СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ ОМӮЗИШӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

18 декабри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии омӯзишӣ таҳти унвони «Баррасии омӯзиши фаъолияти Шурои илми-методӣ ва иҷроиши бахши фанҳои заминавии нақшаҳои таълимӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии семинар таҳлили фаъолияти Шурои илми-методӣ, баррасии раванди татбиқи фанҳои заминавӣ дар нақшаҳои таълимӣ, инчунин муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои фанҳо ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот ба шумор мерафт.
Дар кори семинар маъмурияти Академия, аъзоёни Шурои илми-методӣ, мудирони кафедраҳо, омӯзгорони фанҳои заминавӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Иштирокчиён вобаста ба нақши Шурои илми-методӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ, такмили нақша ва барномаҳои таълимӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим табодули афкор анҷом доданд.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳои илмӣ-методӣ шунида шуда, масъалаҳои вобаста ба мушкилоти мавҷуда дар таълими фанҳои заминавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти самараноки Шурои илми-методӣ ва иҷрои босифати нақшаҳои таълимӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир нақши калидӣ дорад.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён аз гузаронидани чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таклиф карданд, ки чунин семинарҳо минбаъд низ ба нақша гирифта шуда, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таълим гузаронида шаванд.