РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ СИФАТИ БАЛАНД ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТАҲСИЛОТ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ СИФАТИ БАЛАНД ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТАҲСИЛОТ18 сентябри соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Д.И. Менделееви шаҳри Турсунзода семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф” баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода иштирок доштанд. Ҳадафи асосии семинар омӯзиши истифодаи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии маълумот дар муассисаҳои таълимӣ буд.Ин семинар оғози марҳилаи нави татбиқи амалӣ ва пилотии ин система дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода ба шумор меравад.Чорабинӣ дар фазои корӣ ва созанда баргузор шуда, иштирокчиён дониши худро дар самти истифодаи технологияҳои муосири идоракунии соҳаи маориф тақвият бахшиданд.