ТАТБИҚИ НИЗОМИ 10-ХОЛА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
30 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо таҳиягарони дастурҳои методӣ оид ба татбиқи низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор гардид.
Дар оғоз муовини вазир таъкид намуд, ки таҳкими сифати таҳсилот ва мутобиқ кардани он ба талаботи ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад ва ворид кардани низоми баҳогузории 10-хола як иқдоми муҳимми стратегӣ барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи хонандагон дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон муовини вазир қайд намуд, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Литва, Латвия ва Италия, қаблан татбиқ шудааст ва як таҷрибаи муваффақ ба шумор рафта, таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки ин низом ба рушди фикри мустақил ва қобилиятҳои амалии хонандагон кӯмак мерасонад.
Гуфта шуд, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ як ислоҳоти амиқи методологӣ ва педагогӣ дар раванди таълим мебошад ва имконият медиҳад, ки натиҷаҳои таълимии хонандагон бо дақиқии бештар ва ба таври таҳлилӣ арзёбӣ шаванд. Аз ҷониби дигар, низом имконият медиҳад, ки муҳити таълимии муассисаҳои таълимӣ мутобиқ ба хусусиятҳои инфиродии хонандагон барои беҳтар кардани ҷараёни таълим тарҳрезӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар озмоиши низоми 10-хола дар 140 муассисаи таълимӣ, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар интихоб шудаанд, ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои онро метавон мусбат арзёбӣ кард. Татбиқи низоми 10-хола дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон як қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф буда, ҷиҳати мутобиқ намудани маорифи миллӣ бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.






