РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН: МАСЪУЛИЯТИ МО ДАР НАЗДИ НАСЛИ ОЯНДА

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, рӯзи 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳим ва таъсиргузори иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа нисбат ба ҳуқуқ, амният ва беҳбудии зиндагии кӯдакон мебошад. Ин рӯзи таърихӣ на танҳо як ҷашн, балки як платформаи муҳими иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки тавассути он масъалаҳои мубрами марбут ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мавриди баррасӣ қарор гирифта, имконият фароҳам меорад, ки ҷомеа, , муассисаҳои таълимӣ ва волидайн дар якҷоягӣ саъй намоянд, то шароити иҷтимоӣ, равонӣ ва маърифатии кӯдаконро беҳтар созанд.
Дар доираи таҷлили ин рӯз, ҳамасола дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла форуми кӯдакон, намоишгоҳҳои ҳунарии кӯдакона, озмунҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, барномаҳои таълимӣ ва маърифатию ҳуқуқӣ баргузор мегарданд. Ин гуна иқдомҳо ба рушди маърифати ҳуқуқии кӯдакон, боло бурдани ҳисси масъулияти ҷомеа нисбат ба насли наврас ва ҳавасмандсозии кӯдакон ба омӯзишу худшиносӣ мусоидат мекунанд.
Аз дидгоҳи илмии иҷтимоиву равонӣ, ҷалби кӯдакон ба чунин фаъолиятҳо ба ташаккули шахсияти солим, баланд шудани сатҳи худшиносӣ ва рушду инкишофи қобилиятҳои зеҳниву эҷодии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҷашни мазкур як навъ арзёбии ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи кӯдакон ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар ин самт мебошад.
Дар доираи принсипҳои байналмилалӣ ва санадҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари узви СММ, соли 1993 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд ва ӯҳдадор гардид, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро дар сатҳи миллӣ ҳимоя намояд.
Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагии бехатар, таҳсилоти босифат, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, озодии ақида ва ифодаи он, инчунин ҳифз аз ҳама гуна зӯроварӣ ва беэътиноӣ, аз муҳимтарин ва асоситарин ҳуқуқҳои ӯ маҳсуб меёбанд, ки дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва кафолат дода шудаанд.
Дар иртибот ба ин, муассисаҳои таълимӣ, волидон ва дигар ниҳодҳо вазифадоранд, ки барои татбиқи пурраи ин ҳуқуқҳо шароити воқеӣ ва муассир фароҳам оранд.
Муассисаҳои таълимӣ дар рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва татбиқи ҳуқуқҳои онҳо нақши марказӣ доранд. Онҳо бояд на танҳо донишу малака омӯзонанд, балки муҳити эмин, баробар ва ғамхорона эҷод намоянд. Омӯзгорон бояд аз ҳуқуқҳои кӯдакон огоҳ бошанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ тавонанд кӯдаконро аз зӯроварӣ, таъна, таҳқир ё бетаваҷҷӯҳии ҳамсолон ва калонсолон муҳофизат кунанд. Инчунин, ба кӯдакон омӯзонидани ҳуқуқҳои шахсӣ ва тарбияи масъулияти иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои муҳими мактаб аст. Инчунин, оила аввалин муҳитест, ки шахсияти кӯдак дар он ташаккул меёбад. Волидон бояд ба ҳайси ҳомиёни табиии ҳуқуқи кӯдак амал кунанд — бо муҳаббат, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ. Онҳо уҳдадоранд, ки кӯдаконро бо тарзи ҳаёти солим, ахлоқи нек ва муносибати боэҳтиром ба дигарон шинос намоянд. Илова бар ин, волидон бояд аз ҳуқуқҳои фарзандонашон бохабар бошанд ва дар ҳолати зарурӣ бо мактаб, духтурон ва дигар ниҳодҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши муҳим ва барҷастае дорад. Ҷашн гирифтаниин рӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки кӯдакон на танҳо дар даврони имрӯза, балки ҳамчун поя ва ояндаи миллат ва сармояи беҳтарини инсоният шинохта мешаванд. Бо дарназардошти ин, ҷомеъа муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва оила ҳамкории густурдаи худро ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти кӯдакон тақвият медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки ҳамкории ин ниҳодҳо боиси беҳтар шудани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоид барои таҳсилу тарбия, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати оила ва ҷомеа дар самти эҳтиром ба ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти кӯдакон мегардад. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон дар муҳити солим ва бо дастгирии ҳамаҷониба рушд кунанд, аз ҳама гуна зӯроварӣ, беэътиноӣ ва камбудиҳои иҷтимоӣ муҳофизат шаванд.
Барои он ки кӯдакон тавонанд потенсиали худро ба пуррагӣ инкишоф диҳанд, муҳити иҷтимоиву иқтисодӣ бояд ба манфиати онҳо созгор бошад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони дорои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва муҳити оилавии солим, дар зиндагии минбаъда фаъолтар, масъулиятшинос ва муваффақ мегарданд. Аз ин рӯ, таъмини шароити муносиб барои зиндагӣ, таҳсил ва фароғати кӯдакон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
 
Насим Зарифзода,
Сардори раёсати таҳсилоти касбии МҶТМ