БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР МАВЗУИ «РАФТИ АМАЛИШАВИИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ»

19 июни соли 2025 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари машварати дастурдиҳӣ дар мавзуи «Рафти амалишавии низоми кредитии таҳсилот» баргузор гардид.
Семинарро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Хуршед Амирхонзода ифтитоҳ намуда, дар оғози суханронии худ аз ташкили чунин чорабинии муҳими илмӣ-амалӣ истиқбол намуд. Номбурда иброз доштанд, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот яке аз марҳилаҳои калидӣ дар рушди низоми миллии маориф маҳсуб ёфта, он ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилоти олии кишвар ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ нақши муассир дорад.
Хуршед Амирхонзода таъкид намуданд, ки татбиқи пурраи низоми кредитӣ имконият фароҳам меорад, ки раванди таълим бештар ба донишҷӯён нигаронида шуда, онҳо дар интихоби фанҳо ва идоракунии ҷараёни таҳсил нақши фаъолтар дошта бошанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ Насим Зарифзода баромад намуда қайд намуданд, ки низоми кредитӣ заминаи муҳими рушди таълим дар шароити муосир буда, татбиқи ин низом ба такмили мазмуни таҳсилот ва болоравии сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар идомаи семинар, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҳияи нақшаҳои таълимӣ, баҳодиҳии дониш, омодасозии кадрҳо ва мушкилоти амалии татбиқи низомро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, таҷрибаи донишгоҳҳо мавриди таҳлил қарор гирифт ва таклифу тавсияҳои муфид пешниҳод шуданд.
Семинар бо қабули қарорҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи низоми кредитӣ ҷамъбаст гардид.