СЕМИНАРИ-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА «ТАҲИЯИ ИНДИКАТОРҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРОИ ҲАМАИ ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТ»

26 июни соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ оид ба «Таҳияи индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Нахуст, семинарро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳаммияти таҳияи индикаторҳои илмӣ ва меъёрии арзёбии сифати таҳсилот дар ҳама зинаҳои таҳсил суханронӣ намуд. Зимни баромади худ мавсуф таъкид кард, ки индикаторҳои муътамад ва воқеъбинона яке аз абзорҳои муҳими таҳлил ва ташхиси вазъи низоми таълим ба шумор рафта, барои беҳтарсозии сиёсати маориф ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамоянд.
Шавкат Каримзода ҳамзамон иброз дошт, ки дар раванди таҳияи индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот бояд омилҳое чун хусусиятҳои миллии таҳсилот, муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва сатҳи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳамаҷониба ба инобат гирифта шаванд.
Дар идомаи семинар сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Холиқзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки масъалаи таҳияи индикаторҳои дақиқ ва қобили санҷиши арзёбии сифати таҳсилот дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Қайд карда шуд, ки чунин индикаторҳо метавонанд ҳамчун воситаи муҳими таҳлили самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва муайянсозии сатҳи дониш, маҳорат ва салоҳиятҳои хонандагон хизмат намоянд.
Айниддин Холиқзода дар идомаи суханронии худ таъкид намуд, ки татбиқи низоми устувори арзёбӣ ва мониторинги пайвастаи сифати таҳсилот метавонад шароити мусоид барои таҳлили амиқи вазъи таълим ва қабули қарорҳои асоснок дар соҳаи маориф фароҳам оварад. Ӯ инчунин ба муҳим будани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар самти таҳия ва истифодаи индикаторҳои арзёбӣ ишора кард, ки он метавонад ба баланд гардидани самаранокии сиёсати таълим мусоидат намояд.
Дар идомаи семинар иштирокчиён оид ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба таҳияи индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот, меъёрҳои таҳлилӣ, принсипҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи миллии татбиқи чунин усулҳо мубодилаи афкор намуданд. Зимни муҳокимаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои муҳиме баён гардиданд, ки метавонанд заминаи илмӣ ва амалии таҳия ва татбиқи низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот гарданд.
Семинар дар фазои ҳамфикрӣ ва муҳокимаи созанда баргузор гардида, иштирокчиён зарурати таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, роҳнамоҳо ва такмили методологияи арзёбии сифати таҳсилотро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилот таъкид карданд.