ШУЪБАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ (ТИК)

Шуъбаи воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон» буда, фаъолияти худро тибқи муқаррароти Оинномаи Марказ ва Низомномаи шуъба, расонидани ёрии методӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами муосири педагогӣ, таъмини методии раванди таҳсилро дар самти истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва комунникатсионӣ дар низоми таълим  ба роҳ мемонад. Шуъба бевосита таҳти роҳбарии директори Марказ ва муовинони директор фаъолият мекунад.

ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

 Шуъба бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим ва корҳои таълимию методӣ бо дарназардошти иттилоотикунонии соҳаи маориф тавассути татбиқ намудани технологияи навини коммуникатсионӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-танзим намудани сомонаи Марказ;
-хизматрасонии иттилоотию таҳлилӣ, машваратӣ ва тадқикотӣ дар соҳаи маориф;
-тақвият ва такмил додани таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон;
-ташкил ва гузаронидани семинарҳои таълимӣ, тренингҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати мақсаднок дар самти таҳия ва такмили барномаву нақшаҳои таълимӣ, -ташаккули салоҳияти истифодаи самараноки технологияҳои пешрафтаи педагогӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, шабакаи ҷаҳонии иттилоотии Интернет;
-беҳтар намудани сифати таълим ва корҳои таълимию методӣ бо дарназардошти иттилооткунонии соҳаи маориф тавассути татбиқ намудани технологияҳои навини коммуникатсионӣ;
-вобаста ба сенарияҳои омодакардашуда ба навор гирифтани лаҳзаҳои машғулиятҳои омӯзгорон;
-расонидани ёрии методӣ ба омӯзгрони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, иловагӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ оид ба истифодаи маводи рақамӣ;
-ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
-ташкил ва гузаронидани семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои истифодаи маводи рақамӣ бо кормандони Марказ;
-иҷрои саривақтии қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ;
-таҳияи нақшаи солонаи Шуъба;
-омода намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи Шуъба;
-татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии таълимӣ;
-иштирок дар лоиаҳаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ, таҳқиқоти ва ғайра;

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

-амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амали намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникативӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷқмҳурии Тоҷикистон»;

-Тарҳрезӣ ва саҳифабандии маҷалаҳои Марказ;

-ҳамоҳангсозӣ бо марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

 

УЛФАТОВ МУНИСШОҲ МУРОДОВИЧ

МУДИРИ ШУЪБАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ (ТИК)

10-уми июни соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос равоншинос, психолог.
Соли 2011 Мактаби миёнаи умумии №14-и шаҳри Ҳисорро хатм кардааст. Соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2016-2018 зинаи магистратураро хатм кардааст. Соли 2022-2024 доктор Phd-и Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси равоншинос дар муассисаи миёнаи умумии №14-и шаҳри Ҳисор аз сол 2016 – 2018 оғоз кардааст. Солҳои 2018 – 2021 ба ҳайси сармутахассис-масъули кадри Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2019-2021 ба ҳайси омӯзгори фанни психология дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ фаъолият кардааст. Солҳои 2021-2022 мутахассиси раёсати корҳои таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор кардааст. Солҳои 2022-2024 ҳамчун танзимгари раёсати корҳои таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2025 то ҳол мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.