Давоми рӯҳҳои 1-5 апрели соли 2025, дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯъҳои муҳими таълимӣ гузаронида шуд. Ин семинарҳо бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва такмили малакаҳои касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар ташкил гардид.
Семинарҳо дар мавзӯъҳои гуногуни таълимӣ гузаронида шуда, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони соҳа дар мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла «Таҳияи нақшаҳои тақвимӣ», «Нақшаҳои як соатаи дарс», «Ташкили раванди таълим», «Итифодаи васитаҳои айёнӣ ва техникӣ дар дарс», «Истифодаи усулҳои таълим», «Самаранокӣ ва дастрасии онҳо» «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Анҷоми соли хониш» гузаронида шуд.
Ин семинарҳо тавассути машваратҳо ва муҳокимаҳое, ки ба амалӣ кардани усулҳои навини таълим ва таҳкими донишҳои омӯзгорон вобаста буданд, сурат гирифтанд. Ҳамчунин, баррасии самаранокии истифодаи манбаъҳои таълимӣ ва таърифҳои ҷадид дар таълимот ва барномаҳои таълимии ҷорӣ дар мактабҳо низ аз мавзӯъҳои муҳими семинарҳо буданд.
Семинарҳо бо натиҷаҳои мусбат ва тавсияҳо барои амалӣ кардани усулҳои муосир дар таълим ва таҳкими малакаҳои методии омӯзгорон ба анҷом расиданд. Дар охири ҳар як семинар, иштирокчиён тавсияҳои амиқ ва амалии худро дар бораи истифодаи усулҳои навин ва стратегияи таълим дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ ифода намуданд.
Семинар-машварати дастурдиҳӣ, ки дар давоми рӯзҳои 1-5 апрели соли 2025 гузаронида шуд, бо мақсади такмили малакаи касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ташкил шуд. Натиҷаҳои семинар нишон дод, ки чунин тадбирҳо барои беҳтар кардани сифати таълим ва мусоидат ба рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон аҳамияти калони стратегӣ доранд.