ПОЙТАХТ-РАМЗИ БЕДОРӢ ВА РУШДУ НУМӮИ ВАТАН

Пойтахти ҳар як кишвар ҳамчун нишонаи бедорӣ, худшиносӣ ва тараққиёти миллӣ шинохта мешавад. Он на танҳо маркази маъмурӣ, балки мақоми муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодӣ дорад. Маҳз дар ҳамин ҷо равандҳои муҳими кишвардорӣ оғоз ёфта, барои рушди устувори ҷомеа замина мегузоранд.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин радиф мавқеи намоён ва хосса дорад. Ин маркази муҳими ҷумҳурӣ, махсусан дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, ба шаҳре бо чеҳраи нав, инфрасохтори муосир ва фазои созандаи фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз, бо боварии комил метавон гуфт, ки пойтахт — ин симои бедории миллӣ ва роҳнамои рушди устувори кишвар мебошад. Ин шаҳр бо рӯҳи худ мардумро ба ваҳдату якпорчагӣ, созандагиву ободкорӣ ва ифтихори ватандорӣ раҳнамун месозад.
Бодарназардошти нақши калидии пойтахт дар ҳаёти кишвар, рушду пешрафти он нишондиҳандаи воқеии сатҳи умумии тараққиёти давлат ба ҳисоб меравад. Тағйирот ва пешравиҳои он бе шубҳа ба тамоми гӯшаву канори кишвар таъсир гузошта, дигар минтақаҳоро низ ба сӯи пешрафт раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамзамон, пойтахт омили муттаҳидкунандаи миллат аст. Дар он анъанаҳои неки ниёгон бо навоварии муосир тавъам шуда, симои шаҳрсозии миллӣ бо замонавият пайванд ёфтааст.
Ин шаҳри таърихӣ ҳоло ҳамчун намоди тамаддуни тоҷикон ва бисотгоҳи меҳру муҳаббат, ҳунар ва созандагӣ шинохта мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамеша бо маҳорати шаҳрсозӣ, фарҳангдӯстӣ ва бунёдкории худ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Ин анъанаҳои бузург имрӯз низ дар симои пойтахти муосири мо эҳё гардидаанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки имрӯз ин шаҳр — ифтихори хурду бузурги миллат аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд:
«Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст медорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки миллати тамаддунсозу шаҳрсоз ва фарҳангӣ ҳастем.»
Ин суханон даъватест барои ҳар як шаҳрванди худогоҳ, ки дар рушди ин маркази муҳими миллӣ саҳмгузор бошад.
Хушбахтона, имрӯзҳо бо наздик шудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, дар тамоми гӯшаву канори пойтахт корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома доранд.
Шаҳр бо иншооти нав, роҳҳои барҳаво, боғҳои зебо ва биноҳои фарҳангиву варзишӣ рӯз аз рӯз симои тоза мегирад.
Ин ҳама пешравиҳо далели равшани онанд, ки пойтахти Тоҷикистон — на танҳо як шаҳри марказӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ ва раҳнамои фардои дурахшони кишвар мебошад.
Мунис Улфатов -мудири шуъбаи ТИК-и
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ