Friday, January 31, 2025
Мақола

ОМӮЗИШИ ОМЕХТА: ОМИЛҲОИ ТАКМИЛБАХШ

Омӯзиши омехта беш аз пеш дар омӯзиш ва парвариш роиҷ мешавад. Дар ин навишта ба тарҳи омӯзишӣ, омилҳо ва барномаҳое, ки боиси рушди он ҳастанд, таваҷҷуҳ мекунем.

Омӯзиши омехта чист?

Оё ёд доред? Замоне мактаб рафтан ба маънои он буд, ки баробари занг задан бояд дар курсии худ менишастед. Мумкин дар тӯли даврони омӯзишатон қадре имкон барои гуфтугӯи онлайнӣ доштед, вале имрӯз равише, ки рӯз ба рӯз маҳбубтар мешавад, ин ду таҷрибаро ба ҳам меомезад.

Омӯзиши омехта равиши таълимиест, ки таълими анъанавиро бо фановарӣ дар сатҳи гуногун ҳамгиро мекунад. Масалан, дарсеро бо шакли омехта фақат ҳафтае як бор дар синф метавон ташкил кард, аммо дар дарси онлайнӣ ҳамаи имконоти омӯзишӣ аз дур дар дастрас аст, яъне, метавон, бе ташвишу сарфи вақт дар дарс иштирок кард.

Омӯзиши омехта бо истифода аз сарчашмаҳои рақамӣ домони омӯзишро фаротар мегардонад. Ин равиш таълимро ба тариқи онлайну рӯёрӯ дар бар гирифта, дастоварду ҳамкорӣ ва шавқмандии донишомӯзро метавонад афзоиш диҳад. Хулоса, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар омӯзиш бештар мустақилият нишон диҳанд ва фаъол бошанд.

Чаро омӯзиши омехта маъмулӣ мешавад?

Аксар вақт баҳси болоравии бартарии омӯзиши умумӣ дар миён аст. Дар робита мураббиён ҳам бояд дар муҳити муқаррарии мактаб ба ниёзҳои ягонаи ҳамаи шогирдон аҳамият диҳанд. Ин мушкил тарҳи омӯзиши омехтаро ба мураббиён ва хонандагон ҷаззоб гардонда, барои ҳарду ҷониб аҳамиятнок аст.

Афзалияти иқтисодӣ

Тарҳи омӯзиши омехта арзиши анҷоми фаъолиятҳоро дар мактабҳо коҳиш медиҳад. Вақте ки теъдоди ҷаласоти рӯ дар рӯ камтар мешавад, табиист, ки теъдоди коркунон, ҳамчунин, ашёи даркорӣ, хизматгузорӣ дар нигоҳубину ҳамлу нақл ҳам коҳиш меёбад.

Азхуднамоӣ ва мутаносибсозӣ

Дар дарси анъанавӣ омӯзгорон асосан бар асоси лаҳзаҳои муайяну қолабии дарс кор мекунанд. Ин амр вақте мушкилсоз мешавад, ки хонандагон ниёз ба кумак ё таваҷҷуҳи изофӣ дошта бошанд. Тарҳҳои омӯзиши омехта метавонанд, ҷанбаҳои азхуднамоиро мутаносибан ба ҳамаи хонандагон баробар имконпазир гардонанд. Зеро бо ин равиш хонандагон метавонанд, мустақилона рушду такомул ёбанд ва вақти бештаре барои амалҳои мавриди алоқаашон сарф кунанд.

Ба ибораи дигар, аз тариқи муҳтавои азхудшуда хонандагон метавонанд, нақши фаъоле дар омӯзиш дошта бошанд. Омӯзиши омехта дасти муаллимонро боз мегузорад, зеро агар хонандагон дар бораи чизе ниёз ба кумаки изофӣ дошта бошанд, манбаъ ҳамеша дар ихтиёрашон мебошад. Дар зимн, тарҳҳои омӯзиши омехта таълими баробарии матолибро имконпазир мегардонанд, зеро хонандагон ва муаллимон дигар ба лаҳзаҳои муқаррарии дарси анъанавӣ мутеъ набуда, имкони бештари ташкилу баргузории дарси шавқовар дар ихтиёр доранд.

Роҳатбахш

Агар кор кардан бо либоси роҳатӣ дар манзил бароятон ҷаззоб ба назар мерасад, пас, омӯзиши омехта комилан мувофиқи муроди шумост. Тарҳҳои омӯзиши омехта хушоянданд. Аз он ҷо ки ин омӯзиш дар маконе дастрасӣ ба интернет вуҷуд дошта, зарурати коҳиш ёфтани рафту омад ба миён меояд. Дар зимн, тарҳҳои омӯзиши омехта маъмулан, ба муаллимон ва хонандагон иҷоза медиҳанд, ки замонбандии худашонро дошта бошанд. Ин амр, ба вижа, барои касоне хушоянд аст, ки илова ба дарс хондан, бояд ба хонавода ё корашон бипардозанд.

Коромадӣ

Тарҳҳои омӯзиши омехта судмандтар аз равишҳои анъанавии таълим ҳастанд, чунки омилҳои душвор ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонандагон коҳиш ёфта, дар камтарин вақт дастоварди бештарро соҳиб шудан мумкин аст. Омӯзгорон ба ҷойи ин ки монанди шеваи анъанавии дарс барқарории низом вақт ҷудо намоянд, вақташонро бештар ба омӯзиш ва дастгирии хонандагон сарф мекунанд. Хонандагон назорат ва масъулиятпазирии бештаре нисбат ба корашон эҳсос мекунанд ва ба далели камтар будани омилҳои ташвишовари дохилисинфӣ, маъмулан, имкон пайдо мекунанд, ки дастовардҳои бештаре дошта бошанд. Ин тавсия дар афзоиши томи фаъолият қобили мушоҳида аст.

Муассирӣ

Тарҳҳои омӯзиши омехта дар азхудкунии маводи таълимӣ барои хонандагон бисёр асарбахшанд. Дар тарҳҳои омӯзиши омехта хонандагон дастовардҳои бештареро ба намоиш мегузоранд, зеро бо нутқи мураттаб дар ҷараёни фаъолияти дохилисинфӣ бо истифода аз технология вокуниш нишон медиҳанд. Ба илова, дар сурати истифода аз тарҳҳои омӯзиши омехта эҳтимоли идомаи таҳсили хонандагон бештар аст. Ин назар, эҳтимолан, ба далели он аст, ки хонандагон низ эҳсоси муваффақият ва ангезиши бештаре доранд.

 Муаллимон, ғолибан, барои аз амалкард (фаъолият) то ба сатҳи хосе дар синф расидан ва хонандагон барои мусоидат кардан ба тарҳҳои омӯзиши омехта бо афзоиши муваффақиятҳо хеле заҳмат мекашанд. Муассирии тарҳҳои омӯзиши омехта ба афзоиши ризоияти омӯзгорон низ кумак мекунад, барои ин ки маҷмуи амалҳои омӯзиш сода ва дастрасанд.

Тарҳҳои омӯзиши омехта ҷузъе аз дарси муқаррарӣ бо навигариҳои технологӣ мебошанд. Маҳбубияти ин тарҳҳо дар ҳоли афзоиш аст. Омилҳои пешбарандаи ин тарҳҳо аз афзалиятҳои иқтисодӣ, тавоноӣ, азхуднамоӣ ва мутобиқнамоии барномаи дарсӣ, роҳатбахшӣ, коромадӣ ва муассирӣ иборатанд. Хулоса, тарҳҳои омӯзиши омехта барои ҳар ду гурӯҳ: хонандагон ва муаллимон хушоянд ва созгоранд.

Оё достони кӯдаконаи “Тиллояк ва се хирс”-ро ба хотир доред? Тиллояк се курсӣ ё се тахти мухталифро имтиҳон мекард. Яке ҳамеша хеле бузург буд, дигаре хеле хурд ва яке комилан андозаи миёна дошт. Вақте дар бораи омӯзиши омехта фикр мекунам, ҳамин ёдам меояд: интихобе, ки комилан муносиб аст.

Омӯзиши омехта комилан муносиб аст, чунки ҷузъе аз омӯзиши рӯ дар рӯро бо ҷузъе аз омӯзиши онлайн дар бар мегирад. Ҷузъи онлайнии дарси омехта метавонад, як дарси воқеӣ бошад, ё синфхонаи компютерӣ, ё ҳатто манзили зист. Мактабҳо ба далоили гуногун омӯзиши омехтаро вориди барномаи дарсиашон мекунанд. Чунончи, дар ин мавридҳо:

  • ба муаллимон иҷоза медиҳанд, таълимро аз худ кунанд, дар ин сурат хонандагон метавонанд бо майлу суръати худ ба мавзуъ рӯ оранд;
  • ба хонандагон иҷоза медиҳанд, ки дар муҳити онлайн бо ҳам кор кунанд;
  • марзҳои синфҳоро мебанданд, зеро донишомӯзон дар муҳити онлайн метавонанд, бо ҳамсолонашон дар синфҳои дигар ё мактабҳои дигар кор кунанд.

Ҳоло ба бархе тарҳҳои роиҷи омӯзиши омехта назар мекунем. Чаҳор тарҳ ҳаст, ки мактабҳо метавонанд, ҳангоми омӯзиши омехта аз онҳо истифода кунанд: тарҳи чархишӣ, тарҳи бозгашт, тарҳи интихобӣ, тарҳи маҷозӣ.

  • Дар тарҳи чархишӣ анвои фаъолияти омӯзишӣ ба сурати чархидан, давр задан дар ихтиёри хонандагон қарор мегиранд, ки яке аз ин фаъолиятҳо омӯзиши онлайн аст. Гоҳе омӯзиши онлайн дар муҳити воқеии синф ё синфи компютерӣ иттифоқ меафтад. Дар ин тарҳ донишомӯзон пеш аз ҳар ҷаласаи синфӣ дар фаъолиятҳои онлайнӣ ширкат мекунанд.
  • Дар тарҳи бозгашт донишомӯзон вақти дар синф будан дар омӯзиши онлайн ширкат мекунанд. Хонандагон метавонанд, бо суръати худашон пеш бираванд, муаллимон ба ҳайси роҳнамо танҳо ба онҳо кумак мекунанд.
  • Дар тарҳи интихобӣ хонандагон бештари дарсҳояшонро тариқи омӯзиши рӯ дар рӯ дарёфт мекунанд, аммо як ё ду дарс комилан онлайнӣ аст.
  • Дар тарҳи маҷозӣ хонандагон бештар кори синфро онлайн анҷом медиҳанд, аммо чандин ҷаласаи синфии рӯ дар рӯ низ доранд.

Дар ин бахш таҳияи дарсеро, ки аз муҳити омӯзиши омехта бармеояд, баррасӣ мекунем.

Барномаҳои омӯзиши омехта

Барномаҳои зиёде ҳастанд, ки муаллимон метавонанд, барои пуштибонӣ аз муҳити омӯзиши омехта ба кор баранд. Яке аз барномаҳо рӯ овардан ба омӯзиши видеоӣ ё дарки сафҳаи намоиш аст. Дар ин ҳолат шумо пеш аз ширкати хонандагон дар ҷаласаи синф рӯ дар рӯ видеои пайваста ё филми кӯтоҳе дар бораи мазмуну муҳтавои дарс ирсол мекунед. Ин филм метавонад, хонандагонро бо номи мавзуъ ошно кунад ва бархе мафҳумҳои аслиро фаҳмонад. Ҳангоми истифода аз муҳтавои онлайн барои муаррифии матолиби дарсӣ нуктаи аслӣ он аст, ки корҳои рангоранг анҷом диҳед. Тамошои рӯзонаи видеоӣ метавонад, сусттар бошад, пас, талош кунед, ки дастгоҳҳои мухталифе, монанди видео, дарки саҳифаи намоиши худатон, мурури веб-сайтҳо ё шабеҳсозиҳои онлайнро замима кунед.

Воситаи омӯзишии дигаре, ки метавонад, муфид бошад, блогҳои донишомӯзӣ аст. Мулзам кардани хонандагон барои навиштани блог дар бораи таҷрибаашон аз мазмуну муҳтавои дарс ба онҳо кумак мекунад, то дар бораи омӯзиши амиқтар андеша кунанд. Аз он ҷо, ки хонандагон навиштаҳои ҳамдигарро мехонанд ва барои ҳам тавзеҳ ва ёддошт менависанд, блогҳо ба хонандагон низ кумак мекунанд, ки бо ҳамдигар робита барқарор намоянд. Хонандагон дар бораи масоили мухталифе метавонанд блогнависӣ кунанд. Чунончи:

  • муҳтавои дарси хосеро, ки ба назарашон ҷолиб аст;
  • мавзуъҳои ҷадиде, ки мехоҳанд, бар асоси муҳтавои дарс дар бораашон пажуҳиш анҷом диҳанд;
  • пешрафти нақшаҳои дарсиашон;
  • мулоҳизоташон аз рӯйи пешрафти худашон дар дарс.

Технология сабаб шудааст, ки саҳифаҳои баҳс низ такомул пайдо кунанд. Пас аз итмоми дарси рӯ дар рӯ муаллимон метавонанд, баҳси синфро бо истифода аз сафҳаи баҳс ба таври онлайнӣ идома диҳанд. Барои хонандагоне, ки шояд барои ширкат дар баҳс шубҳа дошта бошанд, ё касоне, ки замони бештаре ба онҳо лозим аст, то баъд аз синф фикрашонро ба як самт равон кунанд, сафаҳоти баҳсии онлайн муфид аст.

Билохира, дастгирии онлайнӣ хонандагонро ташвиқ мекунад, ки бо истифода аз воситаҳои вобаста ба интернет, бо ҳамдигар лоиҳаҳо таҳия кунанд. Ин воситаҳо метавонанд, ба донишомӯзон иҷоза диҳанд, то навиштҳояшонро дар ихтиёри ҳам бигузоранд, пажуҳишеро барои гурӯҳи баҳс ирсол намоянд ва ё дар конфронси видеоии онлайн ширкат карда, лоиҳае таҳия созанд.

Муҳаррам ОҚОЗОДА,
мушовири байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *