ШУЪБАИ ТАБЪУ НАШР

Шуъбаи табъу нашр (минбаъд шуъба) ҷузъи сохтории МД МҶТМ буда, дар тобеияти директори МҶТМ фаъолият мебарад.
Шуъба дар фаъолияти худ ҷамъи масъалаҳои таблиғотиву ба корҳои тарбиявӣ алоқамандро зери назорат ва роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ба масъалаҳои ба маҷаллаҳо марбутро сари вақт ва бо кумаки мутахассисони соҳа ҳаллу фасл менамояд.
Шуъба фаъолияти маҷаллаҳои МҶТМ-ро боз ҳам созмон дода, кори бамавриди таҳия ва чопи маводи илмиву методӣ, маърифативу фарҳангии онҳоро таъмин ва назорат мекунад. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар саҳифаҳои нашрияҳо маводи талаботи рӯз, бо заҳмати худи муаллифони доимӣ ва ба тавассути тарҷума ба нашр расонда шавад.
Шуъба таҳияи тамоми мақолаву таҳлилҳо ва гузоришҳои методиро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмиву методии вазорат, мутахассисони ин ниҳодҳо, муаллимону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ, ки дар ихтиёри худ кабинетҳои методӣ доранд ва, инчунин, мутахассисони МҶТМ ба роҳ мемонад. Шуъба дар фаъолияти рӯзмарра ба чопи бештари маводи методӣ ва илмӣ-оммавӣ диққат медиҳад. Рӯихати муаллифони доимиро тартиб дода, бо имконоте, ки даст медиҳад, бо ширкати онҳо конференсияҳои методӣ ва илмӣ-оммавиро дар МҶТМ даъват ва мегузаронад. Дар чунин семинарҳо ширкати омӯзгорони ботаҷриба ва педагогҳои шинохта эътибори махсус дорад.
Мақсади ниҳоии шуъба дастраси муаллимону мураббиён кардани таҷрибаи пешқадам, таблиғи ташаббусҳои созанда дар бахши таълиму тарбия, раванақу ривоҷи тарвиҷи дастовардҳои илмию методӣ ҷиҳати ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоя ва иҷрои қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.

ВАЗИФҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

Дар назди шуъбаи табъу нашр вазифа меистад, ки барои дарёфти хонандагони боистеъдод, болаёқат ва муаррифии онҳо ба ҷомеа корҳои зайлро созмондиҳӣ намояд:
– иртиботи доимӣ бо устодону муаллимони пешқадами ҷумҳурӣ, ки нақши онҳо дар омодасозии хонандагон ба Олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ хеле калон аст;
– чопи пешниҳодот ва назариёти онҳо бобати дарёфти хонандагони болаёқат дар саҳифаҳои маҷаллаҳо;
– сатҳи забондонии хонандагоне, ки дар Олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкати фаъол доранд;
– тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ ва русӣ.
Пешниҳоди мақолаҳои методӣ аз ҷониби шуъба, ки муаллифони онҳо солҳо боз бо нашрияҳо ҳамкории зич доранд. Бобати ҳавасмандкунии моддии муаллифон чораҷӯӣ андешида мешавад. Ин ба он мусоидат мекунад, ки сафи муаллифон афзоиш ёбад.
Шуъба муваззаф мебошад дар маъракаи обуна бо хадамоти «Почтаи Тоҷик» алоқаи зич барқарор намояд ва ин иртибот дар тӯли сол қатъ нагардад. Ширкати кормандони шуъба тавассути сафарҳои хидматӣ бобати обуна ба шаҳру навоӣ хубтар ба роҳ монда шавад.

САЛМОНОВ БУРҲОН
МУДИРИ ШУЪБАИ ТБЪУ НАШР

25 майи соли 1954 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос.Филолог. Омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик.
Соли 1970 мактаби миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Ҷайҳунро хатм кардааст. Соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Душанберо (ҳоло ба номи С. Айнӣ) хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 ба ҳайси наттоқи Радиои Тоҷикистон шуруъ намудааст. Солҳои 1979-80 дар мактабҳои №4-2 ноҳияи Ҷайҳун ба ҳайси омӯзгори забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кор кардааст.Соли 1981 хидмати кутоҳмуддати аскариро дар Округи низомии Туркистон (шаҳри Тошканд) ба анҷом расондааст. Ҳамзамон солҳои 1981-1983 дар идораи рӯзномаи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷайҳун ба кори рӯзнома машғул будааст. Солҳои 1983-1985 хидмати башардӯстонаро дар Афғонистон анҷом додааст. Солҳои 1986-90 дар рӯзномаи “Пахтакор” фаъолият анҷом дода, соли 1990 ба маҷаллаи “Хорпутак” ба кори доимӣ гузашта ва то соли 2004 дар ҳамин маҷалла кор кардааст. Соли 2004 ба ҳафтавори “Минбари халқ” ба кор даъват шуда, то соли 2012 дар ҳамин нашрия ба ҳайси муҳаррири масъул кор кардааст. Соли 2012 ба нашриёти “Маориф”ба кор даъват шуда, то соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи адабиёти кӯдак кор кардааст. Аз соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи табъу нашри МҶТМ кор мекунад.