ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ ДАР БОРАИ ТАЪЛИМИ ШАҲРВАНДИИ ГЛОБАЛӢ

Аз 19 то 21 майи соли 2025 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Семинари минтақавӣ оид ба таълими шаҳрвандии глобалӣ (GCED) ба кори худ шуруъ намуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок карда истодааст.
Чорабинӣ бо ташаббуси ЮНЕСКО ва маркази APCEIU роҳандозӣ шуда, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон дар самти ворид намудани арзишҳои шаҳрвандии глобалӣ ба низоми таълим маҳсуб меёбад.
Рӯзи аввал бо суханрониҳои ифтитоҳӣ оғоз ёфта, дар идома намояндагони кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар сессияҳои гуногун вазъияти соҳаи маорифи миллии худро муаррифӣ карданд. Дар баробари ин, иштирокчиён бо Тавсияҳои навшудаи ЮНЕСКО (2023) ва роҳҳои амалисозии он дар сатҳи минтақавӣ шинос гардиданд. Гурӯҳҳои кории мавзӯӣ оид ба мушкилот, имкониятҳо ва пешниҳодҳои амалӣ ташкил шуда, дар онҳо табодули назар ва таҳлили муштараки масъалаҳо сурат гирифт.
Чорабинии мазкур барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва тақвияти низоми таълим дар заминаи сулҳ, таҳаммул ва масъулияти шаҳрвандии глобалӣ заминаи устувор фароҳам меорад.