Thursday, November 21, 2024
Мақола

ОМӮЗГОР КИСТ?

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар арсаи илми каломи бадеъ донишмандони зиёде ба пажӯҳиши шеър ва иншои таърифи он пардохтаву фаровон гуфторе аз ин лиҳоз рӯи коғаз овардаанд, вале бо ин ҳама ба иқрори ҷавонмардонаи худи эшон (дар илм ин ҳодисаест камназир) ва ба таъкиди хирадсолорони дунёи адаб шеър чун сухани мавзун ва дилрабо ҳамоно бетаъриф монда, яъне таърифи шоиставу комили худро наёфта. Аҳли таҳқиқ дар ниҳоят ба хулосае чунин расидаанд: даргумон аст, ки замоне таърифи комилу мақбули шеър арзи ҳастӣ намояд. Фаровон шоироне шеър андар ситоиши шеър гуфтаанд ва ҳарчанд дар ин росто дурри сухан суфтаанд, дар ниҳоят ба хулосае расидаанд, ки шеърро таърифу тавсифе волотар ва болотар аз ин мебояд. Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ низ шеъре дар шаст мисраъ дар тафсири шеър қаламӣ кардаву дар фарҷом бо ҷавонмардии лутфомез иқрор овардаанд:

«Балки… Эй вой!
Бахудо, ман худ
Шеър мегӯяму
намедонам…»

Чаро чунин уфтода? Шояд аз он ки шеър каломи қудсист ва саҳлу сода набошад ташреҳи инчунин калом. Шояд аз он ки шеър ба гунаи муъҷизаест ва дар лобалои муъҷиза забонҳо лол бимонанд. Шояд аз он ки шеър муҷассамаи зебоист ва дар рӯбарӯи муҷассамае чунин табиист, ки ҳар соҳибдиле саропо мафтуну бехуд гашта, аз ҳар амале дигар оҷиз мемонад ва басо кӯшаду ҷӯшад ҳам, сухан аз баҳри тасвири ин ҳолати рӯҳонӣ намеёбад…

Ғолибан таърифи шеър ба ҷуз худи шеър чизе дигар наметавонад бошад.

Борҳо сари нуктае ба андеша рафтаам: байни шеър ва омӯзгор дар робита бо муқаддимаи боло иртиботе, пайванде бамантиқ ҳаст Он гуна ки таърифи шеър пеши аҳли адаб гарон уфтода, низ касе аз аҳли қалам бо ин ҳама нигоштаҳое фаровону маънирез ва тавзеҳбар посухе фарогиру пазиро ба суоли «омӯзгор кист» нагуфта.
Воқеан, кист омӯзгор? Ин маврид ба яқин ҳар касе ҳам метавонад гуфтан, ки суолест ба камоли содалавҳӣ ва ноогаҳӣ. Охир, ба тавсифу таърифу мадҳу ситоиши ин шахси муътабар ва хушгуҳар чӣ қадар шеъру ҳикояву мақолаву рисолаҳое гуфта шудаанд! Ва ҳама саршор аз меҳру муҳаббат, моломол аз садоқату самимият. Дар бузургдошту арҷгузории омӯзгор силсилакитобҳо рӯи даст омадаанд, рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамвора мадеҳаву шиносномаҳо ба табъ мерасонад, садову симо гуфтору намоишҳои дилчасп таҳия менамоянд…
Ба ин ҳама ба гунаи суоли «шеър чист» суоли «омӯзгор кист» ҳамоно беҷавоб монда.

Омӯзгор пешвои ҷамъият аст. Машъале фурӯзон ба даст дорад аз хирад, аз маърифат, аз садоқат, аз муҳаббат. Машъале, ки мардумро ба ҷодаҳои нуронӣ, ба арсаи рӯзгорони пурнишот ва гулбезу маънирез ҳидоят менамояд.

Омӯзгор қиблаи ҷамъият аст. Мардум сари ҳар амалу ҷадали хеш, сари ҳар уқдакушоие, сари ҳар тасмиму андешае… рӯй ба ӯ ме оваранд, бо ӯ маслиҳату машварат меороянд бо эътиқоду эътимод, бо ихлосу муҳаббат, бо бовар.

Барзгари мазрааи дилҳост омӯзгор. Барзгаре, ки танҳо тухми некиву накӯкорӣ, сидқу вафо, тухми хирад бикорад ва ин мазрааро ҳамора бо шаҳдоби сухан шодоб бинамояд.
Омӯзгор будан ҳамеша, ҳама ҷо, ҳар соатеву ҳар лаҳзае аз хеш, аз дигарон, аз атрофу акноф, аз кулли оламу одам огаҳ будан аст. Омӯзгор ба сони Рустами Дастон мудом бо ғуруру шаҳомат дар ҳимояти бани башар ҳушёру бедор ва садди устувор аст, ниҳеби ӯ алорағми зилмату хиёнат, зиштиву нобакорист. Заҳҳоккушу Ковапарвар аст омӯзгор!
Зарра-зарра барои имрӯзу фардои зиндагӣ фидо гаштан, сӯхта-сӯхта дилҳоро ба субҳу шоми зиндагӣ гарм кардан омӯзгорист. Аз вартаҳои балохез вораҳонидану ба паҳноҳои гулрез расонидани инсонҳо омӯзгорист. Дасти ҷаҳлу кина аз гиребонҳо бишкастану роҳ ба равзаи ишқу умед ҳамвор кардан омӯзгорист.
Фидокор аст омӯзгор. Тамоми умр биомӯзаду биомӯзонад ва ҳама дам пеши назари ӯ шогирд аст, шогирде, ки беш аз ҷон дӯсташ дорад, шогирде, ки маънии зиндагии ӯст, шогирде, ки нидои «салом, муаллим»-аш варо гуворотар аз ҳама шодмониҳои рӯзгор бувад.
Захмҳои носури ҷомеаро даво гаштан, мудом дӯшбори масъулият доштан, аз вақт пеш тохтан, ғаразҳо аз дилҳо охтан, нури дида дар тобиши чароғ бохтан, ҷисму ҷон адо кардан ва манофеи мардум муддао кардан омӯзгорист.
Омӯзгор тамоми умр бӯр ба даст ноаён сафедии онро ба сар мекӯчонад, ғарам-ғарам китобҳоро варақ-варақ сафҳагардон карда, андармони дигарон худ ноогаҳ аз он мемонад, ки инак, аз шаҳкитоби зиндагияш сафҳаҳое башумор монда.
Нуронитар, дилкаштар аз чеҳраи омӯзгор чеҳрае набвад дар рӯзгор. Ҳамарӯза садҳо ҷуфт чашмони меҳрполо дӯхта ба ин чеҳра мешаванд бо меҳру ихлосу эътимод. Ҳамарӯза тавассути ҳарфу ҳиҷои хирадоини омӯзгор чун тавассути нардбоне устувор тифлони имрӯз зинае чанд ба боло, ба муҳити фардо мераванд,ба муҳите, ки оростану перостанаш ба дӯши эшон аст.
Пайванди имрӯзу фардоро сарҳалқаи зарин аст омӯзгор. Маънибахши ҳастии мо, аъмоли мо, ҷаҳду талошҳои мост омӯзгор. Хиради ӯ, азму талоши ӯ, сӯхтанҳову сохтанҳои ӯ кафолат ба фардои дурахшонтару тарабрезтар аст. Аз ҳиммату шарофати ӯст, ки мо «аз хуб ба хубтар шитобем». Аз ҳикмати ӯст, ки мо, ҳама, созгор ба зиндагӣ гаштаему аз қайди макру ҳияли рӯзгор берун ҷастаему кӯлбори гарони ҳастиро бо тавонмандӣ ба дӯш мебарем. Магар камоли эъҷоз нест, ки чаҳор девори маҳдуди синфхонае аз қудрати сухану аз маҳорати беқиёси омӯзгор ба паҳнои бавусъати ҷаҳон табдил меёбад, фазои он аз парвози сухани ӯ убур аз ҳафт қабади осмон мекунад. Зиҳӣ қудратмандӣ, зиҳӣ эъҷоз, зиҳӣ пешаву пешавари бузургу беҳамто!
Омӯзгорӣ муродиф ба шабҳои бехобӣ, муродиф ба фидокорӣ, муродиф ба сириштороӣ, муродиф ба омӯзишу ҷустуҷӯи ҳамешагист.
Омӯзгор онест, ки ҳамеша китобу дафтару хома рӯи даст дорад, ҳамеша дар фикру зикри он аст, ки чӣ тарзу тариқи мақбулу бештар корагару созгореро дарёбад, то шогирдонашро ҳар чӣ бештар вуруд ба олами вусъатманду дилписанди илму дониш созад. Тору пуди ҳас­тии омӯзгор сиришта аз накӯкориву созандагист. Агар маънии рӯзгорони ӯро ба се вожа ифода карданӣ шавем, кофист, ки се раҳ заҳмат бигӯем.
Кушоишгарӣ умдатарин хосияти омӯзгорист. Ӯст ҷаҳонкушо, кайҳонкушо, кишваркушо, мушкилкушо, раҳкушо, уқдакушо… Ва ҳар кӣ кушоишу раҳоишу осоиш бихоҳад, боядо домани омӯзгор бигирад, тоати ӯ бибарад, ба ибораи шоир, «бар чашм хоки пояш чун тӯтиё гузорад».
Омӯзгор… Оҳ, чӣ қадар оҷизу камҳунарам ман дар тафсири ин вожа!
Алғараз, посухе комил, посухе фарогиру сазовор надорад суоли «омӯзгор кист» ба гунаи суоли «шеър чист». Ва он ҳама ситоишномаҳо дар васфи омӯзгор (ва шояд гуфтаҳои боло низ) зикрияҳое аз сари меҳру эътиқоданд дар ҳошияи суоли мазкур.
Ончунон ки гуфта шуд, таърифи шеър ба ҷуз худи шеър дигар чизе наметавонад бошад. Ба ин гуна посух ба суоли «омӯзгор кист» низ худи омӯзгор, зиндагиву корзори ӯст. Дигар ҳеҷ.

Абдурауф Муродӣ,
рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *