БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ОМӮЗИШӢ ЗЕРИ УНВОНИ «НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БО ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ЗАБОНИ РУСИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ НОҲИЯИ РАШТ
6 майи соли 2025 дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт ва омӯзгорони фанни забони русӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, иштирок доштанд.
Семинарро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки татбиқи низоми баҳогузории 10-хола ҳамчун яке аз самтҳои калидии ислоҳоти соҳаи маориф, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини шаффофият ва адолат дар раванди арзёбӣ, инчунин такмили фаъолияти омӯзгорон амалӣ мегардад.
Сипас, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-хола яке аз иқдомҳои муҳими даврони муосири соҳаи маориф мебошад. Ҳадафи асосии он на танҳо арзёбии воқеии сатҳи дониш ва қобилиятҳои шахсии хонандагон, балки инчунин ташаккули ангезаи мусбат дар онҳо барои таҳсилоти босифат ва устувор мебошад.
Дар идомаи семинар, сардори раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдидипломӣ) Зарифзода Насим бо маърузаи муфассал баромад намуда, аҳамияти низоми навро дар самти рушди қобилияту истеъдоди хонандагон, боло бурдани масъулияти омӯзгорон ва таъсири он ба таҳкими муносибати мутақобилан созандаи омӯзгор ва хонандаро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба мушкилиҳо ва имкониятҳои татбиқи низоми нав табодули назар намуданд. Дар фазои озод ва ҳамкоронаи семинар суҳбатҳои муфид ҷараён гирифта, барои дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои пешрафта ва методҳои муосир тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Семинар бо рӯҳияи созанда ва ҳамкории судманд анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва ташаккули низоми муассири арзёбии қобилиятҳои шахсии хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.


