РАЁСАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ (ИБТИДОӢ, МИЁНА, ОЛӢ ВА БАЪДИДИПЛОМӢ)

Раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию  методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Раёсат) дар асоси моддаи 52-и Кодекси мадани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, назорату такмили мазмуну мундариҷаи таълим, расонидани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, татбиқи методу усулҳои нави таълим дар раванди таълиму тарбия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, назорати амалишавии стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаву барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, таъсис дода шудааст.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борaи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Марказ, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
Раёсат ёрии амалии таълимию методиро дар самти такмили мазмуну мундариҷаи таълим, татбиқи усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсис ёфтаанд, муассисаҳои таълимии вазорату кумитаҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.

ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ РАЁСАТ
Раёсат бо мақсади пеш бурдани фаъолияти таълимию методӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва таҳлилию тадқиқотӣ дар соҳаи маориф вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-Мураттаб ва паҳн намудани тавсияҳои методӣ, адабиёти педагогӣ ва дигар аёнияту дастурҳои таълимию методӣ дар самти фаъолияти таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
-Мутобиқ ва ҳамоҳангсозии корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.
-Омӯзиш, назорат ва санҷиши фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ ва кафедраҳои методикаи таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва расонидани кӯмаки методӣ дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия.
-Таҳия ва ба чоп омода намудани дастурҳои таълимию методӣ, барнома ва воситаҳои айёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
-Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурҳои таълимию методӣ.
-Ширкат варзидан дар санҷишҳои комплексӣ, аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, кормандони педагогӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он.
-Таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ.
-Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти тарѓиби корҳои илмӣ, таълимию методӣ ва тарбиявӣ.
-Кӯмаки методӣ дар амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани таълими инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
-Расонидани кумаки методӣ дар таҳияи нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият.
-Тақвият ва такмил додани таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия.
-Ба роҳ мондани хизматрасониҳои пулакӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ѓайридавлатӣ дар самти расонидани ёрии таълимию методӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ ва ѓайра тибқи моддаи 58-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пулакӣ”.
-Ҳамоҳанг намудани корҳои методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият.
-Омӯзиш ва расонидани ёрии амалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия.
-Такмили мазмуну мундариҷаи таълим бо истифода аз методу усулҳои фаъол ва технологияи инноватсионӣ.
-Назорати рафти татбиқи нақшаю барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва расонидани кӯмаки методӣ дар ин самт.
-Омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба Шурои илмӣ-методӣ ва кафедраҳои методикаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва тайёр намудани дастурҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои таълимию методӣ.
-Нашри китобу дастур, барнома, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
-Омӯзиши вазъи гурӯҳи назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо.
-Тартиб додани нақшаи кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати омӯзиши фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ, кафедраҳои методикаи таълим ва нақшаи дурнамои рушди корҳои методӣ.
-Расонидани ёрии методӣ ба фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ, кафедраҳои методикаи таълим ва пешниҳоди маводи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти омӯзиши фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ, кафедраҳои методикаи таълим.
-Омӯзиш ва амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир методикаи таълими фанҳо, ки маҳсуб ба инноватсия, технологияи педагогӣ, Шурои илмӣ-методӣ ва кафедраҳои методикаи таълим мебошанд.
-Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти таҳлили оид ба вазъи корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
-Сари вақт ҷавоб гардонидан ба барномаҳои давлатӣ

ЗАРИФЗОДА НАСИМ НУРУЛЛО
САРДОРИ РАЁСАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ (ИБТИДОӢ, МИЁНА, ОЛӢ ВА БАЪДИДИПЛОМӢ)

     10-уми майи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Ихтисос иқтисодчӣ, Унвонҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2021 бо «Сипосномаи»-и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе, соли 2022 бо «Ифтихорнома» №1315 Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 «Сипоснома»-и муовини вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 бо «Ифтихорнома»-и ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» соли 2024 бо «Сипосномаи»-и Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 бо  «Ифтихорнома»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2010 Мактаби миёнаи умумии №128-и шаҳри Ҳисорро хатм кардааст. Соли 2010-2014 донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Соли 2015-2017 Магистранти Дошикадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Соли 2017-2018 Сармуахассиси шуъбаи хоҷагидори Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон. Соли 2018 Сармутахассиси филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Соли 2019 мудири шуъбаи таълими филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Аз 03.03.2024 то 05.05.2024 и.в директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе Соли 2022 -2024 Муовини директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе. Аз 2 январи соли 2025 Сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.