11 июли соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои методӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода, директори Пӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, директори Муассисаи нашрияи «Маориф Комилшо Исозода», ва кулли кормандони Марказ иштирок намуданд.
Дар оғоз ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода саҳми Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳия, татбиқ ва такмили барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон муҳим арзёбӣ намуда изҳор дошт, ки фаъолияти пайвастаи Марказ дар рушди низоми таҳсилоти миллӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир нақши калидӣ дорад.
Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм оид ба масъалаҳои таҷдиди назар намудани барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, санадҳои стратегӣ ва Барномаҳои давлатии соҳаи маориф, инчунин ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-холагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки ин иқдомҳо бояд дар заминаи таҳлили амиқи вазъи кунунӣ, мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир, бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили касбии омӯзгорон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия амалӣ карда шаванд.
Дар ҷараёни кори Шурои методӣ, тибқи нақшаи пешбинишуда, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Марказ Бой Нодиров «Оид ба натиҷагирӣ аз рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» баромад намуданд. Дар маърӯза натиҷаҳои таҳлилии раванди аттестатсия, мушкилоти муайяншуда, сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва тавсияҳо ҷиҳати такмили низоми баҳогузорӣ ва сифати таҳсилот муфассал мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласаи Шурои методӣ муовини якуми вазири маориф ва илм муҳтарам Ҳомид Ҳошимзода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешниҳодҳо ва тавсияҳои судманди методӣ ироа намуданд.
Муҳтарам Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судманд миёни Марказ ва сохторҳои маҳаллии соҳаи маориф зарур аст, механизмҳои равшани ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи таҷриба ва пайгирии иҷрои дастурҳои методӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Ҳамчунин изҳор карда шуд, ки истифодаи имкониятҳои рақамӣ, гузаронидани омӯзишҳои мунтазам барои кормандони шуъбаҳои маориф, таҳлили натиҷаҳои мониторинг ва арзёбиҳои таълимӣ, ва такмили методикаи таҳияи маводҳои таълимӣ бояд дар меҳвари фаъолияти Марказ қарор дошта бошанд. Иҷрои ин тавсияҳо ба густариши низоми ягонаи методӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар миқёси ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj