БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАСТУРДИҲӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ТАРТИБИ РОҲАНДОЗИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ» ВА «ТАРТИБИ РОҲАНДОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ» ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
18 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади расонидани кӯмаки методӣ дар самти тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тартиби роҳандозии фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, меъёрҳо ва марҳилаҳои ташкили таҷрибаомӯзии педагогӣ барои донишҷӯён, муҳимияти истифодаи методикаҳои замонавӣ дар таълими фосилавӣ, тарзи ташкил ва идоракунии ҷараёни таҳсилоти фосилавӣ, семинар-машварати дастурдиҳӣ бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорони масъул ва намояндагони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва таҳсилоти фосилавӣ зери унвонҳои «Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва «Тартиби роҳандозии фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» гузаронида шуд.
Семинарро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Хуршед Амирхонзода ифтитоҳ намуда, доир ба мавзӯи «Тартиби роҳандозии фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуданд. Ҳангоми баромади худ Хуршед Амирхонзода таъкид намуданд, ки таҳсилоти фосилавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти олӣ маҳсуб ёфта, дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва рақамисозии ҷараёнҳои таълимӣ имконият медиҳад, то сифати таълим беҳтар гардида, дастрасии фарогир ба маълумоти олӣ таъмин шавад. Инчунин зикр шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд дар баробари ташкили инфрасохтори зарурӣ, инчунин ба сатҳи касбии омӯзгорон ва таҳияи барномаҳои мутобиқ ба муҳити рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Дар ҷараёни семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдидипломӣ)-и Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Насим Зарифзода дар мавзӯи «Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуда, ибрози ақида намуданд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) барои омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва рақобатпазир хеле муҳим мебошад. Таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) воситаи асосии пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия ба шумор меравад.Таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулияти касбӣ мусоидат карда, донишҷӯёнро ба муҳити касбии худ омода месозад. Ҳамзамон, дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён имконият меёбанд, ки қобилияту дониши худро озмоянд ва таҷрибаи амалӣ андӯзанд.
Таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) дар заминаи талаботи стандартҳои таҳсилоти олӣ ва сиёсати соҳаи маориф аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) як қисми ҳатмии таълим буда, бе он хатми муассисаи таҳсилоти олӣ ғайриимкон аст. Таъмини тартибу низоми дурусти роҳандозии он ба сифати омодасозии мутахассисони соҳаи маориф таъсири мусбат мерасонад.
Семинар-машварат дар фазои корӣ ва ҳамандешӣ баргузор гардида, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои судманд сурат гирифт.
Иштирокчиён бо мазмуну муҳтавои мавзуъҳо, меъёрҳои амалкунанда ва усулҳои муассири ташкили таҷрибаомӯзии педагогӣ ва тартиби роҳандозии фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ шинос гардида, тавсияҳои зарурӣ дар самти такмили раванди таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаи маориф баён намуданд.




