Thursday, November 21, 2024

Маҷаллаи “Омӯзгори муосир”

Маҷаллаи «Омӯзгори муосир» нашрияи таълимӣ, методӣ ва оммавии Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Душанбе мебошад. Муассиси нашрия Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе аст.

Мақсади асосии Нашрия ба роҳ мондани чопи доимӣ ва мунтазами маҷалла (дар як сол 4 шумора (дар ҳаҷми 64 саҳифа) ё вобаста ба имконот то 6 шумора (дар ҳаҷми 50 саҳифа) ба андозаи коғази А 4 ё ин ки 62х84 1/8) ва ба ин васила мусоидат кардан ба тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, усулҳои нави таълиму тарбия, татбиқи босамари муносибати босалоҳият ба таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ ҷиҳати ноил шудан ба сатҳи баланд ва сифати таҳсилот бо истифода аз принсипҳои муосири дидактикӣ, технологияҳои инноватсионӣ, равишҳои методӣ ва методологӣ, рушди бештари илмҳои педагогика, равоншиносӣ, фаъолияти пурсамари аҳли маориф, баланд бардоштани сифати корҳои таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, рушди маърифату маънавияти бештари аҳли ҷомеа, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ, ваҳдат ва ягонагии мардуми кишвар мебошад.

2024

№2
№3
№4