БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ЗЕРИ УНВОНИ «НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
29 апрели соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кулли кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ бо мақсади таҳлили ҷорӣ намудани низоми баҳогузории нав, мазмун, моҳият ва зарурати гузариш ба «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», методологияи татбиқи он ва тавзеҳи ҷадвали тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баҳогузорӣ баргузор гардид.
Нахуст семинарро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки татбиқи низоми баҳогузории 10-хола як қадами муҳиму саривақтӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини шаффофият ва адолат дар раванди арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон, инчунин такмили фаъолияти омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Шавкат Каримзода зикр намуданд, ки гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар шароити тағйирёбии босуръати талаботи ҷаҳонӣ ва зарурати мутобиқсозии низоми таҳсилоти миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, барои таҳкими рақобатпазирии хатмкунандагон ва вусъати рушди касбу ихтисосҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани меъёрҳои дақиқу муайяни арзёбӣ, ки дар доираи ин низом ба роҳ монда мешаванд, ба баланд гардидани сатҳи таҳлили воқеии дониш ва фаъолияти эҷодии хонандагон замина фароҳам меорад.
Дар ҷарраёни семинар муовини аввали Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед ибори ақида намуда зикр намуданд, ки
Дар ҷараёни семинар муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-хола яке аз иқдомҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он на танҳо арзёбии воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон, балки такмили раванди таълим ва тақвияти фаъолияти омӯзгорон мебошад.
Дар идомаи семинар сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ-Нодиров Бой маъруза намуда, доир ба аҳамияти ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-хола, нақши он дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ибрози назар карданд.
Мавсуф таъкид доштанд, ки низоми нав ба омӯзгорон имконият фароҳам меорад, то фаъолияти таълимию тарбиявиро дақиқтар арзёбӣ намуда, сатҳи воқеии дониш ва малакаи шахсии ҳар як хонандаро муайян созанд. Ӯ зикр намуд, ки гузариш ба баҳогузории 10-хола ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир буда, дар маҷмӯъ ба таҳкими адолат, шаффофият ва объективият дар раванди таълим мусоидат менамояд.
Семинар бо рӯҳияи созанда ва ҳамкории судманд анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва ташаккули як низоми арзёбии муассири қобилиятҳои шахсии хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.










