6 августи соли 2025, бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии минтақавӣ барои мушовирони синфҳои ибтидоии шуъбаҳои маорифи шаҳрҳу ноҳияҳои Ҳисор Турсунзода Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ таҳти унвони мавзӯи «Татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муассисаи таълимӣ барои солҳои 2025–2026» баргузор гардид.
Зимни баргузории семинар иштирокчиён ба муҳокимаи паҳлӯҳои муҳими марбут ба татбиқи пурмаҳсули барномаи мазкур ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба мазмун ва вазифаҳои асосии барнома, нақши калидии омӯзгорону мушовирон дар фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим барои кӯдакони синфи якум, тарзи таҳияи нақшаҳои инфиродии мутобиқшавӣ ва роҳҳои амалигардонии он баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни семинар дар гурӯҳҳои корӣ фаъолона ширкат варзида, нақшаҳои амалӣ ва тавсияҳои методӣ таҳия намуданд, ки ҳадафи онҳо таҳкими заминаҳои равонӣ ва иҷтимоии кӯдакон дар раванди оғози таҳсил мебошад. Мавридҳои ҷолиби таҷрибаи муассисаҳои таълимии алоҳида таҳлил ва маводи таълимӣ-методӣ муаррифӣ гардида, мубодилаи афкор ва таҷриба миёни иштирокдорон баргузор шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ, аҳаммияти ҳамкории самаранок миёни омӯзгорон, волидон ва сохторҳои масъул таъкид гардид. Иштирокчиён зарурати дастгирии рӯҳиву равонӣ ва ташкили муҳити амну бехатарро барои хонандагони синфи якум ҳамчун омилҳои асосии мутобиқшавии бомуваффақият махсус зикр намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj