4 августи соли 2025 дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея омӯзишҳои байналмилалии “KLIC LEAD Global Workshop 2025” ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар омӯзгор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Омӯзиши мазкур дар доираи татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сеҷонг, ки санаи 24 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, роҳандозӣ гардид.
Мақсади асосии ин ҳамкорӣ тақвияти иқтидори касбии омӯзгорон дар самти таҳсилоти рақамӣ, барномасозӣ, EduTech ва шиносоӣ бо зеҳни сунъӣ (AI) мебошад. Барномаи омӯзиш инчунин, боздид аз муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва муҳити рақамии таълимии Кореяро фаро мегирад.
Маросими ифтитоҳ бо ширкати намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Онҳо аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Корея барои фароҳам овардани чунин шароити мусоид изҳори сипос баён намуданд.
Ин ҳамкории нав ба омӯзгорони тоҷик имкон фароҳам меорад, ки бо таҷрибаи муосири кишварҳои пешрафта шинос шуда, донишҳои андӯхтаашонро дар рушди муҳити таълимии мактабҳои Тоҷикистон татбиқ намоянд. Омӯзиши мазкур қадами аввалин дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум мебошад.
Дар доираи ин ҳамкорӣ, ҷонибҳо инчунин ният доранд, ки дар самти таҳияи маводи таълимии муштарак, гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалӣ ва мубодилаи мунтазами омӯзгорон фаъолияти муштаракро густариш диҳанд.
Бояд гуфт, ин иқдом на танҳо ба баландбардории сифати таҳсилот мусоидат менамояд, ҳамзамон дар ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистону Корея нақши муассир хоҳад гузошт.


