ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РАШТ

Дар доираи сафари корӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан аз як қатор муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №27, инчунин Муассисаи таҳсилоти томактабии №7 дидан намуд.
Зимни боздид муовини вазир бо вазъи воқеии таълиму тарбия, шароити омӯзиш, сатҳи таъмини синфхонаҳо бо лавозимоти таълимӣ, риояи стандартҳои давлатӣ, ҳолати биноҳо ва заминаи моддиву техникии муассисаҳо аз наздик шинос гардид.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои давомоти хонандагон, сифати баргузории дарсҳо, истифодаи усулҳои муосири таълим, сатҳи омодагии касбии омӯзгорон, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, риояи либосҳои тавсиявии хонандагон, инчунин насбу ҷойгиркунии шиору овезаҳои тарбиявию маърифатӣ зоҳир карда шуд.
Муовини вазир дар ҷараёни боздид бо омӯзгорон, хонандагон ва роҳбарияти муассисаҳо суҳбату мулоқот анҷом дода, андешаҳои онҳоро оид ба мушкилот ва имкониятҳои рушди соҳаи маориф шунид. Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти омӯзгорон, инчунин фароҳам овардани муҳити солими таълимӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.
Муовини вазир ба масъулин ҷиҳати ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои беруназсинфии фаннӣ, ҷоннок намудани омӯзиши забонҳои русӣ хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, омодасозии хонандагони болаёқат барои иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани нақши муассисаҳои томактабӣ дар рушди зеҳнии кӯдакон дастуру супоришҳои мушаххас дод.