БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО РОҲБАРОНИ ИТТИҲОДИЯҲОИ МЕТОДИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУҲОИ «НАҚШИ ХАДАМОТИ МЕТОДӢ ДАР РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО» ВА «РОҲУ УСУЛҲОИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ БО КӮДАКОНИ НОРАСОИҲОИ ШУНАВОИДОШТА»
29 апрели соли 2025 Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиистон семинар-машварати дастурдиҳӣ бо роҳбарони иттиҳодияҳои методии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар мавзуҳои «Нақши хадамоти методӣ дар рушди касбии омӯзгорони мактаб-интернатҳо» ва «Роҳу усулҳои корҳои ислоҳӣ бо кӯдакони норасоиҳои шунавоидошта» гузаронида шуд.
Семинарро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Каримзода Шавкат Карим, ифтитоҳ намуда, дар суханронии ифтитоҳии худ қайд намуданд, ки мақсади асосии баргузории чунин семинарҳо баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони мактаб-интернатҳо, такмили фаъолияти методӣ дар мактаб-интернатҳо, инчунин мутобиқ намудани усулҳои таълим ба талаботи кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо, барои кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ ва дигар маҳдудиятҳои равонӣ ва ҷисмонӣ ниёз ба усулҳои махсуси педагогӣ ва методӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд на танҳо ба донишҳои умумӣ, балки ба малакаҳои махсуси кор бо кӯдакони махсус эҳтиёҷманд низ муҷаҳҳаз бошанд.
Каримзода Шавкат Карим илова карданд, ки чунин семинарҳо на танҳо барои беҳтар кардани малакаҳои касбии омӯзгорон, балки барои мустаҳкам кардани робита байни марказҳои таълимӣ, мактаб-интернатҳо ва мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва педагогика низ мусоидат мекунанд.
Сипас, корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳайдаров Бӯрӣ, дар мавзӯи «Нақши хадамоти методӣ дар рушди касбии омӯзгорони мактаб-интернатҳо» баромад намуда, қайд карданд, ки «Нақши хадамоти методӣ дар рушди касбии омӯзгорон, махсусан омӯзгорони мактаб-интернатҳо, хеле муҳим аст. Муассисаҳои таълимии махсус ва мактаб-интернатҳо ба омӯзгорон ва мутахассисон талаботи махсуси педагогӣ доранд, ки барои ҷавобгӯӣ ба ин талаботҳо, омӯзгорон бояд бо усулҳои методии муосир ва технологияи таълимии навини педагогӣ ошно бошанд».
Ҳайдаров Бӯрӣ инчунин таъкид карданд, ки барои мутобиқ кардани усулҳои таълим ва талаботҳои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, омӯзгорон бояд на танҳо бо методологияи таълим, балки бо психологияи кӯдакон ва хусусиятҳои хоси онҳо низ шиносо бошанд. Ҳамчунин зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷоти кӯдакон ва кӯмак ба онҳо дар таҳсил дар шароити махсус барои ҳар як омӯзгор вазифаи муҳими педагогикӣ аст.
Инчунин, дар давоми семинар муовини директор оид ба корҳои таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ, Шодмонов Ш., дар мавзӯи «Роҳу усулҳои корҳои ислоҳӣ бо кӯдакони норасоиҳои шунавоидошта» баромад намуда, қайд карданд, ки Кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ ва дигар маҳдудиятҳои равонӣ ва ҷисмонӣ ба усулҳои махсуси таълим ва тарбия ниёз доранд.
Барои кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ муҳим аст, ки чорабиниҳои таълимӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва таъсирбахш гузаронида шаванд. Ин усулҳо ба такмили малакаи коммуникатсионӣ ва рушди онҳо дар соҳаи таълим кӯмак мекунанд. Баргузории сессияҳои махсус ва фаъолиятҳои муносиб барои кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки малакаҳои равонии худро тақвият бахшанд.
Дар анҷоми мубодилаи афкор сурат гирифта оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ибрози ақидаҳо карда шуда, ба иштирокчиён барои саҳми беандозаашон дар самти илму маориф изҳори минатдорӣ карда шуд.








