ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚУ ТАБИАТШИНОСӢ: НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА
30 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040” баргузор гардид.
Ҷаласа бо мақсади таҳлили муфассали марҳалаи амалӣ гардидани ин иқдоми муҳим ва баррасии натиҷаву вазифаҳои минбаъда дар самти рушди фанҳои мазкур дар низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ роҳандозӣ гардид.
Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода дар суханронии худ таъкид кард, ки татбиқи пайгиронаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии сиёсати маориф буда, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими базаи моддию техникии омӯзиши фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос дар ин самтҳо вазифаи ҷонии сохторҳои марбута мебошад.
Дар идома, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, аз ҷумла, иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳияи маводи таълимӣ, дастури методӣ, баргузории семинару омӯзишҳо ва дигар тадбирҳои тақвиятбахш корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд. Номбурда инчунин ба зарурати боз ҳам фаъолтар гардидани ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор ва пайваста нигоҳ доштани рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муҳити таҳсил таъкид намуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ атрофи масъалаҳои марбут ба таъмини кадрҳо, такмили барномаҳои таълимӣ, таҷдиди методикаи омӯзиш ва ҳамкории муассисаҳо мубодилаи афкор анҷом дода, барои беҳтар намудани вазъи амалисозии ин иқдом пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илм минбаъд низ ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи ин барнома ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.





