ДАРС ВА МУҲАББАТИ ОМӮЗГОР
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Вақте ки ин байтро мехонем, бузургии намояндагони адабиёти «чун арӯс оростаю пироста»-и (Браун) классикиамон, аз ҷумла, хирадмандии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ пеши назар ҷилвагар мегардад. Дар ин байт барору нобарории дарс, мазмун ва сифату самаранокии дарс бар уҳдаи муаллим гузошта шудааст. Дарс, ки шакли асосии ҷараёни таълиму тарбия аст, лафзи арабӣ буда, дар ин забон бо се ҳарфи ҳамсадо навишта мешавад:
د ر س (д, р, с). Ҳар ҳарф маъно ва таъйиноти муайян дорад: ҳарфи д – د дарс, дониш, ҳарфи ر (р) – риёзат, азобу машаққат, заҳмат; ҳарфи س (с) ба маъноҳои сиёсат, идораи халқу мамлакат, тарзу роҳҳои идора, кордорию кордонӣ, дӯғу пӯписа, тарсондан, сахтгирӣ, ҷазо додан, азобу шиканҷа ва ғайра меояд. Аз ин анбуҳи маъноҳо мо сиёсат, кордонӣ, роҳу тарзҳои идораро дар ҷараёни дарс қабул дорем. Кордонию роҳу тарзҳои идора, масалан, идораю назорати аҳли синф дар ҷараёни дарс масъалаи маъмулест. Муаллим то идораи аҳли синфро ба даст нагирад, ба мақсади гузоштааш намерасад ва вазифаҳои таълимию тарбиявӣ, ки дар мақсади дарс ифода гардидааст, муаллақ мемонанд. Аз ин рӯ, пешниҳоди баъзе педагогҳои ИМА ва Аврупо бобати «дарсҳои демократӣ», «муносибати демократонаи муаллим дар синф» даъвои пуч ва беасос аст; дар ин пешниҳодҳо мо ғаразеро мушоҳида менамоем, ки набояд роҳ дод.
Бо «сиёсат» чӣ бояд кард? Муносибати мусбат бояд кард. Сиёсат ҷузъи таркибии ҳаёти инсон дар зиндагист. Инсони бомаърифат пас аз он ки дарс мехонаду ба қуллае мерасаду соҳиби ҷойи кору вазифа мешавад, сиёсати худро ҷорӣ намуда, ба ҳамин кордониашро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, сиёсат кордонии ҳамаро – роҳбарро, коргарро, деҳқонро, зиёиро, фаррошро, падару модаронро китобхону китобдорро хос аст. Аммо дар гузаштаҳои басо дур, масалан, шоҳию шоҳигарӣ меросӣ буд, шоҳон кӯшиш мекарданд, ки фарзандонашон дар самтҳои гуногун дарс гиранд, ба корҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсатмандӣ ворид шаванд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» ба нигоштаҳои муаррихони араб Табарӣ ва Диноварӣ такя намуда, дар бораи Баҳроми Гӯр сухан меронад, ки солҳои 420 – 437 бар тахт нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безавол омадааст, ки Баҳромро чор доя – ду араб, ду аҷамӣ парвариш кардаанд… Баъдтар се муаллим таъйин мегарданд: яке дабирӣ, дуюмӣ – шикор, сеюмӣ – ҳунари ҷанг меомӯзонданд. Маҳз заҳмату ранҷи дояҳо ва дарсҳои муаллимон буд, ки Баҳром аввал ба дараҷаи сарлашкарӣ, баъд ба подшоҳӣ расид.
Омӯзгор ҳангоми гузаронидани дарс ба он шарт комёб мегардад, ки:
- мақсаду вазифаҳои ҳар дарс пешакӣ муайян гардида бошад;
- талабаҳо дар оғози дарс аз ин вазифаҳо огоҳ гарданд;
- дарсҳо мунтазам давом кунанд, байни онҳо холигие ба вуҷуд наояд;
- мунтазамии дарс гарави асосии пайдарҳамии донишҳо, ҳосил намудани маҳорату малакаҳост;
- дарс ба салоҳиятмандии хонандагон нигаронида шавад, то ки талабаҳо донишҳои ҳосилкардаашонро дар амал татбиқ карда тавонанд;
- талабагон бо шуурона дарк намоянд, ки иштироки онҳо дар ҳар дарс ҳатмист;
- дар дарс муаллим аз усул, тарзу воситаҳои гуногун, технологияи муосири таълим самаранок истифода барад;
- муаллим дар ҳар дарс аз корҳои таълимии умумӣ (дастаҷамъӣ), гурӯҳӣ ва фардӣ кор гирад;
- дар мавриди зарурӣ аз алоқамандӣ ва ҳамгироии фанҳои таълим истифода шавад;
- дар ҳар дарс дар робита ба дониш, маҳорату малакаҳои талабагон бояд рафтор кард;
- дарс бояд ба макони ҳақиқии тарбия ва рушди муназзами инсону фикру андешаи эҷодӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, кору заҳмат, ҷисм (бадан) некхоҳӣ нисбат ба инсон (гуманизм), зебоиписандӣ, сарфаю сариштакорӣ мубаддал гардад;
- дар ҷараёни дарс ҳамкории омӯзгору талабаҳо шарти асосии омӯхтани донишҳо, ҳосил намудани маҳорату малакаҳост.
Инак, вақти он расид, ки бобати «замзамаи муҳаббат»-и омӯзгор сухане чанд бигӯем. «Замзамаи муҳаббат» на дар қаду қомат, сару либос, афту андом, дороию нодорӣ (ҳарчанд ки инҳо ҳам муҳиманд), балки дар дониши касбӣ; сифат ва самаранокии ҷараёни таълим; маҳорати касбӣ; худшиносию худомӯзӣ; дӯст доштан ва ғанимат донистани зиндагӣ, бовар ба оянда; муҳаббат ба Ватан, ба касбу кор, ба шогирдон ҳамчун фарзанди худ; дили пурэҳсосу тафаккури эҷодӣ; пиндору гуфтору кирдори нек; тани солиму рӯҳи солим ифода меёбад.
Дониш ва маҳорати касбии муаллим, оҳанрабоест, ки диққати талабагонро ба худ ҷалб мекунад. Беҳуда бузургони мо ин қадар донишро васф накардаанд. Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ва Фирдавсии хирадманд меафзояд:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Омӯзгори оянда бо ин пандҳо мусаллаҳ гардида, вақте ки дар мактаб, коллеҷ ва донишгоҳ таҳсил менамояд, вақтро ғанимат дониста, аз устодони донишманду китобу китобхонаҳои муҷаҳҳаз самаранок истифода мебарад. Баробари ҳуҷҷат дониши кофӣ гирифта, бо дили пур ва хотири ҷамъ ҷониби мактаб, ба истиқболи шогирдони оянда метозад. Вале донишу донишандӯзӣ баробари хатми донишгоҳ ба охир намерасад. Ба охир намерасад, зеро дониш ҳошия надорад. Он мувофиқи пешравии ҷомеа рушд меёбад. Бинобар ин, муаллимро зарур аст, ки ба такмили ихтисос ва худомӯзӣ машғул шуда, китоб, рӯзномаю маҷаллаҳои касбӣ хонад, фикру андешаҳояшро иброз дорад. Ҳамзамон, шогирдонро дар ҳамин рӯҳ, махсусан, китобу китобхонӣ, мустақилона ва озодона баён намудани фикр тарбия намояд. Муаллими бофарҳангу ҳуш дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯза ва ҳарсоатаи худ ба сифат ва самаранокии донишу таълим эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Сифат сатҳ ё дараҷаи дониш аст, самаранокии он – татбиқи дониш дар амал. Агар ҳамин мантиқи илму амалро риоя накунем, ба қавли Саъдии ширинбаён, нодонем.
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Лек агар мутобиқати илму амалро риоя намоем, ба ифодаи Ҳилолӣ, қадрамон ҳазорон ҳазор меафзояд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Масъалаи муҳими дигар, ки бояд муаллим эътибор диҳад, тарбия аст. Мо дар чанд асару мақола, аз ҷумла, дар «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» таъкид кардаем, ки тарбия пешопеши таълим ё муқаддам аз таълим аст. Ин тезис дар илми педагогикаи муосири тоҷик, ҳатто Россия мақоми худро ёфт. Тарбияи инсони сазовор баробари муқаддам будан мушкил ҳам ҳаст. Агар омӯзгор дар таълими фан китоби дарсӣ дошта бошад, дар тарбия надорад. Бинобар он, ӯ дар фаъолияти худ ба дастуру мақолаҳои тарбиятӣ, таҷрибаи амалии шахсиятҳои номдору машҳур, мушоҳидаҳо ва дидаю шунидаҳои худ такя карда, ҳамчун падар ё модар муносибат менамояд. Ишораи ҳазрати Абдураҳмони Ҷомӣ «замзамаи муҳаббат» маҳз дар ҷараёни тарбия маънои ҳақиқии худро пайдо мекунад. Ин ишора, пеш аз ҳама, муаллимро огоҳ месозад, ки аз ду амали бад ҳазар намояд:
а) ҷазои ҷисмонӣ;
б) забони дурушту талху тунд.
Ин ҳар ду дар тарбия зараровар аст.
Муаллим дар мактаб на бо калонсолон, балки бо кӯдакон – талабагон сару кор дорад. Бинобар ин, вай бояд ҳамчун мураббӣ, тарбиятгари мушфиқу меҳрубон, серҳаракат, чеҳракушоду ҳозирҷавоб бошад. Табассум чеҳраи ин гуна муаллимонро тарк накунад. Барои омӯзгор таънаю пичинг, беҳудаю баҳуда дод задану ғавғо кардан бегона аст. Муаллим ба аспи ҷаҳл ҳеҷ гоҳ савор намешавад, тасаввуроти (фантазия) бой, лафзи ширин, забони равону гӯё дошта, бо санъату маҳорати педагогии худ бачаҳоро мафтун мекунад, дурро наздик, мушкилро осон, мураккабро сода мегардонад. Омӯзгор хусусиятҳои психологӣ, педагогӣ, ҷисмонӣ, сиҳатию саломатӣ, шароити зиндагию хонавода, касбу кори волидайнро омӯхта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ сармашқи кор қарор медиҳад. Муаллим қатъи назар аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ, ҳамеша ба синф бо сари баланд ва чеҳраи пуртабассум ворид мешавад. Аз табассуми муаллим чеҳраи аҳли синф гул мекунад; балки ҷаҳон гул мекунад; дил муътадил метанад; раванди таълиму тарбия ҷони тоза мегирад; дастҳо боло мешаванд; девори байни талабаҳою муаллим бардошта мешавад; муҳаббат, майлу хоҳиши хонандагон ба мактабу таълим, ба омӯзгору китоб меафзояд; агар бачаҳо дар симои муаллим боз як ҳамдарсу ҳамшарики худро бинанд, омӯзгор дар симои шогирдон шахсони хирадманд, роҳбарони оянда, фидоиёни халқу Ватанро мебинад.
Комёбиҳо ёратон бод, муаллимони арҷманд!
Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА,
академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
доктори илми педагогика