Wednesday, January 29, 2025

ШУЪБАИ ТАЪМИНОТИ КАДРӢ ВА КОРГУЗОРӢ
Шуъба дархосту супоришҳои ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Марказро ба танзим дароварда, танҳо бо иҷозати директори  Маркази ҷумҳуриявии таълмию методии назди   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Шуъба дар асоси пешниҳоди раёсат ва шуъбаҳои Маркази ҷумҳуриявии таълмию методӣ  таҳия намуда, масъалаҳоро барои баррасӣ ба маљлисҳои назди директор ба нақшаи корӣ ворид месозад.
-Оид ба масъалаҳои дахлдори дар салоҳияташбуда мактубҳои дастурӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро интишор менамояд.
-Ба кормандони Марказ ва шаҳрвандони корафтода оид ба масъалаҳои ба миёномада маслиҳатҳо медињад.
-Мактубу ариза ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо сари вақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд.
-Қабул, коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳо ва барои имзо омода намудани онҳоро таъмин менамояд.
-Иҷрои мунтазами супоришҳои директорро таъмин мекунад.

 

Ҷумазода Ҷамшед Раҷаб
Мудири шуъбаи таъминоти кадрӣ ва коргузории  маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон

06-уми декабри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Аълочии маориф ва илми ҷумҳурии тоҷикистон. Ихтисос педагогика, муаллими синфҳои ибтидоӣ. Соли 1989 мактаби миёнаи умумии №65-и ноҳияи Рӯдакиро хатм кардааст. Соли 1993 донишгоҳи давлатии омӯзгории  тоҷикистонро хатм кардааст.
Соли 2019 курсҳои омӯзишии донишкадаи  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи адлияи вазорати адлияро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи умумии №65-и ноҳияи Рӯдакиро аз сол 1993-2001 оғоз кардааст. Солҳои 2002-2024 ба ҳайси  мутахасис, мутахассиси пешбар, сармутахассиси ва мудири шуъба  дар вазорати маориф ва илми ҷумҳурии тоҷикистон  фаъолият кардааст.    Аз 02 январи  соли 2025 то ин ҷониб мудири шуъбаи таъминоти кадрӣ ва коргузории Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.