ТЕХНОЛОГИЯ ВА МУШКИЛОТИ КОР БО КӮДАКОНИ ЛАЁҚАТМАНД
Дар системаи маорифи муосир масъалаи лаёқатмандӣ вобаста ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, афзалияти шаклҳои инноватсионии рушди истеҳсолот, ҷамъият ва шахсият бештар ҷолиби таваҷҷуҳ гаштааст. Аксарияти лоиҳаҳои муосири таълимӣ ба таҳияи чунин усулҳои ташкили ҳамкории иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, ки раванди иҷтимоикунонии шахсро бо рушди мутавозии шахсияти ӯ, ки ба дигаргунсозии эҷодии воқеияти атроф нигаронида шудаанд, пурзӯр гардонанд. Дарвоқеъ, ин равиш рушди истеъдоди инфиродии фардро дар бар мегирад, ки дорои салоҳиятҳои калидӣ мебошад ва ин ба ӯ имкон медиҳад, ки дар муносибатҳои касбӣ ва иҷтимоӣ муваффақ бошад. Аз нуқтаи назари тарбия, ҳадафи системаи кор бо кӯдаки лаёқатманд ин ноил шудан ба мувофиқати оптималии шароити муҳити мушаххаси таълимӣ ба ниёзҳои гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ мебошад.
Мегӯянд, ки кӯдакони лаёқатманд ба кумаки калонсолон, таваҷҷӯҳ ва роҳнамоии махсус ниёз надоранд. Аммо чунин кӯдакон бештар нисбат ба арзёбии фаъолият, рафтор ва тафаккури онҳо ҳассосанд. Нисбат ба онҳо талаботи стандартӣ вуҷуд дошта наметавонанд, хусусан агар меъёрҳои мавҷуда хилофи манфиатҳои онҳо бошад ва бемаъно ба назар расанд. Барои кӯдаки боистеъдод изҳороти “Ин меъёри қабулшуда аст, ҳама бояд чунин рафтор кунанд” далел буда наметавонад. Вай бояд донад ва фаҳмад, ки ин меъёрҳо аз ҷониби кӣ, кай ва барои чӣ эҷод шудаанд [3, 26-42].
Ҳадафи асосӣ муайян намудани мушкилоти кор бо кӯдакони лаёқатманд, таълим ва дастгирии онҳо, инчунин, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии шахси эҷодкор мебошад. Раванди муайянсозии лаёқатмандии кӯдакон бояд дар синфҳои ибтидоӣ дар асоси мушоҳида, омӯзиши хусусиятҳои психологии нутқ, хотира ва тафаккури мантиқӣ оғоз ёбад. Кор бо хонандагони лаёқатманд, дарёфт, муайян ва инкишоф додани онҳо яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти мактаби ибтидоӣ мебошад.
Ду равиши алтернативӣ барои ҳалли мушкилоти истеъдод маъмуланд:
1) ҳама кӯдакон боистеъдод мебошанд;
2) лаёқат ҳамчун «ҳадяи табиӣ ё генетикӣ» ба шумораи ками кӯдакони хос дода шудааст [1. 47].
Кӯдакони лаёқатманд нисбат ба худ серталабанд. Онҳо аксар вақт пеши худ ҳадафҳоеро мегузоранд, ки дар айни замон иҷронашавандаанд. Ин ҳолат боиси изтироби эмотсионалӣ мегардад. Чунин кӯдакон аксар вақт нисбат ба кӯдаконе, ки қобилияташон нисбатан камтар рушдкардаанд, таҳаммулпазирӣ надоранд. Дар ин шароит вазифаи омӯзгор аст, ки чунин мавқеи хонандагони лаёқатмандро тағйир диҳад. «Мактаб бояд як навъ лабораторияи тадқиқотӣ бошад, ки хонанда барои бозёфтҳо ба инҷо меояд. Ягона фарқияти мактаб аз лабораторияи воқеии тадқиқотӣ ин аст, ки ин бозёфтҳо на барои инсоният, балки танҳо барои ҳамин фарди кӯчак муҳимманд» [5, 47].
Қарни муосир бо технологияҳои нав тақозо мекунад, ки фарди асосӣ – омӯзгор як қатор хусусиятҳои муҳими на танҳо касбӣ, балки фардиро барои кор бо кӯдакони лаёқатманд доро бошад.
Ба омӯзиши масъалаҳои лаёқатмандии кӯдакон равоншиносони хориҷӣ ва ватанӣ машғул буданд. Дар соҳаи психологияи истеъдоди эҷодии амрикоиҳо Ҷ.Гилфорд, П.Торранс, Ф.Бэррон, Ч.Тейлор тадқиқотҳои зиёд анҷом додаанд. Масъалаҳои лаёқатмандиро равоншиносони ватанӣ, аз ҷумла А.М. Матюшкин, Н.Б. Шумакова, Г.Д. Чистякова, В. Юркевич ва дигарон низ омӯхтаанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар хусуси мазмуни мафҳуми “лаёқатмандӣ” назарияҳои гуногуни олимону муҳаққиқони илмҳои равоншиносӣ ва педагогӣ баён гардидаанд. Равоншиноси маъруфи рус Д.В. Ушаков дар ин маврид мегӯяд, ки «Мо метавонем шахсеро боистеъдод ҳисоб намоем, ки маҳсулоти фарҳангии арзишманд, масалан, асарҳои санъат, назарияҳои илмӣ, сохторҳои муҳандисӣ, ҳаракатҳои идеологӣ ё ташкилотҳои одамонро офарида тавонад. Лаёқат ҳамчун истеъдоди потенсиалӣ фаҳмида мешавад, ки метавонад дар марҳилаҳои минбаъдаи ҳаёти инсон зоҳир шавад. Лаёқат бар хилофи истеъдод ба дастовардҳои маълуми ҷомеа таъсир намерасонад, он аз худи шахс ва атрофиёнаш метавонад пинҳон бошад. Барои муайян кардани он аксар вақт усулҳои илмӣ лозиманд» [2, 80]. Мувофиқи маълумоти ӯ лаёқатмандии кӯдак танҳо қобилияти кӯдакро нишон медиҳад ва маънои онро надорад, ки ӯ ҳама чизро медонад. Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки новобаста ба он ки кӯдак то чӣ андоза лаёқатманд аст, бояд ба ӯ таълим дода шавад ва барои ёфтани роҳи худ мусоидат сурат гирад.
Гуфтаҳои равоншиносонро нисбат ба масъалаи мазкур таҳлил намуда, хулоса намудан мумкин аст, ки «фарзияи лаёқат» вуҷуд дорад, яъне ҳама одамон лаёқатманд мебошанд ва муҳимтар аз ҳама – ин истеъдод дар ҳаёт таҳия ва татбиқ мешавад. Одами боистеъдод дар як намуди муайяни фаъолият дастовардҳои ғайриоддӣ дорад, ки дар баъзе маҳсулотҳои воқеӣ, объективӣ нав, то андозае маводди моддӣ ё идеалии маъмул таҷассум меёбанд. Дар ин маврид саволҳои муҳим барои таҳқиқоти мо ба миён меояд: «чаро кӯдакон бо нишонаҳои возеҳи лаёқат ба калонсолони лаёқатманд табдил намеёбанд?», «чаро кӯдакони оддӣ калонсолони лаёқатманд мешаванд?». Мо чунин меҳисобем, ки сабаби ин дар нодуруст муайян кардани лаёқат дар кӯдакӣ ва хусусиятҳои лаёқатмандии кӯдакон дар муқоиса бо хусусиятҳои лаёқатмандии шахси калонсол мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки аҳамияти таҳқиқотҳои худро мустаҳкам намоем.
Омӯзгор-равоншиноси амрикоӣ Ҷ. Рензулли чунин мешуморад, ки лаёқат натиҷаи омезиши се хусусият мебошад: ақл, ки аз сатҳи миёна зиёд аст, эҷодкорӣ ва ангеза. Вай онро «модели даврии лаёқатмандӣ» меномад [6, 372]. Равоншиноси ҳолландӣ Ф. Монкс қисман бо модели лаёқатмандии Ҷ.Рензулли розӣ аст ва ба он омилҳои иҷтимоиро илова намуд, ки ба он: оила, мактаб ва ҳамсолон дохил мешаванд. Ба андешаи ӯ, шахс маҳсулоти иҷтимоӣ аст, аз ин рӯ, вай ба муносибатҳои хуб, пеш аз ҳама, бо оила, мактаб ва дӯстон ниёз дорад ва барои рушди истеъдодҳо ҷузъи шахсӣ низ лозим аст. Ӯ инро «модели бисёрҷанбаи лаёқат» номидааст. Мувофиқи гуфтаҳои Ф. Монкс, қобилиятҳои зеҳнии аз ҳисоби миёна баланди ақл, ин дараҷае мебошад, ки тавассути истифодаи тестҳо чен карда шуда, дар IQ тақрибан 130 ва ё он баландтар ифода шудааст, ҳарчанд муайян кардани сарҳади дақиқ имконнопазир аст. Эҷодиётро ӯ ҳамчун қобилияти дарёфт намудани қарори мумтоз ва шево муайян менамояд; ҳавасмандиро бо иродаи қавӣ, суботкорона ва хушнудона ҳал кардани мушкилот («ҷузъи эҳсосӣ» ҳавасмандӣ), қобилияти гузоштани мақсадҳо ва ноил шудан ба онҳо («ҷузъи маърифатӣ» ҳавасмандӣ) пайваст мекунад [11, 180].
1 – қобилияти зеҳнии аз миёна баландтар;
2 – завқ ба супориш;
3 – қобилиятҳои эҷодкорӣ.
Таҳлили пешниҳодшудаи адабиёти фалсафӣ, психологӣ ва педагогӣ оид ба мушкилотҳои лаёқатмандӣ ба хулосае омад, ки кӯдаки лаёқатманд дорои хосиятҳои хос мебошад, мутаносибан кор бо чунин кӯдак хусусиятҳои худро дорад ва истеъдоди худро танҳо дар ҷараёни фаъолияти маърифатӣ мушоҳида, зоҳир ва инкишоф додан мумкин аст.
Инчунин бояд дар хотир дошт, ки кӯдак чӣ қадар боистеъдод бошад ҳам, ӯ ба таълим ниёз дорад. Ба онҳо суботкорӣ, меҳнат, мустақилона қарор қабул карданро бояд омӯзонд. Кӯдаки боистеъдод фишор, таъқиб, доду фарёдро таҳаммул намекунад ва чунин ҳолтаҳо метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гарданд. Дар ниҳоди кӯдакони лаёқатманд сабру тоқат, матонат ва бепарвоиро тарбия кардан душвор аст. Барои ба эҷодкорӣ ҷалб кардани чунин кӯдакон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сарбории зиёд лозим аст ва аз ибтидо барои ин амал бояд шароит фароҳам оварда шавад. Кӯдакони лаёқатманд барои рушди истеъдоди худ бояд озодона вақт ва фазоро идора кунанд, аз барномаи васеъи таълим омӯзанд ва аз омӯзгори худ ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи инфиродӣ эҳсос кунанд. Маҳдудаҳои васеи вақт ба рушди ҷанбаи мушкилотӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат мекунанд.
Ба кӯдак бовар кунондан, ки ӯ беҳамто аст ва аз уҳдаи корҳои зиёде мебарояд, як қадами муҳим барои кашфи истеъдод аст. Баъди кашфи лаёқатмандӣ бояд коре кард, то он аз даст наравад ва баръакс, ҳамеша рушд кунад ва ба самти дуруст равона гардад. Муҳимтар аз ҳама бояд донист, ки рушди лаёқатмандӣ пеш аз ҳама ба кӯдак зарур аст ва барои ин падару модар бояд ҳеҷ ёрии худро дареғ надоранд. Волидайн бояд дар муайян кардани истеъдодҳои кӯдакон нақши муҳим дошта бошанд. Кӯдакони боистеъдод ба осонӣ бо номуайянии маърифатӣ мубориза мебаранд. Дар ин баробар душвориҳо онҳоро водор карда наметавонанд, ки кори худро раҳо кунанд. Онҳо бо камоли мамнуният вазифаҳои мураккабу дарозмуддатро қабул мекунанд, аммо ҷавобҳои омодаи қолабиро ҳеҷ гоҳ ба гардан намегиранд.
Таҷрибаи як қатор мактабҳо нишон медиҳад, ки дар айни замон таълим аз парадигмаҳои илмӣ, ратсионалӣ-омӯзишӣ ва технократии таълим ба усулҳои ташаккули қобилияти шахсият, ки ба ҳавасмандгардонии эҳтиёҷоти худшиносӣ ва худомӯзӣ асос ёфтааст, гузашта истодааст. Мактабҳо дилпурона аз усулҳои технологии меҳнат ба усулҳои умумишахсӣ мегузаранд, ки мувофиқи онҳо худи кӯдак на танхо мақсади кор, балки иштирокчии комили он маҳсуб гардида, субъекти раванди инкишофи худ мебошад. Танҳо ҳамин гуна усулҳои таълиму тарбияи хонандагон боиси рушди ҷамъият шуда метавонанд. Ба таъбири Эрих Фром, чизҳое, ки кӯдак омӯхтааст ва имкониятҳое, ки ӯ дорад, сатҳи рушд ва тарбияи ӯро нишон дода наметавонанд. Кӯдакро танҳо дар сурате рушдкарда гуфтан мумкин аст, ки ӯ донишҳои худро татбиқ карда метавонад [4, 120-125].
Шартҳои муваффақ шудан зимни кор бо хонандагони болаёқат:
- Дарки амиқи аҳаммияти кор бо кӯакдони болаёқат аз ҷониби ҳар як омӯзгор ва ҷалби диққати онҳо ба масъалаи махкур ва ташаккули ҳавасмандии мусбат ба омӯзиш.
- Ташкил ва такмили пайвастаи низоми методии кор бо кӯдакони лаёқатманд.
- Аз ҷониби коллективи омӯзгорон ва роҳбарияти мактаб эътироф намудани он, ки татбиқи низоми кор бо кӯдакони лаёқатманд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мактаб мебошад.
- Ба кор бо хонандагони лаёқатманд ҷалб гаштани пеш аз ҳама, омӯзгорони дорои сифатҳои муайян:
– омӯзгор барои кӯдакони болаёқат шахсе бояд бошад, ки вокуниши дуруст нишон дода метавонад, танқидро дарк мекунад ва ҳангоми кор бо нафарони аз худаш қобилтару донишмандтар ба фишор дучор намеояд. Муносибати байни омӯзгор ва хонандаи лаёқатманд бояд ба инкишофи оптималии қобилиятҳо нигаронида шуда, хусусияти ёрирасонӣ ва дастгирикунанда дошта бошад, на дастурфармоӣ;
– омӯзгор ба салоҳияти худ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои ба миён омада бояд бовар дошта бошад. Вай бояд ҳамеша омода бошад, ки барои қарорҳои қабулшуда масъулиятро ба дӯш гирад ва дар айни замон ба ҷолибият ва қобилиятнокии инсонии худ боварӣ дошта бошад;
– омӯзгор бояд атрофиёнро ба ҳалли мушкилоти худ қодир донад, ба дӯстӣ ва ниятҳои мусбати онҳо бовар дошта бошад, дарк кунад, ки бояд ҳар нафар қадр карда шавад, зеро ҳама сазовори эҳтироманд;
– омӯзгор бояд барои такмили зарфияти зеҳнии худ саъй кунад, барои пурра намудани дониши худ бо майли том талош варзад ва омода бошад, ки аз дигарон чизе омӯзад;
Тавсияҳо ба калонсолон барои рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакон:
- Ба фарзандатон барои қонеъ гардонидани ниёзҳои асосии инсонӣ (ҳисси амният, муҳаббат, эҳтиром ба худ ва дигарон) кӯмак кунед, зеро шахсе, ки нерӯяш аз эҳтиёҷоти асосӣ маҳдуд аст, метавонад ба қуллаҳои баёни худ камтар бирасад. Эҳтиром ба шахсият ва манфиатҳои кӯдак асоси рушди ӯ мебошад.
- Аз баҳодиҳии инкоркоркунанда ба кӯшишҳои эҷодии кӯдак худдорӣ кунед (набояд гӯед, ки кори ӯро чӣ тавр бояд такмил дод. Дар ин ҳолат кўдак ҳар қадар саъй накунад ҳам, натиҷааш ба назар нокифоя хоҳад буд).
- Ба андешаҳои бегона таҳаммулпазир бошед, кунҷковӣ, саволу андешаҳои кӯдакро эҳтиром кунед. Кӯшиш кунед, ки ба ҳама саволҳои кӯдакон ҷавоб диҳед, ҳатто агар ин саволҳо “ғайри қобили қабул” ва “берун аз ҳад” бошанд.
- Бигзоред кӯдак баъзан танҳо бошад ва агар бихоҳад, ба кори худ, яъне ҳар коре, ки мехоҳад машғул шавад. Зиёд будани «фармонфармоӣ» метавонад ба эҷодкорӣ халал расонад ва рушди истеъдодро суст кунад.
- Ба фарзандатон кӯмак кунед, то худро шамчун шахсияти эҷодкор қадр кунад. Аммо рафтори ӯ набояд аз доираи одилона берун бошад. (бехубӣ, хашмгин бошад).
- Замоне ки фарзандатон дар раванди ҷустуҷӯи эҷодӣ аз ҳамсолонаш ҷудо ва танҳо мемонад, ба ӯ дар мубориза бо ноумедӣ ва шубҳа, кӯмак кунед: бигзоред вай такони эҷодии худро нигоҳ дорад, дар худ тавон пайдо кунад ва дар бораи эътирофаш аз ҷониби дигарон фикр накунад.
- Воситаҳои дастгирӣ барои кӯшишҳои нави эҷодии кӯдакро пайдо кунед, аз танқиди аввалин таҷрибаҳо худдорӣ намоед – сарфи назар аз он ки онҳо бебарор бошанд: кӯдак мекӯшад на танҳо барои худ, балки барои онҳое, ки дӯсташон медорад низ эҷод кунад.
- Намунаи шахсии ҳалли масъалаҳои эҷодиро истифода баред.
- Саволҳои навъи масъаларо дар робита ба соҳаҳои гуногун васеъ истифода баред.
- Муҳити кӯдаки худро бо ашёҳои гуногун ғанӣ гардонед, то кунҷковӣ ва мушоҳидаи ӯро инкишоф диҳед.
- Ба кӯдакон имконият диҳед, ки фаъолона савол диҳанд.
Бо дарназардошти норавшан будани дидгоҳҳо оид ба лаёқатмандӣ ва зуҳуроти он, инчунин, бо назардошти ин ки як вожа мафҳумҳои гуногунро дар рӯзгор ва илм ифода мекунад, таърифи ҳамаҷониба ва дақиқи ин падида душвор аст [9, 25-30].
Муайян кардани лаёқатмандӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, бинобар ин, аз тамоми сарчашмаҳои имконпазири маълумот дар бораи кӯдак истифода бурдан лозим аст. Танҳо пас аз муқоисаи маълумоти аз сарчашмаҳои гуногун гирифташуда ҳама гуна хулосаро баровардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои муқаррарии зиндагӣ, ҳикояҳо, шарҳҳо ва хулосаҳои омӯзгорон, волидон, ҳамсолон ва дӯстон, инчунин натиҷаҳои санҷишҳои гуногун метавонанд ҳамчун сарчашма истифода шаванд.
Кушиш мекунанд кудаки лаёқатмандро тавре таълим ва тарбия кунанд, ки вай манфиати ҷамъиятеро, ки ӯро тарбия кардааст, ҳимоя намояд. Аммо маҳз кӯдакони боистеъдод метавонанд дар таҳсил мушкилоти бештарро ба бор оваранд. Ин, пеш аз ҳама, ба рушди пешрафтаи онҳо ва назари ғайримуқаррарӣ нисбат ба ҷаҳони атроф вобаста аст. Аксар вақт кӯдакони лаёқатманд ба талаботи умумӣ дар мактаб вобаста шудан намехоҳанд: онҳо вазифаи хонагиро иҷро намекунанд, он чизеро, ки аллакай медонистанд, зина ба зина омӯхтан намехоҳанд ва ғайра. Дар баробари ин проблема боз як мушкили на камтар муҳим вуҷуд дорад – кӯдакони бармаҳал рушдкарда нсибат ба навиштанашон тезтар фикр мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки кори онҳо суст тартиб дода мешавад ва аксар вақт нотамом ба назар мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин метавонад ба пурра рад кардани кӯдак аз ислоҳи фикрҳои худ оварда расонад [10, 167-172].
Бояд гуфт, ки кӯдакони лаёқатманд на танҳо ба дигарон, балки аксар вақт ба худашон нороҳатӣ меоранд. Ин ҳолат бештар зимни муошират зоҳир мешавад, яъне мушкилоти муоширати байнишахсии кӯдакони лаёқатманд вуҷуд дорад. Онҳо дар хурдсолӣ нақши ташкилотчӣ, пешворо ба ӯҳда гирифта, бо ҳамин боиси норозигии иштирокчиёни дигари муошират ё бозӣ мегарданд. Одатан кӯдакон боистеъдод ба фармонфармоӣ ва идора кардани дигарон майл доранд, дар ҳоле ки сахтгир ва таҳаммулнопазир мешаванд.
Ин далелро метавон аз нуқтаи назари гуногун баррасӣ кард: агар кӯдаки лаёқатманд барои ҷалб намудани таваҷҷуҳ ба шахсияти худ саъй кунад, пас дар гурӯҳе, ки дар он ташаккул меёбад, нуфуз ва эҳтироми хоса пайдо мекунад; ва баръакс, истеъдоди идоранашавандаи фармонфармоӣ ба дигарон боиси он мегардад, ки шахсро коллектив рад мекунад. Дар ҳолати аввал, барои рушди минбаъдаи шахсият муҳити мусоиди равонӣ фароҳам оварда мешавад. Дар дигар ҳолат низоъҳо метавонанд боиси пурра аз даст додани таваҷҷӯҳ ба рушди минбаъда гардад [7, 120].
Бо таҳлили далелҳои дар боло овардашуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзгор ҳангоми кор бо бахонандагони лаёқатманд ин ба вуҷуд овардани муҳити мусоид дар коллектив ва ҳалли вазъиятҳои баҳснок мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳад зиёд ҳифз кардани истеъдод боиси оқибатҳои аламовар – беҳамто шуморидани худ ва хор кардани дигарон, инчунин рад кардани такмили минбаъдаи худ мегардад.
Мутаассифона, масоили кӯдаконе, ки аз ҷиҳатҳои гуногун нисбат ба ҳамсолонашон рушдкардатар ҳастанд, ҳанӯз хеле кам мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Зимнан, маҳз одамони соҳибистеъдод ҳастанд, ки метавонанд дар рушди ҷомеа саҳми бештар гузоранд.
АДАБИЁТ:
- А. М. Матюшкин Концепции творческой одаренности // Вопросы психологии – 1989.–№ 6
- Д.В. Ушаков. Психология одаренности: от теории к практике / Под ред. Ушакова Д.В.- М.: ПЕРСЭ, 2000.- 80 с.
- Е.М.Гурич. Индивидуальная исследовательская работа с учащимися сследовательская работа школьников/ Е.М. Гурич.- 2008.- №4. С.26–42.
- М.В. Кочкина. НОУ как система развития интеллектуального потенциала личности/ М.В. Кочкина // Исследовательская работа школьников.- 2008.-№2. С. 120 – 125.
- Н. Беляева, А. И. Савенков. Одаренные дети в обычной школе // Народное образование. – 1999.– №9. 47 с
- Рензулли Дж. Модель обогащающего школьного обучения: практическая программа стимулирования одаренности детей // Основные современные концепции творчества и одаренности / Под ред. Богоявленской Д.Б. – М.: Молодая гвардия, 1997. – 372 с.
- С.Г. Воровщиков. Школа должна учить мыслить, проектировать, исследовать/ С.Г. Воровщиков, М.М. Новожилова. – М.: 5 за знания, 2006.- 120с.
- Т.В. Громова. Руководителю научно-исследовательских работ школьников/ Т.В. Громова //Практика административной работы в школе.2006.- №6. С.59–65.
- Ш Норматов. Ҷанбаҳои равонӣ-педагогии омӯзиши мафҳуми лаёқатмандӣ. /Ш. Норматов // [Mатн] – Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф.Бахши педагогика, №2 (30) , 2020.-с. 25-30;
- Ш. Норматов. Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун муҳити рушди қобилият ва лаёқати хонандагони боистеъдод. Ш.Норматов // [Mатн] – Паёми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Бахши педагогика, №2 (2), 2020. с.167-172;
- Ю.З. Гильбух. Внимание одаренные дети/Ю.З. Гильбух, М.:Знание, 1991 – 180 с.
Рафоат Қувватова,
директори Муассисаи давлатии таълимии
“Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”