳо мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, мутолиаи оилавӣ метавонад на танҳо як роҳи фароғат, балки як воситаи тавонои ташаккули салоҳиятҳои эҷодии кӯдакон бошад, зеро он ба ташаккули тахайюлот, маҳорати адабӣ ва қобилияти баён кардани фикрҳои онҳо мусоидат мекунад.

Ҷанбаи дигари хониши оилавӣ, ки ба рушди салоҳиятҳои эҷодии кӯдакон мусоидат мекунад, имкони баҳсу мунозира дар бораи хондаашон мебошад. Волидон метавонанд дар бораи сюжети китоб, персонажҳо, дарсҳои ахлоқӣ ва мавзӯъҳои китоб савол диҳанд, ки ин ба кӯдакон дар рушди малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти тафаккури эҷодии онҳо мусоидат мекунад.

Илова бар ин, хониши оилавӣ метавонад кӯдаконро барои эҷод кардани ҳикоя, қисса ё шеърҳои худ илҳом бахшад. Волидон метавонанд кӯдаконро ба навиштан ташвиқ кунанд, ки ин ба рушди малакаҳои адабӣ, тасаввурот ва қобилияти баён кардани фикрҳои онҳо тавассути эҷодкорӣ мусоидат мекунад.

Агар волидайн дар оила ба корҳои техникӣ, аз қабили робототехника, барномасозӣ ё таъмири таҷҳизоти гуногун шавқу ҳавас дошта бошанд, онҳо метавонанд фарзандони худро ба чунин фаъолиятҳо ҷалб кунанд. Масалан, онҳо метавонанд лоиҳаҳои муштарак оид ба сохтани роботҳо, моделҳо гузаронанд ё дарсҳои асосҳои барномасозӣ гузаронанд.

Волидон инчунин метавонанд кӯдаконро ба он ташвиқ кунанд, ки мустақилона бо технология озмоиш кунанд ва ба онҳо дастрасӣ ба маҷмӯаҳои сохтмонӣ, ҷузъҳои электронӣ ё дигар маводро барои эҷоди дастгоҳҳои технологии худ фароҳам оранд. Ин метавонад шавқу рағбати кӯдаконро ба техникаву технология афзоиш диҳад, малакаҳои онҳоро дар муҳандисӣ, барномасозӣ ва электроника инкишоф диҳад.

Вазифаҳои оила дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодии кӯдак аз фароҳам овардани фазои мусоид барои эҷодкорӣ ва худнамоӣ иборат аст. Волидайн бояд шавқу рағбати кӯдакро ба намудҳои гуногуни санъат, илм ва ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманд гардонанд ва барои рушди эҷодӣ дастрасии маводу захираҳои гуногунро фароҳам оранд.

Илова бар ин, оила бояд кӯдакро дар кӯшишҳои эҷодии ӯ дастгирӣ кунад, ӯро ба таҷриба ташвиқ кунад ва ба ӯ барои бартараф кардани монеаҳои эҷодӣ кӯмак расонад. Волидон инчунин метавонанд бо фарзанди худ дар лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ ширкат варзанд, ки ба рушди ӯ мусоидат мекунад.

Муҳити оилавӣ инчунин бояд ба муҳокимаи идеяҳо мусоидат кунад, тасаввурот ва тафаккури ғайристандартиро ташвиқ кунад ва барои эҷодиёти мустақил имконият фароҳам оварад. Волидон инчунин метавонанд дастрасӣ ба чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, семинарҳо ва барномаҳои таълимиро фароҳам оранд, ки метавонанд кӯдакро барои рушди қобилиятҳои эҷодии ӯ илҳом бахшанд.

Дар ин баробар, оила бояд кӯдакро бо фаъолияти эҷодӣ мустақилона кашф ва дарк намудани ҷаҳонро ташвиқ кунад. Волидон метавонанд бо фароҳам овардани дастрасӣ ба китобҳо, видеоҳо, семинарҳо ва дигар захираҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи фарзанди худро ба омӯзиши соҳаҳои нав дастгирӣ намоянд.

Инчунин муҳим аст, ки дар оила шароит фароҳам оварда шавад, ки хатогиҳо на ҳамчун нокомӣ, балки ҳамчун ҷузъи раванди эҷодӣ дида шаванд. Волидайн метавонанд фарзанди худро ба таҷриба ташвиқ кунанд, ба онҳо имкон диҳанд, ки аз хатогиҳои худ ибрат гирифта, малакаҳои эҷодии худро инкишоф диҳанд.

Дар моддаи 8 – и Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид гардидааст, ки падару модар бояд барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё карда, ӯро ба зиндагии мустақилона омода сохта, дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд [4].

Дар ин асно вазифаҳоҳои оила дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории кӯдакон аз инҳо иборат шуда мтавонанд:

-фароҳам овардани шароити мусоид барои эҷодкорӣ ва худмуаррифӣ;

-баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдак ба соҳаҳои гуногуни санъат, илм ва ҳунар;

-таъмини дастрасӣ ба мавод ва захираҳои гуногун барои рушди эҷодӣ;

-кӯдакро дар кӯшишҳои эҷодии ӯ дастгирӣ намуда, ӯро ба озмоиш ҳавасманд кардан;

-шштирок дар лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ бо кӯдак;

-ҳавасмандгардонии муҳокимаи ғояҳо, ҳавасмандкунии хаёлот ва тафаккури берун аз қуттӣ;

-таъмини дастрасӣ ба чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, дарсҳои маҳорат ва барномаҳои таълимӣ;

-ҳавасманд кардани кӯдак ба мустақилона омӯхтан ва дарки ҷаҳон тавассути фаъолияти эҷодӣ;

-дастгирии таваҷҷӯҳи кӯдак ба омӯзиши соҳаҳои нав тавассути дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ.

Ин масъулиятҳо ба оила дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории кӯдак тавассути расонидани дастгирӣ, дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, ташвиқи омӯзиши мустақилона ва фароҳам овардани шароите, ки эҷодкорӣ ва таҷрибаҳо ташвиқ карда шаванд, кӯмак карда метавонад.

Волидон бояд бо фароҳам овардани дастрасӣ ба мавод ва захираҳои гуногун ҷиҳати таъмини муҳити мусоиди эҷодкорӣ ва худнамоӣ кӯшиш намуда, дар баланд бардоштани шавқу рағбати фарзанд ба соҳаҳои гуногуни санъат, илм ва ҳунар, ки ба рушди қобилиятҳои эҷодии ӯ мусоидат мекунад, талош варзанд.

Илова бар ин бояд кӯшиш кард, ки кӯдак дар ин раванд хатогӣ ва нокомиҳоро ҳамчун як ҷузъи раванди эҷодӣ қабул намояд.

Муҳим аст, ки кӯдак барои мустақилона омӯхтан ва дарк кардани олам тавассути фаъолияти эҷодӣ, инчунин, дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ ташвиқ карда шавад.

Аз муҳокима доир ба мавзӯи нақши оила ҳамчун институти иҷтимоию педагогӣ дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории  кӯдакон чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст:

-оила дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодии кӯдакон бо фароҳам овардани дастгирӣ, илҳом ва имкониятҳои эҷодкорӣ нақши муҳим мебозад;

-волидайн ва дигар аъзоёни оила метавонанд тавассути муошират, ташвиқ ва иштирок дар лоиҳаҳои эҷодӣ ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории кӯдаконро ҳавасманд кунанд;

-эҷоди муҳити мусоид барои эҷодкорӣ, дастрасӣ ба мавод ва захираҳои гуногун ва ҳавасмандгардонии омӯзиши мустақилона ва таҷрибаҳо ба рушди салоҳиятҳои эҷодӣ дар кӯдакон мусоидат мекунад;

-муҳити оилавӣ метавонад кӯдаконро ба талошҳои эҷодии худ илҳом бахшад ва ба онҳо имконият фароҳам оварад, ки худро баён кунанд ва қобилиятҳои эҷодиашонро инкишоф диҳанд.

Ҳамин тариқ, оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-педагогӣ дар ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории кӯдакон, таъмини шароит ҷиҳати инкишофи эҷодии онҳо ва фароҳам овардани дастгирӣ ва илҳом барои зуҳури қобилиятҳои ниҳоӣ нақши муҳим дошта, дар ин самт  сарчашмаи асосии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки барои рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёбӣ мегардад, ҷойгоҳи махсус дорад.

АДАБИЁТ:

  1. Азаров Ю.П. // Семейная педагогика. Воспитание ребёнка в любви, свободе и творчестве. Москва: Эксмо, 2015, – 496 с.
  2. Дима и Наташа Зицер. Современное педагогическое искусство. Азбука НО. – Изд. 4-е. СПб.: Издательско-Торговый Дом «Скифия», 2018, – 432 с.
  3. Дополнительное образование детей. Психолого – педагогическое сопровождение // отв. ред. Л.В. Байбородова. – 2-е изд., испр. и доп.  – М. “Юрайт”, 2016. – 413 с.
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», № 762, аз 2 августи соли 2011.
  5. Основы педагогики и психологии: учебник // А.М. Руденко и др. Ростов н/Д: Феникс, 2023, – 335 с.
  6. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар. 06.03.2015, шаҳри Душанбе http://prezident.tj/node/8349 .
  7. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». 08.04.2011, шаҳри Душанбе http://president.tj/node/400 .
  8. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. // Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова. Душанбе, «Маориф», 2016, – 240 с.

Комил Раҳимӣ,
директори Муассисаи давлатии
“Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *