НАҚШИ РОҲБАР ДАР ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ
Муваффақияту пешравии кори муаллим, умуман ҷараёни таълиму тарбия дар навбати аввал ба фаъолияти эҷодию кордонии роҳбари муассиса вобастагии зич дорад. Зеро роҳбари муассиса роҳу равиши корбарии омӯзгоронро омӯхта, диққати асосиро барои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон равона месозад.
Қисми зиёди муаллимон омили паст будани дониши хонандагонро, пеш аз ҳама дар надоштани завқу хоҳиши омӯзиши онҳо мебинанд, аммо дар бораи натиҷагирии кори худ фикр намекунанд. Дар бисёр мавридҳо савияи пасти касбии муаллим ва шавқу ҳавас надоштан ба ғанӣ гардонидани дониши худ, сабаби асосии сатҳи пасти дониши хонанда мегардад. Дар қатори дигар сабабҳои объективӣ, инчунин дастгирӣ наёфтани омӯзгор аз тарафи волидони хонандагон, камбудӣ дар роҳбарии коллектив мебошад.
Чи тавре ки маълум аст, баъзе барнома ва китобҳои дарсӣ аз маълумотҳои дуюмдараҷа, ки ба талаботи замони муосир ва ҳаёти воқеи ҷавобгӯй нест, таҳия гардидаанд. Хуб мебуд, агар барномасозон ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамкорӣ карда, фикру ақидаҳои онҳоро ба инобат гиранд, зеро ҳамаи каму кости барномаи таълимӣ дар ҷараёни таълим ба назар мерасад. Инчунин китобҳои дарсӣ дар асоси барномаи таълимӣ таҳия карда шаванд. Дар рафти таълим маълум мегардад, ки китобҳои дарсӣ ба барномаҳои таълимӣ мувофиқат намекунанд.
Агар муаллимон аз рӯи усулҳои пешин меҳнат намоянду сатҳи пасти кордонӣ дошта бошанд, пас хоҳиши пайваста мукаммал гардонидани захираҳои методии худро надоранд. Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳоро зарур аст, ки баҳри иҷрои нақшаи таълимӣ талош варзанд. Ба эътибор гиранд, ки омӯзгорони муассиса аз илму техника ва технологияи нави муосир огоҳ бошанд ва истифодаи васеи онҳоро дар дарсҳояшон аз роҳу усулҳои замонавӣ истифода бурда тавонанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши касбии муаллим баъзе омилҳои беруна низ таъсири бевосита расонида метавонад. Ин, пеш аз ҳама хайрхоҳона қадр кардани фаъолияти муаллим аз тарафи роҳбар ва ҳамкасбон мебошад.
Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар он вақт муваффақият ва пешравии кори муаллим ҳис карда мешавад, ки агар таъсири асосиро дар ин раванд роҳбари муассиса, худомӯзӣ ва худтакмилдиҳии муаллим боис гардад.
Таассуфовар аст, ки бисёр роҳбарони муассисаҳо ба коллективи педагогӣ барои баланд шудани маҳорати касбии омӯзгорон таъсири зарурӣ намерасонанд. Натиҷаи кори муаллимро мувофиқи мақсад арзёбӣ намекунанд. Дар баландшавии маҳорати касбии омӯзгор муваффақиятҳои бадастовардаи ӯ қадршиносӣ зоҳир намешавад.
Хоҷа Насриддини Тусӣ дар асари пандуахлоқиаш «Ахлоқи носирӣ» дар хусуси равобити инсонӣ ба роҳбар тавсия медиҳад, ки муносибати худро бо зердастон бояд дар асосӣ муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ ба роҳ монад, на дар асосӣ тарс. Роҳбарон фаъолияти худро барои таъмини имкониятҳои тамоми зердастон равона намуда, ҳамеша дар талош бошанд ва бо онҳо чунон рафтор намоянд, ки кормандон инро эҳсос намуда, аз рӯи виҷдон кор кунанд, на аз рӯи маломат.
То ҳол барои баҳодиҳии меҳнати омӯзгор меъёри боэътимоду мустаҳкам вуҷуд надорад. Барои ҳамин омӯзгор ба ҳаяҷон омада, баъзан вақт бо тарсу ҳарос баҳои корашро интизор мешавад. Дар чунин ҳолат хайрхоҳӣ намудан, ҷиҳати мусбиро нишон додан, қаноатмандии худро гуфтан, таҳсин намудан ва қайд намудани муваффақияти омӯзгор дар ҳузури коллектив – ҳамаи ин барои муаллим аҳамияти беандоза дошта, ба ӯ пару бол мебахшад, аз ҳама зиёд воситаи таъсирбахш дар баландравии кори эҷодии ӯ мегардад.
Таҷрибаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки дар байни шаклҳои гуногуни баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон таъсирбахштаринаш дарсҳои намунавӣ ва ёрии бевоситаи байниҳамдигарии онҳо мебошад. Дуруст мегӯянд, ки «як бор дидан, беҳтар аз сад бор шунидан». Даромадан ба дарси намунавии муаллими соҳибтаҷриба ба баланд гардидани маҳорати касбии ӯ мусоидат мекунад. Лекин на ҳамеша чунин дарсҳо дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ мегузаранд. Баъзан дар чунин дарсҳо як намоишкорӣ дида мешавад, ба монанди пешакӣ хонандагонро омода кардан, машқ гузаронидан. Агар дар дарси намунавӣ таҷрибаи хуби шахси обрӯманди коллектив нишон дода шавад ва муаллимони ба дарс даромада мақсади омӯхтани таҷрибаи пешқадамро дошта бошанд, дар он вақт ин дарсҳо боиси баланд гардидани маҳорати эҷодии муаллимон мегардад.
Роҳҳое, ки аз ҳама зиёдтар ба кори муаллим таъсири бевосита мерасонанд, ин қадр намудани меҳнати ӯст. Аҳамият додан ба муваффақияту пешравиҳои муаллим боиси баландравии фаъолияти педагогӣ мегардад. Талаботи сахт аз тарафи роҳбар ва коллектив дар фаъол гаштану эҷодкор будани омӯзгор он қадар нақши муҳиме намебозад. Аз ин ҷо бармеояд, ки равиши эҷодкорӣ мураккаб буда, баркамол гардонидани шахсият ба фишороварӣ аз тарафи маъмурият он қадар натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва ин шеваи кор дар санъати роҳбарӣ қобили қабул нест. Муваффақият дар он вақт ҳис карда мешавад, ки агар майлу хоҳиши ботинии шахс ба кор зиёд бошад, кӯшиши ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар вай дида шавад.
Таълим ҳамон вақт шавқовар мешавад, ки агар дониш, малакаю маҳорати даркорӣ барои рушди ҳаёт истифода бурда шавад ва дар ин маврид ба натиҷаи самаранокии раванди таълиму тарбия умед бастан
мумкин аст.
Хулоса, роҳбарони муассисаҳоро зарур аст, ки баҳри тағйир додани симои муассиса, мазмуну мундариҷаи таълим, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами он ҳайрхоҳона ва воқеъбинона ба фаъолияти омӯзгорон баҳо дода, дар онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ, овардани фоида ба ҷамъият, бетараф набудан ба тақдири хонандагон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи навини муосир ва эҷодкориро тарбия намоянд.
Ҷамшед Намоззода,
директори Муассисаи давлатии таълимии
«Мактаби Президентӣ барои хонандагони
болаёқат дар шаҳри Ҳисор»