ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

26 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иброз гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддию техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсил анҷом ёфтааст.
Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода доир ба рафти иҷрои Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба муайян намудани эҳтиёҷоти раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ барои солҳои 2026-2027, сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2011, №6/26 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2009, №18/9 шунида шуданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои баррасишуда аз ҷумлаи самтҳои муҳимми рушди соҳаи маориф маҳсуб ёфта, татбиқи пайгиронаи онҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи зинаҳои таҳсил, боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои ҷавон ва мусоидат ба ташаккули насли босаводу эҷодкор равона гардидааст.
Раиси ҷаласа таъкид намуд, ки рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, такмили низоми қабули донишҷӯён, таъмин бо китобҳои дарсӣ, дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва тақвияти иқтидори зеҳнии хонандагон аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор мераванд. Вазир таъкид кард, ки амалисозии босамари ин равандҳо имкон медиҳад, то сифати таҳсилот боз ҳам баланд гардида, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият ёфта, замина барои тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод фароҳам оварда шавад.
Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати тадбирҳои банақшагирифташуда ҷалб намуда, ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ, боло бурдани сифати таҳсилот, таҳкими омодагии хонандагону донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин масъулияти бештар дар татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои тарбиявӣ супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон