СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО МУШОВИРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ КАБИНЕТҲОИ МЕТОДИИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ, РОҲБАРОНИ ИТТИҲОДИЯИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР МАВЗУИ «ТАРТИБИ ТАҲИЯИ НАҚШАИ ТАҚВИМӢ ВА НАҚШАИ ЯКСОАТАИ ДАРСӢ ДАР АСОСИ ТАЛАБОТИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ»

24 апрели соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати дастурдиҳӣ бо иштироки мушовирони синфҳои ибтидоии кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, роҳбарони иттиҳодияҳои методии омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Семинар дар мавзӯи «Тартиби таҳияи нақшаи тақвимӣ ва нақшаи яксоатаи дарсӣ дар асоси талаботи муносибати босалоҳият дар таълим» доир карда шуд.
Зимни ифтитоҳи семинар директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ  Шавкат Каримзода, зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таҳкими малакаҳои методӣ ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи нави давлатии таҳсилот аҳамияти муҳим дорад. Ӯ таъкид намуд, ки таҳияи нақшаҳои таълимӣ бояд бо дарназардошти принсипҳои муносибати босалоҳият, ки ба рушди қобилиятҳои асосии хонандагон равона шудаанд, амалӣ гарданд.
Ҳамчунин, Шавкат Каримзода изҳор доштанд, ки нақшаи таълимӣ бояд на танҳо ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими тарҳрезии ҷараёни таълим хидмат намояд, ки дар он эҳтиёҷоти таълимии хонандагон, имкониятҳои омӯзгор ва захираҳои мавҷуда ба назар гирифта шаванд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода, ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки иштирокчиёни семинар бо истифода аз дониш ва таҷрибаҳои андӯхта, фаъолияти худро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар татбиқи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати омӯзиш саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҷараёни семинар, тибқи барномаи таҳия ва тасдиқшуда, кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ — Мастона Азизова дар мавзуи «Тартиби таҳияи нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ дар асоси талаботи муносибати босалоҳият» ва Озодамо Холова дар мавзуи «Тартиби таҳияи нақшаи яксоатаи дарсӣ дар асоси талаботи муносибати босалоҳият» баромад намуда, ҷиҳати зарурати такмили малакаҳои омӯзгорон дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои таълимӣ таъкид карданд.
Мастона Азизова дар баромади худ зикр намуд, ки таҳияи нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ бояд бо такя ба стандартҳои давлатии таҳсилот, мазмуни барномаҳои таълимӣ ва принсипҳои муносибати босалоҳият сурат гирад. Мастона Азизова илова кард, ки нақшаи мазкур бояд ҳамчун шарҳи стратегӣ дар ташкили раванди таълим истифода шуда, пайдарпайии мавзуъҳо, мутобиқати онҳо бо имкониятҳои синнусолии хонандагон ва пайвастагии дохилифаннӣ ва байнифаннӣ таъмин карда шавад.
Зимни баромади худ, Озодамо Холова ба масъалаи таҳияи нақшаи яксоатаи дарсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро воситаи муҳими банақшагирии ҷараёни таълим номид. Қайд карда шуд, ки нақшаи яксоата бояд ҳадафҳои равшан, натиҷаҳои интизорӣ, воситаҳои санҷиш ва баҳодиҳии муваффақияти таълимро дар бар гирад. Нақшаи дарсӣ на танҳо бояд ҳамчун нақшаи иҷрои мавод истифода шавад, балки бояд муҳити созанда барои ташаккули салоҳиятҳои асосӣ, аз қабили тафаккури интиқодӣ, худомӯзӣ, ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ фароҳам оварад.
Таъкид карда шуд, ки нақшаҳои таҳияшуда бояд омӯзгоронро дар ба роҳ мондани дарсҳои муассир, фаъолгардонии хонандагон дар раванди таълим ва арзёбии мунтазами пешравии онҳо дастгирӣ намоянд.
Дар ҷараёни семинар, иштирокчиёни чорабинӣ ба музокира баромада, қайд намуданд, ки баргузории чунин семинарҳо ба таври назаррас дар рушди касбии омӯзгорон, таҳкими малакаҳои методӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо барои тарҳрезии ҷараёни таълим мутобиқ ба талаботи муносибати босалоҳият мусоидат менамояд.
Дар анҷоми семинар, иштирокчиён аз семинари гузаронидашуда изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод карда шуд, ки чунин чорабиниҳои методӣ минбаъд низ мунтазам баргузор гарданд, то шароити мубодилаи таҷриба, баррасии мушкилоти ҷойдошта ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо фароҳам оварда шавад.