РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИМСОЛ БА 19 АПРЕЛ РОСТ ОМАД
ДУШАНБЕ - ШАҲРЕ БО ТАЪРИХИ ҚАДИМ

“Рӯзи пойтахт”, дар шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 19 апрел рост омад.
Дар ин рӯз дар чор ноҳияи шаҳр базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор шуданд. Ҳамчунин озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе ва озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебои минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи саёҳон мегардад.
Ҳар шаҳр таърихи худро дорад. Мо шаҳрҳои бостониеро медонем, ки бо таърихи рангини пешинаи худ, имрӯз ҳам ободу замонавӣ ҳастанд. Сол ба сол зебо шудани Душанбе – пойтахти Ватани азизамон Душанберо дида, фахр мекунем. Аммо ин ободиҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шаҳри мо насиб гардид, дар баробари таърихи якасраи шаҳр, гузаштаи аз назарҳо дур, вале дар саҳифаҳои таърих сабтшударо дорад.
Ошноӣ бо саргузашту таърихи шаҳр меҳри ҳар як тоҷикистониро ба пойтахти азизамон афзун намуда, ҳидоят ба он мекунад, ки ба қадри заҳматҳои Сарвари кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бирасем. Чунки тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд:
“шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”.
Аз сӯйи омӯзгорон ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавзеҳ додани ин сана муҳим аст. Омӯзгор барои тавзеҳи ин мавзуъ худ бояд омода бошад, то вақти суҳбат бо шогирдон таърихи рангини шаҳрро ба шакли ҷолиб нақл карда тавонад.
Агар омӯзгорони мо дар баробари ошноӣ доштан бо таърихи садаи ахири Душанбе, ба гузаштаи он ҳам руҷуъ кунанд, нақли онҳо барои шунавандагон боз ҳам ҷолибтар садо хоҳад дод.
Хушбахтона, воситаҳои рақамӣ ва электоронии муосир, ки дар шабакаҳои пайваст бо манбаъҳои интернетӣ кори омӯзгоронро хеле осон мекунад. Барои ин омӯзгор худ бояд бо сарчашмаҳои электронӣ хуб шинос ва бо маводи нашршуда дар сайтҳои электронӣ дар баробари манбаъҳои чопӣ, ба монанди китобу буклет ва рисолаҳои таърихӣ дар сатҳи лозим бояд ошно бошад.
Нақли омӯзгорро сурат ва наворҳои таърихӣ метавонад, пурра кунад.
Ба ин тартиб, як суҳбати хеле пурмуҳтаворо таҳия ва бо истифода аз тахтаи электронӣ пешкаши хонандагон кардан мумкин аст. Агар чунин имкон вуҷуд надошта бошад, бо корбарӣ аз дигар воситаҳои техникӣ слайдҳои таърихиро метавон барои иштирокчиёни наврас ба намоиш гузошт.
Майдони “Дӯстӣ”. Маркази Душанбе, соли 1924. Матни суҳбатро хеле сода ва бо баёни таърихи нави Душанбе оғоз намуда, хонандагонро ба замони таъсиси Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ба сайри таърихӣ метавон бурд. Дар октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шуравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии ҳанӯз мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон таъсис ёфт, Душанбе ҳамчун маркази Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. Аз соли 2017 муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе буда, раванди эҳёи босуръат, ободонӣ ва сарсабзии шаҳр бештар маҳз ба ҳамин давра рост омад.
Таърихи Душанберо аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар маҳдудаи Душанбеи имрӯза гувоҳи он аст, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асрҳои 1-3–и мелодӣ, яъне дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастӣ кардааст. Аммо аввалин бор исми маҳаллаи Душанбе дар манбаъҳои хаттии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.
Муаллифи яке аз ин маъхазҳо навиштааст, ки Душанбе дар чорсӯ (чорроҳа)-и бузурги корвонгузар воқеъ буда, ҳар рӯзи душанбе дар онҷо бозор баргузор мешавад ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст”. Душанбе дар он замон деҳкадае иборат аз 500 ҳавлӣ (буна, хоҷагӣ) ва тақирбан 8000 аҳолӣ буд. Дар як маъхази дигари таърихи навишташ соли 1826, низ исми ин маҳал ҳамчун Душанбе-Қалъа зикр шудааст.
Сталинобод, соли 1955. Майдони ба номи С. Айнӣ дар ҳамон солҳо.
Бори аввал исми Душанбе дар харитае, ки соли 1875 таҳия гардида буд, сабт шуда ва ҷолиб аст, ки дар ин харита номи Душанберо аз номи шаҳри Термиз бо ҳарфҳои калонтар навиштаанд. Аз илми география ба мо маълум аст, ки андозаи ҳарфҳо дар сабти номи маҳалҳо вобаста ба нуфузу аҳолии маҳалҳо ишора мекунанд. Ин харитаи дар асри 19 таҳияшуда, як маълумоти муътамади таърихӣ дар бораи шаҳраки Душанбе аст. Дар он давр ин шаҳр, ки бо қалъае дар болооби соҳили рӯди Душанбе машҳур буд, бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд.
Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу кори сокинонаш тақсим буданд, ки дар солҳои аввали пас аз эҳёи дуборааш дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ҳам бо номҳои Сариосиё, Шашхона, Калъаи Миршикор маълум буданд. Душанбе, маркази ҳаёти иҷтимоӣ дорои корвонсарой буд. Дар таърихи он замон аз мавҷудияти 14 масҷиду мактабҳо ва ду мадраса ҳам сухан меравад.
Аммо ба андешаи донишманди таърих Абдулло Ғафуров: “Тадқиқоти бостоншиносӣ собит сохтаанд, ки ҳанӯз аз замони неолит ҳудуди водии Ҳисор бошишгоҳи одамони ибтидоӣ буда, дар давраҳои минбаъда низ дар ин ҷо одамон мезистаанд. То давраи дар сарчашмаҳои хаттӣ дарҷ ёфтани шаҳри Душанбе дар он одамон зиндагӣ карда, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр маҳаллаҳои зиёди шаҳрмонанд вуҷуд доштаанд. Қабатҳои фарҳангии бостоншиносон пайдонамуда ва маводи нумизматикӣ гувоҳи онанд, ки дар замони салтанати давлати Юнону Бохтар, Кушониёну Сомониён Душанбе маскани аҷдодони мо будааст.
Номи Душанбе бори аввал дар мактуби хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи рус Федор Алексеевич ёд мешавад. Ин мактуб имкон медиҳад, ки бо дарназардошти қонунҳои илми таърих шаҳри Душанберо дорои таърихи 400-сола гӯем.”
Ӯ таърихи шаҳрро тавзеҳ дода, меафзояд: “Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор тобеи аморати Бухоро шуд. Шаҳри имрӯзаи Душанбе дар охири асри XIX аз деҳаҳои Душанбе, Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Мири Шикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Қаримишкор, Чармгарон ва Заргар иборат буд. Деҳаи калонтарин – Душанбе бештар аз 500 ҳавлӣ дошта, дар он 6-8 ҳазор одам мезист.”
Дар замоне ки Душанбе тобеи аморати Бухоро буд, соли 1920 амири охирини Бухоро Олимхон барои наҷот аз таъқиби неруҳои Артиши сурх ба ин маҳал фирор карда, дар қалъаи воқеъ дар канори рӯди Душанбе (ҳоло маҳали Осорхонаи миллӣ) паноҳ бурда бошад ҳам, дер наистода, роҳашро давом дод ва ба хоки Афғонистон рафт. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо босмачиҳо ба раҳбари генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, аммо 14 июли ҳамон сол дастаҳои мусаллаҳи болшевикҳо дубора парчами сурхи Давлати Шуравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.
Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ва соли 1929, баъди мустақил шуданаш аз Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд.
Бинои Телевизиони “Сафина”. Соли 2025
Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола дар моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Ин сабаб дорад. Апрели соли 1927 Шурои комиссарони халқи ҶМШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард. 16 октябри соли 1929 ба эҳтироми Роҳбари давлати Шуравӣ И.В. Сталин номи шаҳри Душанбе тағйир ёфт ва то соли 1961 Сталинобод ном дошт. Дар шаҳр соли 1929 роҳи оҳан сохта шуд, ки Душанберо бо Тошкент ва пойтахти СССР — Москва пайваст. Ин дигаргунӣ заминаи рушди саноати бофандагӣ, электротехникӣ ва хӯрокворӣ, инчунин соҳаи мошинасозиро фароҳам кард.
Дар ин бахши суҳбат бамаврид хоҳад буд, агар бар асоси омор ва далелҳои фаровон аз заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кунем, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор километр роҳи оҳан вуҷуд дорад. Соли 2016 дар остонаи биступанҷумин солгарди ҷашни истиқлол дарозтарин қисмати он – роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, ки 132 километр дарозӣ дорад.
Пас аз бунёди ин қисмати роҳ ҳаҷми боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон афзуда, ҳамасола миллионҳо тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҳазорҳо нафар мусофирон дар дохили кишвар ва барои сафар ба хориҷ аз роҳи оҳан истифода мебаранд.
Душанбе пойтахти Тоҷикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад.
Шаҳри навбунёд дар солҳои 30-юми асри 20 босуръат рӯ ба ободӣ овард. Бинои аввалин дармонгоҳи тиббӣ соли 1936 сохта шуд. Соли 1938 бинои Комиссариати халқи хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон ва даҳҳо идораҳои дигари маъмурӣ, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардиданд.
Барои ҳаракат ба минтақаҳои шаҳри босуръат рушдёбанда ҳанӯз дар солҳои 1950-ум хатти ҳаракати троллейбус бунёд гардид. Душанбе пас аз Алмаато, Тошканд ва Бишкек чорумин шаҳри Осиёи Марказӣ ва пештар аз Ашқобод буд, ки ин навъи нақлиёти шаҳриро ба роҳ андохтанд.
Даҳҳо биноҳои нав бо сабки аврупоӣ сохта шуданд. Намунаҳое аз ин сохтмонҳоро имрӯз ҳам дар марказу гӯшаҳои шаҳр метавон дид. Шумораи чунин сохтмонҳо, ки нишонаи таърихии солҳои 30-50-ум асри гузашта буданд, ба сабаби тараққиёти васеъмиқёси даҳсолаи охир торафт кам мешавад. Ҷойи онҳоро биноҳои баландошёнаи замонавӣ гирифта, шаҳри моро боз ҳам зеботар намуда, Тоҷикистонро ба макони тавҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил додаанд.
Душанбе дар макони хуб ва барҳаво воқеъ аст. Сатҳи он дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон нисбатан ҳамвор буда, рӯди Варзоб аз байни он мегузарад, дар канори шарқӣ ва ҷанубии он оби рӯди Кофарниҳон ҷорист. Аз ҳисоби обу ҳавои дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит шаҳр микроиқлими нотакрор дошта, пойтахтро зебо ва руҳияи сокинону меҳмононашро ҳамеша болида нигоҳ медорад.
Аз сӯйи омӯзгор ё роҳабари синфҳо ташкили саёҳати гурӯҳи хонандагони хоҳишманд ба ҷойҳои таърихӣ ва гӯшаҳои навбунёду зебои шаҳрамон муҳим буда, таъсири тарбиявии суҳбатро бештар хоҳад кард.
Саидисҳоқ Бекмуҳаммадов-сармутахассиси шуъбаи ТИК-и
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ