18 декабри соли 2025 идомаи семинари омӯзишӣ доир ба шиносоӣ бо натиҷаҳо ва муаррифии модели нави барномаҳои таҳсилотӣ, чаҳорчӯба ва модели барномаҳои таълимии омодасозии омӯзгорон ва барномаҳои намунавии таълимӣ барои омодасозии омӯзгорони фанҳои математика ва забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар идомаи семинар шунавандагон тибқи ҷадвал ба гурӯҳҳо тақсим шуда, доир ба масъалаи барномаҳои таълимии омодасозии омӯзгорон ва барномаҳои намунавии таълимӣ барои омодасозии омӯзгорони фанҳои математика ва забони тоҷикӣ муҳокима анҷом доданд. Зимни кори гурӯҳӣ иштирокчиён фикру пешниҳодҳои худро вобаста ба такмили муҳтавои барномаҳо, мутобиқати онҳо ба талаботи муосири соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон иброз намудан, натиҷаҳои кори гурӯҳӣ ҷамъбаст гардида, барои истифода дар раванди таҳияи минбаъдаи барномаҳои таълимӣ пешниҳод шуданд.
Инчунин дар анҷоми семинар намояндагони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ барои ҳамкории судманд, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории семинари омӯзишӣ ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миннатдории самимии худро баён намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj