24 ноябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди вазорати маориф ва илми ҷумҳурии тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинар таҳти унвони «Парчам — рамзи ваҳдат ва ифтихори миллии мо» сурат гирифта, мақсади он боло бурдани маърифати миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва тарбияи ҳисси худшиносии шаҳрвандӣ буд.
Дар ҷараёни семинар мутахассисон Марказ доир ба таърих, мақом ва аҳамияти Парчами давлатӣ баромад намуда, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли наврас таъкид карданд. Қайд гардид, ки парчами миллӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдорӣ буда, ҳар як шаҳрванд бояд онро ҳамчун нишонаи ҳастии давлат ва ҳувияти миллии худ эҳтиром намояд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj