Маҷаллаи «Аёният»

Маҷаллаи «Аёният» — замимаи таълимӣ ва методии маҷаллаи «Масъалаҳои методикаи таълим» ба шумор меравад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ”-и назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам нашр мегардад.

Мақсади асосии маҷаллаи «Аёният» таҳия ва пешниҳоди маводи аёниву визуалии таълимӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани самаранокии таълим ва тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот мусоидат мекунад.

Маҷалла дар формати A4, бо ҳаҷми 32 саҳифа ва тарҳи ранга омода ва нашр мегардад. Он воситаҳои муосири таълимиро ба таври визуалӣ инъикос намуда, ба омӯзгорон, мутахассисони соҳаи методика ва хонандагону донишҷӯён имконият медиҳад, ки мавзӯъҳои таълимиро бо роҳҳои шавқовару таъсирбахш аз худ намоянд.

«Аёният» ҳамчун воситаи ёрирасони методӣ барои тарғибу татбиқи равишҳои инноватсионии омӯзиш, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва аёният дар дарсҳо хидмат мекунад. Инчунин, он ба рушди фикри эҷодӣ, дарки визуалӣ ва қобилияти таҳлилии хонандагон мусоидат менамояд.

Маҷаллаи «Аёният» ба унвони як манбаи зарурии аёнӣ дар муҳити таълимӣ, ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фарҳанги дидактикии муассисаҳои таҳсилотӣ саҳми арзанда мегузорад.

№1 декабри 2024
№1 Январи 2025
№2 Феврали 2025