23 апрели соли 2025 дар Маркази ҷумҳурияии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» мизи мудаввар таҳти уновни «Арбобони илми тоҷик: аз гузашта то имрӯз» гузаронида шуд.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии таълмию методӣ, Хуршед Амирхонзода суханрони намуда қайд намуданд, ки арбобони илмии тоҷик дар тӯли таърих бо саҳми назарраси худ дар рушди илму маърифат, ташаккули тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии ҷомеа, инчунин дар густариши фарҳангу тамаддуни миллӣ нақши барҷаста бозидаанд.
Онҳо бо заҳмату талоши пайвастаи худ тавонистанд заминаҳои устувори илмиро барои наслҳои оянда муҳайё намуда, дар баробари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисос, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва нашри осори арзишманд саҳми босазо гузоранд.
Таъкид карда шуд, ки омӯзиш ва арзёбии таҷрибаи ғании илмии ин шахсиятҳо имкон медиҳад, то мо аз таҷрибаи арзишманди онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни илм истифода бурда, эҳтирому шинохти арбобони илмию фарҳангиро дар ҷомеа бештар намоем. Онҳо ҳамчун сарчашмаи ифтихор ва намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу фардо хизмат мекунанд ва рисолати ҳар як омӯзгор, муҳаққиқ ва муассисаи таълимӣ мебошад, ки ин мероси маънавиро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Дар идомаи мизи мудаввар, тибқи барномаи пешбинишуда, кормандони Марказ — Ғуломова Ҳоҷибибӣ, Ҳайдаров Бурӣ ва Юсуфов Солеҳ — бо маърӯзаҳои худ дар мавзӯъҳои «Нақши забони тоҷикӣ дар интиқоли дониш ва илм», «Нақши илму дониш дар ҷаҳони муосир» ва «Нақши илм дар рушди ҷомеа» баромад намуда, таъкид карданд, ки забон, дониш ва таҳқиқот аз омилҳои асосии пешрафти ҳар як кишвар ба ҳисоб мераванд.
Ғуломова Ҳоҷибибӣ дар суханрониаш изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим то ба имрӯз воситаи муҳим барои интиқоли дониш, таҷриба ва арзишҳои фарҳангӣ будааст. Маҳз бо истифодаи ин забон осори илмии бузургон ба монанди Абӯалӣ ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ ба миён омадаанд, ки арзиши ҷаҳонӣ касб кардаанд.
Ҳайдаров Бурӣ, дар навбати худ, доир ба нақши илму дониш дар ҷаҳони имрӯз баромад карда, иброз намуд, ки дар замони нав, ки технологияҳо бо суръати баланд рушд мекунанд, дониш мавқеи калидиро ишғол менамояд. Қайд карда шуд, ки пешбурди маориф ва ташвиқи таҳсилот роҳи боэътимоди расидан ба пешрафт ва суботи иҷтимоӣ мебошад.
Юсуфов Солеҳ дар мавзуи «Нақши илм дар рушди ҷомеа» андешаронӣ намуда, зикр кард, ки пешрафти соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва иҷтимо бо такя ба дастовардҳои илмӣ амалӣ мегардад. Қайд карда шуд, ки таҳкими ҳамкории байни муҳаққиқон ва бахшҳои амалӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои таҳқиқотро дар ҳаёти воқеӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, иштирокчиён андешаҳояшонро баён намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро барои тарғиби арзишҳои илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушду густариши забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба шахсиятҳои илмии миллӣ ва омӯзиши саҳми онҳо дар пешрафти илму маориф на танҳо як амали илмӣ, балки як рисолати ватандӯстона мебошад. Қабули қарорҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, таҳияи маводи таълимӣ дар асоси мероси илмии ниёгон ва ташкили чорабиниҳои минбаъда бо ин мазмун, аз ҷумлаи пешниҳодоти муҳими иштирокдорон буданд.
Бо ҳамин мизи мудаввар дар фазои озод ва мубодилаи созандаи афкор ҷамъбаст гардид.