Семинар-машварати дастурдиҳӣ бо мудирон ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзуҳои «Мақсад ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омодагӣ ба давраи солимгардонӣ дар муассисаҳои томактабӣ» ва «Чорабиниҳо ва механизмҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21 майи соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати дастурдиҳӣ бо мудирон ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзуҳои «Мақсад ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омодагӣ ба давраи солимгардони дар муассисаҳои томактабӣ» ва «Чорабиниҳо ва механизмҳои амалисозии барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи семинар муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед зикр намуданд, ки рушди таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025” амалӣ мегардад.
Амирхонзода Хуршед таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии Барномаи давлатӣ баланд бардоштани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти босифати томактабӣ, омодасозии онҳо ба таҳсилоти умумӣ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ ва такмили методикаи таълимӣ дар муассисаҳои томактабӣ мебошад. Ҳамчунин, рушди захираҳои инсонӣ, махсусан омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мураббияҳо, яке аз самтҳои калидии татбиқи босамари барнома арзёбӣ мегардад.
Дар идомаи семинар сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ Сабоҳат Офиятхонова дар мавзуи «Мақсад ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки ҳадафи асосии барнома таъмини дастрасии умумии кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсилоти босифат, омодасозии онҳо ба таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва фароҳам овардани муҳити солиму созгор барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мебошад.
Ҳамзамон, мудири кӯдакистони №45-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Р. Қаландарзода дар мавзӯи «Вазъи иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, зикр намуданд, ки иҷрои барнома дар муассиса ба таври марҳилавӣ амалӣ шуда, шароити таълимиву тарбиявӣ тадриҷан беҳтар гардидааст. Мураббияҳо бо усулҳои нави таълим фаъолият доранд ва кӯдакон ба муҳити созгору фарогир фаро гирифта мешаванд.
Инчунин, мудири кӯдакистони №76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ш. Абдушукурзода дар мавзӯи «Омодагӣ ба давраи солимгардонӣ дар муассисаҳои томактабӣ» баромад намуда, қайд намуданд, ки бо наздик шудани фасли тобистон муассисаҳо барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ омодагӣ мебинанд. Дар ин самт, баргузории бозиҳои варзишӣ, машғулиятҳои фароғатӣ, таъмини ғизои солим ва назорати санитариву гигиенӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷалби фаъолонаи волидайн дар ин раванд муҳим мебошад.
Дар идомаи семинар Момогул Хоркашева — мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар тариқи маҷозӣ (онлайн) дар мавзуи «Чорабиниҳо ва механизмҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки барои татбиқи барнома муҳим аст, ки тамоми муассисаҳои томактабӣ чорабиниҳои муассир ва мувофиқро ба роҳ монанд. Момогул Хоркашева инчунин таъкид намуд, ки иҷрои барнома бо таваҷҷӯҳ ба кӯшишҳои якҷояи мураббияҳо, волидон ва мақомоти маҳаллӣ, ки барои беҳтар кардани шароити таълимӣ ва тарбиявӣ мусоидат мекунанд, амалӣ хоҳад шуд.
Семинар дар фазои ҳамкории мусбӣ ба анҷом расида, иштирокчиён ба мубодилаи таҷриба ва расидан ба ҳадафҳои барнома таваҷҷӯҳ карда, вобаста ба муҳтавои барнома ва роҳҳои амалисозии он, пурсишҳо ва пешниҳодҳо миёни иштирокчиён сурат гирифт.
Семинар бо изҳори сипос ба иштирокчиён ва омодагӣ барои идомаи ҳамкории минбаъда ба поён расид.