23 майи соли 2025, дар доираи таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз руйи намудҳои шоҳмот ва шашка бо иштироки кулли кормандони муассиса баргузор гардид.
Нахуст мусобиқаро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Хуршед Амирхонзода ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушди фикри мантиқии кормандон, балки дар таҳкими ҳамбастагӣ, рушди муҳити дӯстона ва баланд бардоштани рӯҳияи эҷодию ҳамкорӣ дар дохили муассиса нақши муассир мебозад.
Хуршед Амирхонзода баён дошт, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи эътирофи нақши созандаи насли ҷавон дар пешрафти ҷомеа ва давлат буда, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ дар ин рӯз нишондиҳандаи таваҷҷуҳи амиқи роҳбарияти кишвар ба нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон аст.
Ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбиҳо орзу намуда, Хуршед Амирхонзода онҳоро ба ҳунарнамоии босавия, эҳтиром ба ҳамдигар ва риояи қоидаҳои бозии одилона даъват намуд.
Пас аз ифтитоҳи расмӣ, мусобиқа дар фазои озод, шавқовар ва созанда оғоз гардид.
Чорабинӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти зеҳнӣ ва ҷалби кормандон ба варзиши зеҳнӣ ташкил гардида, дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт.
Мусобиқа дар асоси қурракашии қаблӣ оғоз ёфта, тамоми бозиҳо бо риояи талаботи муқарраргардидаи варзишӣ ва принсипҳои адолатмандӣ гузаронида шуданд.
Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба ҳамдигар ва зиракии зеҳнӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаи роҳбарияти Марказ қадрдонӣ гардиданд.